ТАҲКИМИ АДОЛАТИ СУДӢ ДАР 34-СОЛИ «ИСТИҚЛОЛИЯТ».

Таҳкими адолати судӣ дар 34- соли «Истиқлолият».

Ба даст овардани Истиқлолият, дар санаи 09-сентябри соли 1991, ки тўҳфаи бебаҳо ва деринтизори мардуми тоҷик буд, дар шоҳроҳи иқдоми миллати тоҷик роҳи рушди комилан навро кашф намуд. Пас аз ҳазор соли парешонӣ, ҷангу ихтилоф ва қурбонӣ доданҳо, миллати куҳанбунёди тоҷик боз соҳиби давлати соҳибихтиёри худ гашт. Зиёданд миллатҳое дар дунё, ки шумораашон ба чандин миллионҳо мерасад ва солҳои тўлонӣ барои ба даст овардани мустақилият мубориза мебаранд вале  таърих нисбати онҳо меҳрубонӣ зоҳир накард.

Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ 6-ноябри соли 1994 заминаи ҳуқуқии сохтмони давлати ҳуқуқбунёд гузошта шуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон карда шуд. Ҳаёт, қадр номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазир дониста шуданд. Эътироф,риоя ва ҳифз намудани ҳуқуқуозодиҳои инсон ва шаҳрванд вазифаи давлат ҳисобида шуд.

          Тибқи моддаи 20-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳеҷ кас то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд дар содир кардани ҷиноят гунаҳгор дониста намешавад.

Ин меъёри конститутсионӣ ба зиммаи мақомоти судии кишвар вазифаи басо муҳим ва масъулиятнокро вогузор мекунад.

 Дар ҳамин радиф зарурияти ташаккулёбии ҳокимияти судӣ дар радифи меъёрҳои ҷаҳонӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, ба мисли Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, паймонҳои байналхалқӣ, конвенсияҳои байналмилалӣ ва ғайра, ки қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд, ба миён омад.

Арзиши аз ҳама воло эътироф кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва эълон доштани бунёди давлати ҳуқуқбунёд, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолат, зарурияти таҳким ва густариш додани ҳокимияти судиро амри таъхирнопазир гардонд.

Меъёрҳои умуми эътирофшудаи давлатҳои демократӣ бори дигар исбот намуданд, ки пойдории давлат ва бақои он ба адолати судӣ эҳтиёҷ ва пайвастагии ногусастани дорад.

Маҳз дар партави ҳамин омили муҳим дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 ба хотири рушду такомули минбаъдаи ҳокимияти судӣ масъалаи таҳия ва пешниҳод намудани барномаи ислоҳоти судиву ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба миён гузошта шуд.

      Дар радифи ин Паём заминаи ҳуқуқии ислоҳоти судӣ дар Тоҷикистон ба вуқӯъ омад ва бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23-июни соли 2007 таҳти №271 «Барномаи ислоҳоти судӣ- ҳуқуқӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расонида шуд.

Барноами мазкур дар такмили қонунҳои амалкунанда, қабули кодексу қонунҳои нав, ташкили сохторҳои нави судӣ, ба монанди коллегияҳои маъмурӣ ва оилавӣ, таъсис додани вазифаи коромӯз-судя, амалӣ намудани дигар чорабиниҳои соҳавӣ ва ниҳоят дар таҳкиму тақвияти ҳокимияти судӣ нақши назаррасро иҷро намуд.

Мавриди зикр аст, нақш ва таҳлили ин барномаҳо дар таҳкими ҳокимияти судӣ, омӯзиш ва андешаронии амиқ ва алоҳидаро талаб мекунад.

          Тамоми дастовардҳои ҳокимияти мустақили судӣ самараи даврони Истиқлолият буда, бо ташаббус ва талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мешаванд.

 Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-декабри соли 2019 бори дигар қайд шуд, ки «фаъолияти судяҳо бояд мисли оина покиза бошад ва онҳо бо масъулияти баланд дарк намоянд, ки давлат амали намудани адолати судиро, ки бевосита ба ҳифзу ҳимояи муқаддастарин ва муқаддамтарин арзиш, яъне инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ алоқаманд мебошад, ба мақомоти судӣ бовар намудааст ва саҳлангорию бемасъулиятӣ дар иҷрои ин рисолат амри норавост».

Мақомоти судии кишвар ин рисолати басо муҳимро, киба души онҳо вогузор карда шудааст, ба таври амиқ дарк карда, мунтазам барои амали намудани он заҳмат мекашанд.

       Суди ҳарбии гарнизони Хоруғ низ, чун қисми таркибии ҳокимияти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷро намудани ин вазифаи муҳим ва бо дастовардҳои арзанда пешвоз гирифтани ҷашни истиклолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кушиш ба харҷ дода нақшаи чорабиниҳои муайянро тартиб додааст. Мунтазам барои пешгирии ҷинояткорӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мурофиаҳои сайёри судӣ ва вохуриҳоро барпо намуда, нашри мақолаҳо ва баромадҳо дар воситаҳои ахбори омма ба роҳ монда шудаанд. Бинои суд ва саҳни он таъмир ва тозаву озода карда шуда, ташкили ҳарҳафтаинаи корҳои ободонӣ таъмин карда шудааст.

Ҷашни мубораки дар пешистодаи 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҳарфарди баномуси кишвар таҷлили арзандаи он ва баланд бардоштани ҳисси миллиро тақозо менамояд, ки моро ба ояндаи бо саодат ва дурахшон наздик мекунад.

раиси суди шаҳри Хоруғ

Абдуллозода О.З