ТЕРРОРИСТ «ХУДӢ» ВА «БЕГОНА» НАМЕШАВАД

Яке аз проблемаҳои ҷаҳони имрўза ин терроризм ва экстремизм ба ҳисоб меравад. Тамоми давлатҳои дунё кўшиш мекунанд, ки роҳи нави мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуби ҷомеаро ҳарчи зудтар пайдо карда, онро аз решааш хушк намоянд. Ин ҷараёни хатарзо метавонад ба несту нобуд кардани халқиятҳо, миллатҳо ва давлатҳо оварда расонад. Аз таҳдиди ин зуҳуроти номатлуб тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ дар канор буда наметавонад.

Нахустин бор истилоҳи «террор» ва «терроризм» дар Инқилоби Кабири Фаронса (солҳои 1793-1797) аз тарафи якобинчиён ба кор бурда шудааст, вале гумон меравад, ки ин калима шакли дигаргуншудаи калимаи арабии «таррор» аст. Таррор дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» ба маънои роҳзану одамкуш, кисабуру дузд ва маҷозан ба маънои ҳилагар, маккор оварда шудааст. Шояд аврупоиён калимаи «террор»-ро ба маънои даҳшатафканӣ ва хунрезӣ аз калимаи арабии «таррор» гирифта бошанд. Ҳамин тариқ, бисёриҳо ба он назаранд, ки калимаи «терроризм» аз калимаи лотинии «terror» гирифта шуда, маънояш «тарс ва ваҳм» аст. Инро ҳамагон қабул доранд, аммо калимаи арабии «таррор» ва калимаи лотинии «terror» қариб, ки маънои якхела доранд.

Маънои аслии экстремизм бошад, аз калимаи франсавии «extremism» ва лотинии «extremus» гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо, амалҳои тундравона, аз ҳадду андоза гузаштан аст. Терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон, ба ҳар як сокини сайёра таҳдид намуда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардаанд. Рўз то рўз терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардаанд. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ дошта, ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ мусоидат менамояд. Терроризм ва экстремизм имрўзҳо хусусияти байналмилалиро касб кардаанд, ки абарқудратҳо ба воситаи онҳо манфиатҳои миллию давлатиашонро ҳимоя мекунанд. Баъзан сиёсати духўраи онҳо ба тезутунд гаштани террорҳои нав дар кишварҳое, ки дар гирдоби азими буҳрони сиёсӣ дучор гаштаанд, оварда мерасонад. Абарқудратҳо баҳри муайян намудани мавқеи геополитикии худ пинҳонӣ гурўҳҳои тундравро маблағгузорӣ менамоянд. Дар замони муосир Осиёи Миёна мавриди таваҷҷуҳи манфиатҳои геополитикии давлатҳои алоҳида қарор гирифта, бархўрди манфиатҳои онҳо дар кишварҳои ин манотиқи рўз аз рўз хавфу хатари навро эҷод менамояд. Вусъатёбии фаъолияти чандин гурўҳҳои террористиву тундгаро, аз қабили созмонҳои ба ном «Давлати исломӣ», «Ал-Қоида», «Толибон», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ҳизби исломии Туркистон» ва монанди инҳо илова ба проблемаи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар хоки давлати ҳамсояи мо — Афғонистон – моро водор месозад, ки ба масъалаи мазкур диққати махсусро равона созем. Танҳо дар қаламрави давлати ҳамсояи мо, Афғонистон соли 2017 бар асари амалҳои террористӣ беш аз 10 ҳазор нафар аҳолии осоишта зарар дида, тақрибан 4 ҳазор нафар қурбон шудаанд. Боиси таассуф аст, ки 32 фоизи қурбониён ва 53 фоизи маҷрўҳонро занону кўдакон ташкил додаанд. Дар раванди муосири ҷаҳонишавӣ Тоҷикистон низ аз ин воқеаҳо дар канор набуда, мубориза бар зидди ин амалро яке аз ҳадафҳои асосии худ қарор дода, дар ин самт тадбирҳои зиёдеро амалӣ намуда истодааст. Соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди ифротгароӣ» қабул карда шуд, ки мақсади он, пеш аз ҳама, риоя кардан ва ҳимоя намудани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, асосҳои сохти конститутсионӣ, таъмини якпорчагӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар ин робита, ҳақ ба ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ борҳо таъкид намудаанд ва ҳоло ҳам иброз медоранд: «Террористу ифротгаро ватану миллат ва дину мазҳаб надоранд!». Террорист террорист аст ва ў ҳеҷ гоҳ «худӣ» ё «бегона» ва ё «таҳаммулгаро»-ву «тундгаро» буда наметавонад. Барои мубориза алайҳи ин зуҳуроти бениҳоят хатарнок саъю кўшиши ҷомеаи ҷаҳонӣ лозим аст, ки дар сатҳи олии ҳамаи давлатҳо бояд ба танзим дароварда шавад. Барои амалӣ гардонидани амалиёти самаранок бар зидди терроризм, дар навбати аввал, заминаи ҳуқуқии ин мубориза бояд гузошта шавад.

Ҳамин аст, ки бо Фармони Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи ноябри соли 2016 «Стратегияи миллии муқовимат бо терроризм ва ифротгароӣ барои давраи солҳои 2016-2020» ба тавсиб расид. Дар моддаи 179-уми Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст: – «Терроризм, яъне содир намудани таркиш, сўхтор, тирпарронӣ аз силоҳи оташфишон ё дигар кирдоре, ки боиси хавфи марги одамон, расонидани зарари ҷиддӣ ба молу мулк, ё ба миён омадани оқибатҳои дигари барои ҷамъият хавфнок мегардад, агар ин кирдор бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои низомӣ, тарсонидани ањолӣ, ё расонидани таъсир ҷиҳати аз ҷониби мақомоти ҳокимият қабул намудани қарор, инчунин таҳдиди анҷом додани кирдорҳои зикршуда бо ҳамин мақсадҳо мебошад» .

Дар моддаи 3-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бо экстремизм» бошад, омадааст: «Ифротгароиро ҳамчун зуҳуроти аз ҷониби ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар шакли амалҳои номатлуб инъикосёфтае маънидод мекунанд, ки ба бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои нажодӣ, миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ даъват мекунад».

Бинобар ин, дар шароити пешомада, танҳо сафарбарсозии тамоми имкониятҳои моддиву маънавӣ ва ба роҳ гузоштани як набарди умумимиллӣ метавонад роҳи дурусти мубориза бо ин хатар бошад. Хушбахтона, дар солҳои охир мақомоти сиёсию қудратии кишвар, ташкилотҳои динию ҷамъиятӣ бо дарки ин хатари маргбор барои пешгирии гароиши ҷавонон ба ин ҳизбу ҳаракатҳо талошҳои ҷиддӣ ба роҳ мондаанд. Омўзиши раванди коргузорӣ дар ин самт нишон медиҳад, ки агар равиши таблиғу ташвиқот дар ин масъала такмил ёфта, моҳияту хатари ифротгароӣ ва гурўҳҳои ифротӣ ба мардум ба таври боз ҳам мушаххастару соддатар фаҳмонида шаванд, ин кўшишҳои давлат ва ҷомеа натиҷаи дучандон хоҳанд дошт. Яъне, худи сода намудани баён ва ба таври возеҳ бозкушоӣ кардани моҳияту хатари ин гурўҳҳо барои мардум яке аз вазифаҳои бисёр муҳим дар мубориза бо ифротгароии динӣ  ва терроризм мебошад.

Хулоса, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро мебояд баҳри ҳифзи ватан аз ин хатарҳои муосир камари сидқу садоқат бандад ва баҳри пойдории сулҳу субот ва амнияти миллӣ содиқона ба ватан хизмат намояд. Хусусан ҷавонони меҳанро мебояд зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи гурўҳҳои террористӣ ва экстремистӣ нашаванд. Ба ҳамин хотир моро зарур аст, ки баҳри ҳимояи манфиатҳои миллӣ ҳамеша кўшиш намуда, манфиатҳои шахсиро дар зинаи охир бимонем ва ҳамеша дўстдори Ватани маҳбубамон бошем. Мо дар якҷоягӣ метавонем бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлуб муборизаи беамон барем. Пас даст бар дасти ҳам монда кўшиш намоем, ки баҳри муҳофизати ин марзу бум ҷони худро дареғ надошта, содиқонаю софдилона хизмати арзандае намоем.

Умарзода Фирдавс Таваккалхуҷа

раиси суди ВМКБ