ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ — таҳкими зиндагӣ
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимҳоро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ, барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.
Қонуни мазкур самараи истиқлолият буда, он бо мақсади ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи зиёдаравиҳо, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, қабул гардидааст. Имрўз бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки қабули ин қонун ҳамчун яке аз иқдомоти муҳимтарин дар самти ҳифзи анъанаҳои мардумӣ боиси ҳалли бисёр мушкилоти ҳаётан муҳими аҳли ҷомеа гардида, ҷашну маъракаҳо ва расму ойинҳоро дар кишвар ба низом даровард.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати Истиқлоли давлатӣ низоми давлатдориро танзиму таҳким бахшида, аз таҷрибаи ғанӣ, таърихию қадимии мардуми сарбаланди худ истифода бурда, фаъолиятро баҳри обод гардонидани ин сарзамин ва зиндагии орому осудаи мардум ба роҳ мондааст.
Таърих гувоҳ аст, ки миллати тоҷик ба гузаштаи пурифтихори худ арҷ мегузорад, расму ойин ва анъанаҳои неки ниёгонамонро эҳтиром, ҳифзу гиромӣ дошта, талош меварзад то онҳоро ба наслҳои оянда ба мерос гузорад. Вобаста ба ин зарурати баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ба миён омад. Дар ин самт нақши Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи апрели соли 1997 «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 1997 «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ» хеле назаррас буда, натиҷаҳои дилхоҳро ба бор овардаанд.
Солҳои қаблӣ мушоҳида мешуд, ки шаҳрвандон дар гузарондани тўю маърака, ҷашну маросим ба исрофкорӣ, харҷи аз ҳад зиёди пулию молӣ роҳ медоданд, ки ин амали онҳо ба ҷуз худнамоӣ ва худро дар ҷомеа аз дигарон боло ҳисобидану баланд гузоштан дигар чизе набуд. Ин амалашон дар аксари вақт боиси касодии буҷети оила, низоъ дар оила, ҳатто аз ҳам ҷудошавии оилаҳои ҷавон мегардид. Барои пешгирии чунин амалҳо зарурат пеш омад, ки санади ҳуқуқие қабул карда шавад, ҷашн ва расму оини оиладориро ба танзим дарорад. Баъди муҳокимаронии васеъ ва пешниҳодҳои бешумори шаҳрвандон 8 июни соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Мақсад аз қабули ин қонун чуноне ки дар боло ишора намудам, ҳимояи манфиатҳои иҷтимоӣ, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ, пешгирӣ аз таассубу хурофот мебошад. Баъди қабули ин санади ҳуқуқӣ аён гардид, ки он дар самти ҳифзи анъанаҳои мардумӣ ва ҳалли бисёр мушкилоти ҳаётан муҳими ҷомеа заминаи мусоид фароҳам овард. Ҷашну маъракаҳо ва расму ойинҳоро дар кишвар ба низом дароварда, барои ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ асос гузошта, суннатҳои диниву мардумиро ба танзим даровард, анъана ва маросиму ҷашнҳои миллиро мушаххасу дақиқ намуд. Ҳамчунин, пеши роҳи хурофоту таассуб, худнамоиву зоҳирпарастӣ ва исрофкориву зиёдаравӣ гирифта шуд. Таҷрибаи амали Қонуни мазкур нишон дод, ки он барои ба низом даровардани анъана, маросиму ҷашнҳои миллию динӣ ва дигар суннатҳои мардумӣ нақши бориз гузошта, ба ҷорӣ гардидани низому тартиботи ягонаи баргузории чорабиниҳои милливу мардумӣ роҳ кушод.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» се ҷанба – маънавӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ дорад.
Ҷанбаи маънавии қонуни мазкур дар он ифода меёбад, ки он хислати инсондўстӣ ва хайрхоҳӣ дошта, исрофкориро ҳамчун амали номатлуб эътироф менамояд, камхарҷу сарфакорона баргузор намудани ҷашну маросим ва оростани дастархонро қисми таркибии маънавиёти миллӣ дониста, барои баланд бардоштани фарҳанги маъракаҳо мусоидат менамояд.
Аз лиҳози иқтисодӣ қонуни мазкур омили муҳими паст кардани сатҳи камбизоатӣ буда, барои беҳтар намудани шароити зиндагии мардум тавассути роҳ надодан ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ ҳангоми гузаронидани ҷашну маросим мусоидат менамояд. Барои ноил шудан ба ин иқдоми нек на танҳо ҳидояти қонун, балки амали неки ҳар як инсон оид ба эҳтиром нисбат ба неъматҳои моддии дар натиҷаи заҳмат бадастоварда, дарки он, ки ҳама гуна исроф навъе аз беэҳтиромӣ нисбат ба молу мулки худ буда, хилофи одату анъана мебошад, зарур аст.
Ҷанбаи ҳуқуқии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мусоидат барои таъмини амнияти ҷомеаву давлат, тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳифзи суботи ҷомеа дар мамлакат мебошад.
Имрўз ҳар як шаҳрванди ба нангу номуси кишвар бояд Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро, ки маҳз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав таҳрир шудаву ба тасвиб расид, ҷонибдорӣ намуда, барои босамар амалӣ гардондани он саъю талош варзад. Зеро қонуни мазкур дар беҳбуди зиндагии мардум нақши бузург дорад.
М. Саломатшозода
муовини раиси суди ВМКБ