ТАҶЛИЛИ «РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ
Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи МИҲД шаҳри Хоруғ аз ҷониби Раиси Суди ВМКБ ва роҳбарияти судҳои ВМКБ бо иштироки Муовини Раиси ВМКБ, аъзои Маҷлиси Миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси шаҳри Хоруғ, Рардори Раёсати адлия дар ВМКБ, Сардори намояндагии ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ВМКБ, ва собиқадорони ҳокимияти судии ВМКБ бахшида ба «Рӯзи кормандони мақомоти судӣ» маҷлиси тантанави баргузор гардида, Раиси Суди ВМКБ, Муовини Раиси ВМКБ, судяҳо ва меҳмонон суханони табрикотӣ карданд. Аз номи Муовини Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзонабот Алишеш Худоберди собиқадорон бо тӯҳфаҳои хотиравӣ ва судяҳо бо сипосномаҳо ва аз ҷониби Раиси Суди ВМКБ Умарзода Фирдавс Тавакалхуҷа судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд. https://www.facebook.com/share/p/175e6uYYVK/






Низоми судӣ ҳамчун яке аз муҳимтарин дастовардҳои фарҳанг ва тамаддуни инсонӣ ба шумор меравад. Он қисми ҷудонашавандаи ҳаёти шаҳрвандон ва як пояи асосии давлати демократӣ аст. Маҳз дар чунин давлатҳо тақсимоти ҳокимият – иҷроия, қонунгузор ва судӣ – мавҷуд буда, суд нақши хоса дорад.







Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 