баррасии парвандаи ҷиноят 30.09.2024
Санаи 30-уми сентябри соли 2024 парвандаи ҷиноятӣ таҳти раисикунанда судяи Суди ВМКБ Абдуғафорӣ А нисбати Мириализода М.М. дар содир кардани ҷиноят бо моддаи 307 илова 1 қисми 2, (Даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва сафедкунии оммавии экстремизм; ҳамин кирдор, агар бо истифода аз воситањои ахбори омма ё шабакаи интернет содир шуда бошад), 307 илова 3 қисми 2 (Ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ); Иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ ё дигар ташкилоте, ки нисбати он аз ҷониби суд қарори эътибори қонунӣ пайдокарда дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташ бинобар сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ қабул шудааст, инчунин мусоидат кардан ба фаъолияти онҳо бо истифода аз воситаҳои ахбори омма, шабакаи интернет ва ё ба тарзи дигар) ва 32 қисми 1-401 илова 1 ( Ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванд дар воҳиди мусаллањ, задухўрди мусаллањона ё амалиёти љангї дар њудуди дигар давлатњо) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дод.
Судшаванда бо моддаҳои дар боло зикргардида, гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ дар маҷмӯ бо роҳи қисман замъ кардани ҷазоҳо ҷазои ниҳои дар намуди маҳрум сохӣан озодӣ ба муҳлати муайян таъин карда шуд.