Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!
Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар таърихи навини давлатдорӣ рӯйдоди муҳими сиёсию ҳуқуқӣ ва иҷтимоию фарҳангие ба вуҷӯъ пайваст, ки он дар саҳифаи рӯзгори мардуми тоҷикон бо хатти заррин ҳамчун рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт гардид.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуда ба он 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуд. Ин тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан барои мустаҳкам намудани ақидаҳои давлати ҳуқуқбунёд, таҷзияи ҳокимият, волоияти худи меъёрҳои Конститутсия, қонунияти ҳуқуқӣ ва конститутсионӣ, адолати судии конститутсионӣ ва назорати судии конститутсионӣ, дахлнопазир эълон шудани ҳуқуқҳои фитрии инсон ва ғайраҳо равона карда шудааст.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 боб ва 100 модда иборат аст. Конститутсия санади дорои сатҳи баланди ҳуқуқӣ мебошад ва дар байни дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷои якумро ишғол менамояд. Ҳамаи санадҳои қабулкардашуда ва қабулкардаистодаи мақомоти ваколатдори давлатӣ бояд аз Конститутсия сарчашма гирад ва ба ягон меъёри он мухолифат накунад. Мувофиқи ин қонун ҳуқуқ, озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Ҳуқуқу вазифаҳои инсон аз ҷониби давлат эътироф ва кафолат дода мешаванд. Тибқи талаботи Конститутсия ҳеҷ як мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори давлатӣ ҳақ надоранд қадру қимати инсонҳоро паст зананд. Масъалаи дигари муҳими он дахлнопазирии шахсият, манзил ва монанди инҳо мебошад.
Конститутсия асосан шиносномаи давлату миллат ҳисобида мешавад, зеро дар он номи давлат, сохти давлатдорӣ ва сохтори он нишон дода мешавад. Дар он асоси низоми ҳуқуқии давлат муайян мегардад. Он ҳамеша қонуни асосии давлат ҳисобида шуда, сарчашмаи ҳамаи қонунҳо мебошад ва барои ҳама баробар дониста мешавад.
Албатта, ба вуҷуд омадани ин рӯйдоди бузурги таърихӣ боиси пешравии ҷомеа ва соҳибистиқлолии Тоҷикистон гардид. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун санади меъёрию ҳуқуқӣ эътибори олии ҳуқуқӣ дорад, арзиши олии миллат ҳисобида мешавад. Ба ҳамин тартиб, имрӯзҳо, ки мо дар арафаи сиюмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем, бояд мавҷудияти ин санади олии тақдирсози миллатро дар ҳаёти ҷомеа аз ҳар вақта дида, ҳассостар эҳсос намоем. Дар доира ва меҳвари ин санад зистанро омӯзем, меъёрҳо ва муқаррароти онро қоидаи рафтори худ қарор диҳем ва арзишҳои онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Онро ҳамчун бузургтарин дастовард, роҳнамо ва пайвандгари наслҳо дар қатори чунин ифтихору сарбаландии инсонӣ ва миллиамон – Ватану миллат, худшиносӣ, худогоҳӣ ва ҳуввияти миллӣ ҷойгузин намоем. Бо такя ба арзишҳои умумибашарию миллӣ, дарки моҳият ва мазмуни созандаю бунёдкоронааш онро як ҷузъи таркибии ғояи миллӣ эътироф намоем.
Бо ҳамин роҳ мо дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз карда, комёбиҳои худро дар бунёди институтҳои демократӣ минбаъд низ таҳким бахшида ва роҳи худро ба сӯйи ҷомеаи мутамаддин идома дода метавонем.
Бори дигар рӯзи Конститутсия муборак ва сулҳу сафо ба Шумо орзумандам.
Раиси суди ноҳияи Ишкошим
Саломатшозода М. Д.