СЕМИНАРИ КОРМАНДОНИ ДАСТГОҲИ СУДИ ВМКБ

Тибқи нақшаи гузаронидани машғулиятҳои семинарӣ бо  кормандони дастгоҳи судҳои  Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон,   шаҳру ноҳияҳои он ва  ҳарбии гарнизони Хоруғ  барои   нимсолаи  якуми  соли 2025, санаи 25-уми апрели соли 2025 дар бинои Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев семинари навбатии ҳармоҳа баргузор гардид.

Дар семинари мазкур Замонова Қамаргул Маснавовна  котиби  коллегияи судии суди ВМКБ дар мавзӯи “Ӯҳдадориҳои алиментдиҳии аъзои оила”, Гулмамадов Руслан Мирдавлатович котиби маҷлиси судии суди ВМКБ дар мавзӯи  “Истифодабарии манзили истиқоматӣ тибқи шартномаи кирояи иҷтимоӣ, шартномаи кирояи иҷтимоии манзили истиқоматӣ” ва Аминназарзода Мадина Мирзоназар ёрдамчии раиси суди ҳарбии гарнизони Хоруғ дар мавзӯи “Қабул ва даст кашидан аз мерос” маъруза карданд.

        

https://www.facebook.com/share/p/16RksWQegC/