Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-наҷотбахши миллат ва давлати навини тоҷикон

Бахшида ба рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 14 ноябри соли 2024 дар бинои Суди ВМКБ аз ҷониби Раиси Суди ВМКБ бо иштироки Муовини якуми Суди ВМКБ, судяҳои Суди ВМКБ бо кормандони дастгоҳаш, судяи Суди ҳарбии гарнизони Хоруғ бо кормандони дастгоҳаш ва раиси Суди шаҳри Хоруғ, судяи Суди шаҳри Хоруғ бо кормандони дастгоҳашон маҷлис баргузор гардид.

 

Дар маҷлис; роҳбарияти Суди ВМКБ, Суди ҳарбии гарнизони Хоруғ, суди шаҳри Хоруғ ва кормандони дастгоҳи онҳо бахшида ба сессияи  16-уми Шӯрои Оли Ҷумҳурии Тоҷиктстон ва хизматҳои шоистаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмолалӣ Раҳмон  дар пойдории давлати навини тоҷикон баромад карданд.

                                    Аҳамияти таърихии Иҷлосияи                                                                            XVI Шурои Олии ҶТ.

Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ, ки санаи 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид, воқеан ҳам дар таърихи давлатдории навини тоҷикон заминагузор ва пойдевори Тоҷикистони соҳибистиқлол гардид. Аҳаммияти таърихии Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ қабл аз ҳама дар он буд, ки кишвари порагаштаи дар вартаи ҳалокат қарордоштаро аз нав эҳё намуда, роҳбарони тарафҳои даргирро ба ҳам овард ва намояндагони халқро сари мизи мудаввар ҷамъ намуд, то ин ки баҳри ояндаи халқу миллати худ андешаи солимро матраҳ созанд.Аҳаммияти бузурги таърихии Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ боз дар он таҷассум мегардад, ки он асоси сулҳу суботи миллӣ ва таҳкимбахши пояҳои давлатдорӣ гардид. Маҳз дар ин Иҷлосияи воқеан ҳам тақдирсоз гуфтушунид бо роҳбарони гурӯҳҳои мухолифин оғоз карда шуд, ки ниҳоят бо имзо шудани Шартномаи истиқрори сулҳ бо сарони Қувваҳои мухолифин дар шаҳри Маскав санаи 27.07.1997 ба анҷом расид, ки барои миллати тоҷик боиси ифтихору сарбаландӣ ва намунаи барҷастаи сулҳофаринӣ ва ваҳдати миллӣ маҳсуб меёбад.

Яке аз арзишҳои муҳимми Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ, ин ба арсаи сиёсат ворид намудани фарзанди барӯманди ин сарзамин Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дастовардҳои минбаъдаи кишвар ба номи ин сиёсатмадори шуҳратном робитаи қавӣ доранд. Аз лаҳзаҳои аввали сарвари давлат интихоб гардидани ин сиёсатмадори хирадманду дурбин асосҳои сохтори конститутсионӣ, рукнҳои тозаи идоракунии давлат, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар ҷорӣ гардида, пули миллӣ ба муомилот баромад ва шиносномаи миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардид. Ҳамзамон дар мамлакат яке аз рукнҳои асосии давлатдории мустақил – Артиши миллӣ ва нерӯҳои сарҳадӣ таъсис ёфт, ки дар натиҷа ҳифзи марзу буми Ватан ва сарҳади давлат таҳти назорати доимӣ қарор дода шуд.Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки сиву ду сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, ба шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ гардидем.

Қайд кардан бамаврид аст, ки аҳаммияти таърихии Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ, руҳияи безаволи истиқлолияту ваҳдати миллӣ дар асарҳо ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пажуҳишҳои илмӣ хеле дақиқу возеҳ баён гардидаанд.

Хушбахтона, бо ҳукми таърих ва замон дарёфтани лаҳзаҳои беназири тақдирсози миллати бузургманиши тоҷик насиби насли хуштолеи имрӯз гардидааст. Муҷиби саодатмандист, ки мо шоҳиди на танҳо ин зуҳуроти таърихӣ ҳастем, балки худ дар бунёди давлати навини тоҷикон ширкат дорем ва имконият дорем, ки саҳми боризи хешро дар роҳи бунёди ҷомеаи мутамаддин гузорем. Пас ҳар як фарди ҷомеаро муҳим аст, ки дар таҳкими арзишҳои Истиқлолияти миллӣ ва Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ собитқадамона заҳмат кашад ва барои пешрафти ҷомеаи ободу осуда саҳми арзандаи хешро гузорад.

                                                                             Котиби маҷлиси судии суди шаҳри Хоруғ

                                                                                                            Вистобатшоева Я.Ш.

            Иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

      Иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – маҷлиси вакилони Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 16.11.1992 то 2.12.1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд бо мақсади барқарор кардани ҳокимият конситутсионӣ доир гардид. Дар Иҷлосия аз 230 нафар вакили халқ, 193 нафар иштирок доштанд ва дар маҷмӯъ 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун, 52 қарор,  6 фармон ва 2 муроҷиатнома қабул карданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 1992 миллат муайян намуданд, зеро он дар кишвар гардиши куллиеро ба вуҷуд овард. Маҳз дар Иҷлосияи тақдирсози  мазкур муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби намояндагони мардуми кишвар ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, ҳамзамон ваколати сардори давлат ба он кас дода шуд. Ба ӯҳдаи сардори давлат таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардид. Сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами  миллат назми ҷомеаро ба вуҷуд оварда, мардумро ба ояндаи дурахшон бовар кунонид.Иҷлосияи 16 уми Шӯрои Олӣ тадбирҳои муҳим сарнавиштсози зеринро анҷом додааст:  роҳбарияти нави сиёсии мамлакатро  таҳти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб намуд, сохтори конститутсиониро  дар мамлакат барқарор сохт, хатари пош хӯрдани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парокандагии  миллатро пешгирӣ намуд, тадбирҳои мукаммали аз бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани ҷомеаро ба миён гузошт, самтҳои асосии сиёсати дохилии мамлакатро муайян намуд, мавқеи байналмиллалӣ ва сиёсати хориҷии кишварро муайян сохта, барои ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои ҷаҳон роҳ кушод, қонунгузории ҷумҳуриро устувор намуд ва ба  рушди он замина гузошт.

Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомали Раҳмон буданд, халқаҳои аз ҳам гусастаи Тоҷикистонро ба занҷираи мустаҳками иттиҳод пайвастанд, миллати азияткашидаи тоҷиконро аз вартаи ҳалокат бо нобудӣ ба раҳои оварданд, як меҳани соҳибистиқлолу воҳид эъмор карданд ва худ девору қалъа ва барои Тоҷикистон гардид.

Маҳз бо шарофати иҷлосияи мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистон  пас аз ба даст овардани истиқлолият ба роҳи райъпурсии умумихалқӣ Қонуни асосии кишварро таҳия ва қабул намуд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии пешрафти ҳокимияти  давлатӣ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрвандро мушаххас муайян намудааст.

Котиби маҷлиси судии Суди ВМКБ

Руштова Осия

                     “Иҷлосияи 16 Шурои Олии Ҷумҳурии                                                      Тоҷикистон наҷотбахши миллат    ва                                   давлати навини тоҷикон”.

       Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — маҷлиси вакилони Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 16.11.1992 то 2.12.1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд бо мақсади барқарор кардани ҳокимияти конститутсионӣ доир гардид. Дар Иҷлосия аз 230 нафар вакили халқ 193 нафар иштирок доштанд ва дар маҷмӯъ 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва 2 муроҷиатнома қабул карданд.

Масъалаҳои муҳими Иҷлосия

Аввалин масъалаҳои ҳаётан муҳимме, ки дар Иҷлосия баррасӣ карда шуданд: тадбирҳо барои эътидол овардани вазъи ҷамъиятию сиёсӣ дар ҷумҳурӣ, барқарор кардани ҳамаи шохаҳои ҳокимият дар тамоми минтақаҳои мамлакат, таҳкими ҳокимияти конститутсионӣ ва ба шароити нав мутобиқ кардани он, таъсиси артиши миллӣ ва қувваҳои сарҳаддӣ барои пурзӯр кардани ҳифзи сарҳадди давлатии Тоҷикистон, таъмини амнияти давлатӣ ва пуштибонӣ аз дастовардҳои истиқлолият, ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ ва аз буҳрон баровардани кишвар, интихоби раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъйин намудани сарвазири мамлакат, қабули муроҷиатнома ба мамлакатҳои аъзои ИДМ дар бораи ба Тоҷикистон фиристодани нерӯҳои сулҳдӯст, ба ҷои муқимии зиндагӣ бозгардонидани гурезагон, тасдиқ намудани аъзои Девони вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар Иҷлосия вакилони мардумӣ Эмомалӣ Раҳмон  Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — роҳбари давлат интихоб гардид. Дар Иҷлосия Раиси тозаинтихоби кишвар Эмомалӣ Раҳмон мақсад ва ҳадафи асосии худро чунин баён карда буд: «Ба хотири истиқрори сулҳи пойдор ва бозгашти ҳамаи фирориён ба Ватан ман тайёр ҳастам, ки ҷонамро қурбон созам». Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ бо қабул намудани Муроҷиатнома ба сарварони гурӯҳҳои мусаллаҳ роҷеъ ба имзои созишномаи барои истиқрори сулҳ ва ягонагӣ, таъмини истиқлол иқдоми нахустин гузошт. Дар ин санади тақдирсоз аз ҷумла изҳор шуда буд: «Бо мақсади таъмин намудани ягонагӣ ва муттаҳидии ҷумҳурӣ Шуморо даъват менамоем, ки 25-уми ноябри соли 1992 дар соати 14 дар Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҳукумати Тоҷикистон иштирок намоед. Ҳукумати Тоҷикистон ба бехатарии Шумо кафолат медиҳад». Раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон сарварони тарафҳои муқобилро ба иштирокдорони иҷлосия муаррифӣ карда, таъкид кард: «Ин иҷлосия тақдирсоз аст, бояд донем, ки тақдири ояндаи миллат, кишвар, ватан, давлат дар дасти мост. Аз ин лиҳоз, бояд худшинос шавем, хиради волои хешро баҳри якпорчагии ҷумҳурии азизамон истифода барем

Натиҷаи Иҷлосия

Иҷлосия барои ба ҳам омадани тарафҳои даргир бунёди устувор гузошт, ки бо роҳҳои ҳалли низои байни тоҷикон ва то ҷое дар ташаккули ғояи «Гуфтугӯи тамаддунҳо» низ замина фароҳам кард. Ҳамчунин Иҷлосия заминаи муҳим барои истиқрори сулҳ, ризояти миллӣ ва ҳамбастагии мардуми кишвар гузошт. Аҳаммияти бузурги Иҷлосия дар он буд, ки волоияти қонун барқарор шуд ва ҳалли масъалаҳои муҳимми сиёсӣ бо роҳи конститутсионӣ шурӯъ гардид. Дар нахустин гузориш худ Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт, ки: «Ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард. Мо ҳама бояд ёру бародар бошем, то ин ки вазъро ором намоем…». Иҷлосия нақши бузурги созандагию бунёдкорӣ дошта, якпорчагии Тоҷикистон, ваҳдати миллӣ ва таҳқими сулҳи Тоҷикистон аз он оғоз мегирад. Иҷлосия исбот кард, ки миллати тоҷик дорои қувваи солим ва иродаи қавиест, ки кишварро аз буҳрони сиёсӣ берун бароварда метавонад. Аҳаммияти таърихии Иҷлосия барои дарки худшиносӣ ва ҳувияти миллии тоҷикон ва мардуми Тоҷикистон арзиши бузурги таърихие дорад, ки имрӯз мояи ифтихор аст. Иҷлосия истиқлоли воқеии миллати тоҷикро бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъмин карда, барои худшиносии миллӣ ва иқдоми муҳимми сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ заминаи мусоид фароҳам овард.

Бо мақсади қатъи ҷангу хунрезӣ, баргардонидани гурезаҳо ва сарҷамъ кардани миллат, аз байн бурдани ҳисси нобоварии маҳалҳои гуногуни кишвар нисбат ба якдигар, барқарории фаъолияти шохаҳои ҳокимият ва таъмини қонуният, яъне тақдири ояндаи наздиктарини ватанамон, аз ҷониби Раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳое андешида шуданд, ки хулосаи онҳо чунин аст:

  1. Вобаста ба марҳалаи ҳассоси сиёсӣ ва вазъияти баамаломада фаъолияти институти президентӣ боздошта шуд ва салоҳиятҳои Президенти мамлакат муваққатан дар байни Раисони Шӯрои Олӣ, Шӯрои Вазирон ва Раёсати Шӯрои Олӣ тақсим карда шуданд. Роҳбарии Шӯрои Олӣ ва Раёсати он ба зиммаи Раиси Шӯрои Олӣ гузошта шуд ва Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати мақоми олии иҷроия ва амрдиҳанда, асосан, барои ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ масъул гардид;
  2. Фаъолияти сохторҳои ҳокимияти давлатӣ дар аксари шаҳру ноҳияҳо ва ҳатто вилоятҳо фалаҷ шуда буд ва дар як қатор маҳаллу минтақаҳо ҳокимияти иҷроия комилан аз байн рафта, идораи корҳо ва умуман тақдири мардумро шахсон ва гурӯҳҳои силоҳдор ба даст гирифта буданд. Бо туфайли иҷлосия ҳамаи шохаҳои хокимият дар тамоми манотиқи мамлакат барқарор гардид.
  3. Масъалаи муҳимтарин таҳкими ҳокимияти конститутсионӣ ва ба шароити нав мутобиқ намудани он буд. Бо ин мақсад ба Конститутсияи соли 1978 ва қонунҳои мавҷуда як қатор тағйироту иловаҳо ворид карда шуданд.
  4. Масъалаи таъсис додани артиши миллӣ ва кувваҳои сарҳаддӣ ба хотири пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон, таъмини амнияти давлатӣ ва пуштибонии дастовардҳои истиқлол буд.

Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои нави сиёсӣ буда, дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи наверо боз намуд. 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди бостонӣ баргузор гардидани Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) беҳтарин ва муҳимтарин амал баҳри рушди Истиқлолияти кишвар мебошад. Ин иҷлосия ва асноди ҳуқуқии он дар ҳифзи давлатдории миллӣ ва инкишофи ниҳодҳои демократӣ дар Тоҷикистон нақши муайянкунанда бозид.

  1. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 1992 нақш ва мавқеи Иҷлосияро ба сифати рӯйдоди сарнавиштсози миллат муайян намуданд, зеро он дар кишвар гардиши куллиеро ба вуҷуд овард. Маҳз дар Иҷлосияи такдирсози мазкур муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби намояндагони мардуми кишвар ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, ҳамзамон ваколати сардори давлат ба он кас дода шуд. Ба ӯҳдаи сардори давлат таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардид. Сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат назми ҷомеаро ба вуҷуд оварда, мардумро ба ояндаи дурахшон бовар кунонид.
  2. Зеро аз рӯзи аввали ба вазифа шурӯъ кардан ба мардуми шарафманди Тоҷикистон муроҷиат намуда, чунин иброз доштанд, ки «Ман ба ҳар яки Шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати Шумо, ки ворисони фарзандони барӯманди миллати тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гул-гулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».
  3. Воқеан ҳам Пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар савганди худ содиқ монда, барои ба даст овардани сулҳи тоҷикон нахуст дасти мардонагии худро ба сӯи мухолифини ҳукумат дароз карда, сулҳи ҷовидонаи тоҷиконро ба даст оварданд. Барҳақ, тамоми нерӯву ғайрат ва ҳам ҳастияшонро барои ояндаи дурахшони Ватан, пойдории сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва зиндагии пурсаодати халқи азизашон сарф намуданд, ки имрӯзҳо халқи Тоҷикистон дар фазои сулҳу оромӣ умр ба cap бурда истодаанд.
  4. Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки ҳалқаҳои аз ҳам гусастаи Тоҷикистонро ба занҷираи мустаҳками иттиҳод пайвастанд, миллати азияткашидаи тоҷиконро аз вартаи ҳалокат ва нобудӣ ба раҳоӣ оварданд, як меҳани соҳибистиқлолу воҳид эъмор карданд ва худ девору қалъа ва бораи Тоҷикистон гардиданд.
  5. Маҳз бо шарофати иҷлосияи мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлолият бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ Қонуни асосии кишварро таҳия ва қабул намуд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии пешрафти ҳокимияти давлатӣ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрвандро мушаххас муайян намудааст.
  6. Ин ҳуҷҷатҳои муҳим ва қабули Қонун “Дар бораи гурезагон”, ки ба онҳо амнияти шахсӣ ва ёрии моддиву имтиёзҳои имконпазирро кафолат медоданд, бори дигар собит сохтанд, ки роҳбарияти нави Ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон тарафдори сулҳу осоиш аст ва баҳри сохтани ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ азму талош дорад ва ҳимояи шарафи инсонии ҳар фардро вазифаи аввалиндараҷаи худ медонад.
  7. Метавон қайд намуд, ки давраи навини қонунгузории кишвар аз ин иҷлосияи тақдирсоз оғоз гардидааст ва дар маҷмуъ, Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ тадбирҳои муҳими сарнавиштсози зеринро анҷом додааст: роҳбарияти нави сиёсии мамлакатро таҳти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб намуд, сохтори конститутсиониро дар мамлакат барқарор сохт, хатари пош хӯрдани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парокандагии миллатро пешгирӣ намуд, тадбирҳои мукаммали аз бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани ҷомеаро ба миён гузошт, самтҳои асосии сиёсати дохилии мамлакатро муайян намуд, мавқеи байналмилалӣ ва сиёсати хориҷии кишварро муайян сохта, барои ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои ҷаҳон роҳ кушод, қонунгузории ҷумҳуриро устувор намуд ва ба рушди он замина гузошт.
  8. Имрӯз низ сиёсати давлатӣ, ки таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ҷараён дорад, ҳадафҳои стратегӣ – расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва татбиқи сиёсати миллӣ дар сатҳи иҷтимоиро пайгирона дунбол менамояд. Мебояд таъкид намуд, ки дар Ватане ки мо зиндагӣ ва умр ба cap мебарем ҳар зарра хокаш муқаддас ва ҳар ваҷаб заминаш маъбади имону ихлос ва музаффариятҳои ҳар яки мову шумо мебошад.
  9. Боварии комил дорем, ки миллати тоҷик бо роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ба ҳадафҳои стратегии худ ноил гардида, рушди ҳамаҷонибаи кишвар таъмин карда мешавад.
  10. Танҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар cap андешаи имрӯзу фардои нек, дар қалб розу ниёзи созандагӣ, дар лаб муноҷоту ниёиши озодманишӣ ва дар ният оромиву осудагии миллат ва зиндагии шоистаи моро мепарварад.

                                                        Котиби маҷлиси судии суди шаҳри Хоруғ

Розиева Аниса