Рушди ҳокимияти судӣ дар даврони соҳибистиқлолии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Истиқлолияти давлатӣ ҳарчанд муҳлати кӯтоҳи таърихиеро бозгӯ намояд ҳам барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва миллати шарифи тоҷик солҳои ниҳоят арзишманд ва пур аз дастоварду муваффақиятҳо мебошанд. Воқеан дар ҷаҳони муосир кам нестанд миллату халқиятҳое, ки солҳост барои ташкили давлати миллии худ талош доранд, аммо муаяссарашон намегардад. Ҳарчанд солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ баъзе аз нафарони носипос ба қадри ин неъмати нарасида буданд, мехостанд манофеи ғаразноки худро дар ин хоки муқаддас амалӣ намоянд, аммо фарзандони бонангу номуси ин диёр зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гашта, тавонистанд истиқлолияти давлатиро ҳифз намояд ва давлати мустақили Тоҷикистонро аз хатари парокандашавӣ нигоҳ доранд. Дарвоқеъ, таҷрибаи талхи баъзе аз давлатҳои ҷаҳон нишон медиҳад, ки аксари ихтилофу нофаҳмиҳои миллӣ аз саҳлангории роҳбарияти аввал ва нобоварии халқ ба онҳо сар мезанад, вале аз саодати миллати тоҷик аст, ки роҳбари хирадманду сиёсатмадоре чун Эмомалӣ Раҳмон умури муҳими дохиливу хориҷии онро бар уҳда дорад. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва сулҳдӯст пазируфта шудааст, ки на танҳо баҳри некуаҳволии халқи худ балки барои ҳалли проблемаҳои глобалии сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ пайваста талош мекунад ва дар ин самт пешгом аст. Истиқлолияти давлатӣ ба Тоҷикистон даст дод то дар тамоми бахшњои ҳаёти хоҷагии халқ дигаргунӣ ва навовариҳоро рӯйи кор оварад. Табиист, ки дар чунин раванди таърихӣ яке аз масъалаҳои муҳим барои дилхоҳ давлат ташаккул ва рушди низоми ҳокимияти судӣ мебошад. Аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани соҳибихтиёрӣ дар кишвари мо ба ин масъала таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Аз ҷумла 6-уми ноябри соли 1994 аввалин маротиба дар таърихи давлатдории навини тоҷикон Конститутсия аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд. Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадами муҳиме барои эъмори низоми нави ҳокимияти судӣ ба ҳисоб мерафт. Дар даврони истиқлолият   маҳз  бо таваҷҷуҳ  ва дастгирии Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  мақомоти  судии мамлакат  ба шохаи   мустақили  ҳокимият табдил гардида, қонунгузории соҳа  ва амалӣ гардидани   чорабиниҳои  дар барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ  пешбинигардида зина ба зина  тақвият меёбанд.

          Ҳокимияти судӣ низ ҳамчун яке аз рукнҳои мустақили ҳокимияти давлатӣ дар қатори мақомоти қонунгузору иҷроия баҳри дар амал татбиқ намудан ва амалисозии адолати судӣ дар ҷомеа фаъолият менамояд. Бинобар ин, маҳз боби ҳаштуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳокимияти судӣ бахшида шуда, низоми судии мамлакат, салоҳияти судҳо, принсипҳои асосии фаъолияти судӣ ва сохтори судҳоро муқаррар намудааст. Қайд кардан бамаврид аст, ки дар моддаи 84 Конститутсия омадааст: “Ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо қонунияту адолатро ҳифз менамояд”.

          Дар солҳои истиқлолият дар низоми судӣ низ ислоҳоти ҷиддӣ анҷом дода шуд. Ҳокимияти судӣ ҳамчун шохаи мустақил ва ҷудогонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф карда шуд. Фаъолияти мақомоти судӣ бар асоси талаботи замон ва меъёрҳои асноди байналмилалӣ танзим гардида, мустақилияти судяҳо бо меъёрҳои конститутсионӣ таҳким бахшида шуд. Барои амалӣ гардонидани адолати судӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ соли 1993 бо Қарори Раёсати Шӯрои Олӣ Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моҳи июни соли 1994 судҳои ҳарбии гарнизонҳо ташкил ёфтанд. Коллегияи ҳарбии Суди Олӣ нисбат ба судҳои ҳарбии гарнизонҳо бевосита марҳалаи болоии судӣ ба ҳисоб меравад.

Дар ҳамин раванд 14 апрели соли 1997 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №692 «Дар бораи баъзе тадбирҳо оид ба таъмини мустақилияти ҳокимияти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид, ки дар он масъалаҳои беҳтар намудани вазъи иҷтимоии судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо гузошта шуда буд.

Ба хотири таҳкими ҳокимияти судӣ ва таъмини мустақилияти судҳо дар амалӣ кардани адолати судӣ бо ташаббуси бевоситаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Амалӣ шудани ин меъёрҳои конститутсионӣ ва таъмини воқеии кафолати мустақилияти судҳо бо роҳи аз тобеияти ҳокимияти иҷроия, яъне аз Вазорати адлия баровардани ҳалли масъалаҳои таҳия намудани таклифҳо вобаста ба гузаронидани ислоҳоти судӣ, такмили низоми судиву ҳуқуқӣ, интихобу пешбарии номзадҳои арзанда ба вазифаи судя, озод намудани судяҳо аз вазифа, ҳамзамон бо ин, баланд бардоштани нақш ва мавқеи ҳокимияти судӣ ва ғайра таъсиси сохтори алоҳидаро тақозо менамуд. Таъсиси Шӯрои адлия тақозои замон ва татбиқи амалии сиёсати давлат оид ба ҳокимияти судӣ мебошад.

Бо дарназардошти он, ки мақомоти судӣ ба ҳайси рукни алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ эътироф шудааст, марҳалаи аввали ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ оғоз гардида, вазифаҳои ҳокимияти судӣ ба таври мушаххас дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати ҳифзи ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолат муқаррар карда шуд.

Дар иртибот ба ин масъалаҳо бояд зикр кард, ки Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназар гирифтани аҳамият, нақш ва мавқеи ҳокимияти судӣ дар таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон пайваста таваҷҷӯҳи хос зоҳир менамоянд. Аз ҷумла дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ як қатор санадҳои ҳуқуқие қабул гардидаанд, ки заминаҳои қабули онҳо ислоҳоти конститутсионӣ буда, ин аснод дар тақвият бахшидани фаъолияти мақомоти судӣ нигаронида шудаанд.

Дар раванди ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ дар сохтори судии кишвар судҳои конститутсионӣ, иқтисодӣ ва ҳарбӣ таъсис дода шуда, қонунҳои соҳавӣ, кодекси маданӣ, ҷиноятӣ, оила, меҳнат ва ғайра қабул гардид, мӯҳлати ваколати судяҳо аз панҷ сол ба даҳ сол тамдид ёфта, воҳидҳои вазифаҳои судя ва кормандони дастгоҳи судҳо низ зиёд карда шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ аз 24 апрели соли 2010 бори дигар дар иртибот ба масъалаҳои марбут ба мақомоти судӣ таваҷҷӯҳ намуда, таъкид фармуданд, ки Барномаи ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ дар рушду такомул ва тақвияти ҳокимияти судӣ нақши арзанда гузоштааст. Аз ин рӯ ҷиҳати идомаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ ва таҳияи Барномаи нави мукаммали соҳа дастур доданд.

Дар ин асно бо Фармони Президенти кишвар аз 3 январи соли 2011 Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 2011-2013 тасдиқ гардид, ки дар он ҳалли масъалаҳои таҳияи Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, таҳлили қонунгузории мамлакат ҷиҳати ворид намудани тағйиру иловаҳо вобаста ба беҳтар кардани фаъолияти низоми адолати судӣ ва дар ин раванд ҳамасола пешбинӣ намудани афзоиши маблағгузории мақомоти судӣ дар буҷети давлатӣ ва ғайраҳо пешбинӣ шуданд, ки ин ҳама барои таъмини мустақилияти судяҳо ва амалӣ гаштани кафолати конститутсионии ҳифзи судӣ аҳамияти муҳим доранд.

Пас аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон ва қабули Конститутсияи нав ҳокимияти судӣ ҳамчун рукни муҳим ва зарурии сохтори ҳокимияти давлатӣ ба марҳалаи нав ворид гардид ва он аз ҷиҳати ташкилӣ ва сифату миқдори ниҳодҳои татбиқкунандаи адолати судӣ ташаккул ёфт. Аз ҷумла бори нахуст дар низоми судии кишвар ниҳодҳои мустақили судӣ — Суди конститутсионӣ, судҳои иқтисодӣ ва ҳарбӣ таъсис дода шуданд.

Ҳокимияти судӣ дар Тоҷикистон мустақил буда, адолати судӣ аз тарафи Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоятҳо ва шаҳри Душанбе амалӣ карда мешавад.

Яке аз арзишҳои муҳими Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли мо волоият ва амали мустақими меъёрҳои он мебошад. Аз ин рӯ, бо мақсади ҳифз, таъмини волоият ва амали бевоситаи Конститутсия ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми мустақили ҳокимияти судӣ дар низоми судии кишвар таъсис ёфтааст.

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун падидаи нави давлати ҳуқуқбунёду демократӣ ва мақоми махсуси назорати конститутсионӣ дар давраи фаъолияти начандон тӯлонӣ зарурат ва аҳамияти худро дар бунёди давлатдории навини Тоҷикистон борҳо собит сохта, нишон дод, ки нақш ва мақоми ин ниҳоди адолат ҳамчун падидаи зарурии ҷомеаи муосир дар таҷрибаи байналмилалӣ пазируфта шудааст.

Вобаста ба мақоми Суди конститутсионӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханронии худ ба муносибати 15-умин солгарди қабули Конститутсия иброз намуд, ки «дар низоми судии кишвар Суди конститутсионӣ мақоми махсус дорад ва яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи он таъмини волоияти Конститутсия дар низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад».

Инчунин дар Конститутсия омадааст, ки адолати судӣ аз ҷониби Суди Конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе амалӣ мегардад. Ҳамзамон ҷоизи қайд аст, ки дар боби мазкури Конститутсия доир ба фаъолияти судҳо дар симои судяҳо нуқтаи хеле муҳим – амали мустақилонаи судҳо ва дахлнопазир будани судяҳо баён шудааст. Чунончи дар моддаи 87 Конститутсия қайд карда шудааст: судяҳо дар фаъолияти худ мустақил буда, танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат мекунанд. Дахолат ба фаъолияти онҳо манъ аст.

Ҳамчунин Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019–2021 (минбаъд – Барнома) қабул гардид. Барномаи мазкур дар асоси  паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 26 декабри соли 2018 асос ёфта, амалисозии тадбирҳои заруриро ҷиҳати боз ҳам таҳким бахшидани ҳокимияти судӣ ва такмили қонунгузорӣ доир ба фаъолияти судҳо, хадамоти иҷро, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ пешбинӣ менамояд.

Барои пойдории мустақилияти рукни ҳокимияти судӣ, ки яке аз талаботи асосии давлати ҳуқуқбунёд мебошад, баҳри таъмини фаъолияти суди босалоҳият ва беғаразона, ки дар асоси Конститутсия ва қонунҳо таъсис дода шудааст, равона гардидааст. Бо гузашти солҳо мо амиқан дарк кардем, ки истиқлолият омили муҳимтарини рушди ҷомеа, шарти асосии пешрафти иқтисод ва иҷтимоиёту фарҳанги мардуми мо ба ҳисоб меравад.

Маҳз ба ҳамин хотир, мо ҳифзи истиқлолият ва ваҳдати миллиро аз ҷумлаи рисолатҳои инсонии худ мешуморем.

Имрӯз ҳар як фарди Тоҷикистон бо тамоми ҳастӣ дарк менамояд, ки Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмати бебаҳо, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу ватандорӣ, кафолати хонаободӣ, саодатмандӣ, сарбаландию осоиштагии мо мебошад ва он дар тамоми ҷабҳаҳо, ҳам сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маданию фарҳангӣ ба дастовардҳои истиқлолият ноил гардида, таҳкими асосҳои ҷомеаи мутамаддини шаҳрвандӣ ва заминаи маънавии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон воситаи тавонову созандае мебошад.

Мехоҳем халки тоҷикро ба муттаҳидшавӣ дар атрофи Пешвои миллат ва баланд бардоштани ҳисси ватандустӣ ва давлатдорӣ, ки моро ба фазои осуда дар кишварамон, ба суи сарафрозӣ ва комёбиҳо оварда мерасонад даъват кунем.

Раиси судӣ н.Шуғнон                                   Манзаршозода О.