СЕМИНАРИ СУДЯҲОИ СУДҲОИ ВМКБ

Тибқи нақшаи гузаронидани машғулиятҳои семинарӣ бо судяҳои суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳру ноҳияҳои он ва суди ҳарбии гарнизони Хоруғ барои нимсолаи якуми соли 2025, санаи 25-уми апрели соли 2025 дар бинои суди ВМКБ семинари навбатии ҳармоҳа баргузор гардид.
Дар семинари мазкур Амрихудозода Фарида судяи суди ноҳияи Дарвоз дар мавзӯи “Уҳдадориҳои иштирокчиёни истеҳсолоти парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои онҳо ва ҷазодиҳии ноболиғон” ва Каримӣ Акбаралӣ Раҷаб раиси суди ноҳияи Мурғоб дар мавзӯи “Интизоми меҳнат” маъруза карда, мазмуну муҳтавои меъёрҳои конститутсия, кодексҳо ва қонунҳое, ки танзимкунандаи ин мавзӯъҳоро ба таври васеъ шарҳ дода, инчунин аз таҷрибаи судӣ мисолҳо оварданд. Вобаста ба маърузаҳо судяи суди ВМКБ Нурализода Суҳроб Мустафо хулоса дод.