ТАБРИКОТИ РАИСИ СУДИ ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН ДАР МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

                  34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон

      Мардуми  Тоҷикистони азизи мо имрӯзҳо дар арафаи истиқболи 34-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Агар таърихи истиқлолияти давлатии имрузаи мо 34 сол бошад ҳам, умри миллат ва таърихи давлатдории тоҷикон ҳазорсолаҳост. Халқи тоҷдори мо ҳанӯз аз бомдоди таърих мардуми соҳибватан ва давлатсоз буда, дар тули таърих миллати тоҷик дар саргаҳи давлатдори қарор доштанд ва намунаҳои нахустини ҷомеаҳои мутамарказ ва давлатҳои муқтадири таърихиро барои башарият эҳдо кардаанд, аммо дар натиҷаи тохтутозиҳои пайвастаи аҷнабиён ва пирӯзии дарозмуддати тирагӣ ва равшанӣ мардуми тоҷик як муддати тӯллонӣ аз идоракунии мустақилонаи давлатдории худ маҳрум монданд. Ин давраи тира, ки чандин қарн идома ёфт,асрҳои фоҷиаи миллӣва таназзули тоҷикон даҳҳо сулолаҳо дар ин сарзамин ҳукмрони карданд, аммо худи тоҷики соҳибватан зери идораи бегонагон қарор дошт. Бо гузашти қарнҳо, танҳо 9-уми сентябри соли 1991 чархи сарнавиштсози таърих дубора ба муроди мардуми тоҷик давр зад ва мо тоҷикон соҳиби Истиқлол ва давлати мустақил шудем. Ишора ба ин гардиши таърих вақте сухан аз Истиқлолият меравад, он на санаи бори аввал соҳибдавлат шудани тоҷикон аст, балки санаи эҳёи Истиқлолияти давлати тоҷикон мебошаду миллати куҳанбунёду соҳибдавлати тоҷик бори дигар соҳиби давлатдории милии мустақили худ гардид. Истиқлолияти давлати барои миллати тоҷик волотарин дастовард мебошад ва пос доштану пуштибони кардани он барои ҳар шахси ватандору худшиноси ин сарзамин арзиши ба ҷон баробар дорад. 34 соли истиқлолияти давлатии мо гарчанде наонқадар тулонист, аммо Тоҷикистони азизи мо бо сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Э.Раҳмон дар арсаи байналмилали ҳамчун давлати мустақил эътироф гардида, дар ин муддат ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст. Дар ин замина Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро арзиши олӣ шумурда, соҳибихтиёрии давлатро таъмин намуда, баробарҳуқуқии тамоми халқу миллатҳоро эътироф карда, санаи 6 ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқи Конститутсияи нави давлати соҳибистиқлоламонро қабул намуд. Баробари қабул гардидани ин ҳуҷҷати расмии дорои аҳамияти ҷамъиятӣ ва давлатӣ, яъне ҳуҷҷати муҳими сиёси, ки дар он масъалаҳои асосии ҳокимияти давлатӣ, асосҳои сохтори иқтисодию иҷтимоии ҷамъият вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, сохтори давлатӣ ва дигар масъалаҳои ҳаётан муҳими давлати ва ҷамъияти заминагузори шуд. Маҳз бо ташаббуси ин абармарди майдони сиёсат ва шарофати истиқлолияти давлати раванди ислоҳоти ҳуқуқӣ тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷомеаро фаро гирифта, дар заминаи Конститутсияи давлати соҳибистиқлоламон дар ҳамаи соҳаҳо Қонуну санадҳои меъёри ҳуқуқи қабул гардиданд ва мунтазам фаъолияти мақомотҳои давлати таҳкиму рушд меёбанд. Ҳокимияти судӣ,  низ ҳамчун яке аз рукнҳои мустақили давлат дар баробари ҳокимияти қонунгузору иҷроия баҳри дар амал татбиқ намудан ва амалисозии адолати суди фаъолият менамояд. Дар даврони Истиқлолият ба нақши мақомоти судӣ ҷиҳати мустаҳкам кардани қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, давлат ва ташкилоту муассиса таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид, ки дар ин радиф Сарвари давлат як қатор фармонҳоро, ба мисли «Дар бораи баъзе тадбирҳо оид ба таъмини мустақилияти ҳокимияти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 14 апрели соли 1997 ва оид  ба тасдиқи чандин  “Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тасвиб расиданд, ки ба мустаҳкам намудани фаъолияти ҳокимияти судӣ  ва баланд бардоштани мавқеи ҳокимияти суди равона гардидаанд. Мақсад аз қабул ва роҳандози гардидани Барномаи ислоҳоти судӣ ҳуқуқӣ ин таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳамаҷонибаи хуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимояи манфиатҳои қонунии давлат, корхонаҳо, муассисаҳо, такмили сохторҳои судӣ ва тақвияти фаъолияти онҳо, беҳдошти вазъи модию техникии мақомоти судӣ ва судяҳо, инччунин мукаммал намудани қонунҳо мебошад. Яке аз манфиатбахши қабули ин Барномаҳо дар замони истиқлолият он аст, ки биноҳои маъмурии судҳо давра ба давра аз навсози гардидаанд ва хусусан дар ВМКБ биноҳои маъмуриисудҳои ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ ва Шуғнон аз нав сохташуда, муҷаҳҳаз бо тамоми шароитҳои кори мавриди истифода қарор доштанд. Бояд қайд намуд, ки дар даврони истиқлолият мақомоти судии кишвар ба мазмуни воқеъии шохаи мустақили ҳокимият ноил шуда истода, он тадриҷан зина ба зина бо такмилу таҳкими қонунгузории соҳа тақвият меёбад. Моро лозим аст, то баҳри пойдорӣ ва боз ҳам мустаҳкам намудани ояндаи неки ин неъмати бебаҳо фаъолияти худро ба роҳ монда, саҳми арзандаи хешро дар рушду нумуи кишвари азизамон гузорем. Дар воқеъ, Истиқлолият орзуҳои ҳар яки моро месабзонаду  қалбҳоро ба фардои нек умедвор месозад. Бо орзую умеди нек дар дар остонаи ин ҷашни бузургу фархунда, 34-умин солгарди Истиқлолияти давлати ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва барору комёби таманно дорам.

Раиси суди ВМКБ

Умарзода Фирдавс Тавакалхуҷа