Паёми табрикотии раиси Суди ВМКБ

                                                               Истиқлолияти Давлатӣ                                                         

 таҳкимбахши Ҳокимияти судӣ

      Ман мехостам баромади худро, ки ба Истиқлолияти давлати бахшида шудааст, аз сухани пурмуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои Милат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон оғоз намоям, ки гуфта будаанд.«Истиқлолият ҷавҳари асосии зиндагии миллат аст». Аз ин ҷост, ки мустақилияти судҳо ҳамчун кафолати ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон ба Истиқлолияти давлатӣ алоқамандии зич дорад.

Бе ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ вуҷуд доштани Рамзҳои давлатӣ; Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ ва Конститутсия ғайриимкон мебошад. Танҳо бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ  дар арсаи ҷаҳони миллат ва халқиятҳо шинохта мешавад.

Миллати куҳанбунёди тоҷик дар охири асри 20 давлати комилан мустақили миллӣ шуд, ки мо 32-умин солгарди истиқлолияти онро ҳамчун ҷашни таърихии Миллӣ таҷлил мекунем.

Бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дере нагузашта дар кишвар манфиатҳои шахсиву гурӯҳӣ аз манфиатҳои давлативу умумимиллӣ боло гузошта шуданд. Қувваҳои моҷароҷӯи дохиливу хориҷӣ, ки мустақилияти кишвар ва низоми давлатдории навинро намехостанд, дар ҷомеа тухми кинаву адоват, низоъ ва ҷудоихоҳиро пошида, оташи ҷанги шаҳрвандиро афрӯхтанд. Талафоти зиёди ҷониву молӣ, афзудани шумораи фирориёни иҷборӣ ваҳдати миллӣ ва якпорчагии мамлакатро зери хатар гузошт. Бинобар ин, чораҳои муассире андешидан зарур буд, ки ба ин ҷанги таҳмилӣ хотима дода, якпорчагии ватани азизамонро нигоҳдорем. Дар он лаҳзаҳои душвор барои миллат ягон нафаре роҳбари мақоми оли давлатро ба зимма гирифтан намехост.

Хушбахтона моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумхурии Тоҷикистон даъват гардид, ки чархи таърих ба бахти миллати тоҷик мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба арсаи сиёсат овард ва аз рӯзи ба мансаби сарвари давлат омаданашон қадамҳои нахустини худро дар роҳи истиқлоли сулҳ ва ваҳдати миллӣ гузошт ва воқеан ҳам дар ин роҳ муваффақ гашт. Роҳбари давлат аз тамоми имкониятҳо истифода менамуд, ки пеши харобии кишвар аз ҷанг гирифта шавад. Ақлу хиради мардуми шарифи тоҷик бо роҳбарии Саравари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғалаба кард ва ин Истиқлолияти давлатӣ нигоҳ дошта шуд.

Истиқлолияти давлатӣ ин дастоварди муқаддастарин ва бузургтарини таърихи навини халқи Тоҷикистон буда ва дастовариди бузурги бебаҳо ва ормони чандинасраи фарзандони асилу огоҳи миллати куҳанбунёди мо мебошад.

Истиқлолият ҳамчун рукни бунёди озодии инсон ва ҷавҳари асосии зиндагӣ дар тамоми давру замонҳо чузъи таркибии ҳасти ва ҳувияти миллати мо буд. Мо имрӯз ифтихор дорем,  ки тоҷикон аз ҷумлаи қадимтарин миллатҳои ҷахон буда, бо осори гаронбаҳои моддӣ ва маънавии худ барои пешрафти фарҳанг ва маънавиёти халқҳои дигар хизмати шоиста кардаанд.

Дар рукни бунёди давлати мустақил, озодии инсон ва ҷавҳари асосии зиндагӣ дар тамоми давру замонҳо мақоми махсус дорад.

Чунончи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, адолати судӣ дар ҳақиқат ҳам бояд ҳамчун яке аз кафолатҳои асосии таъмини ҳуқуқу озоди ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон бошад.

Мақомоти судии Точикистон дар он солҳои нооромӣ карорҳои Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро сармашки кори худ қарор дода, баҳри оромии ҷомеа, якпорчагии давлати навини Тоҷикон корҳои назаррасеро ба сомон расониданд.

Яке аз дастовардҳои муҳими мустақилияти мақомоти судӣ ва баланд гардидани нақши мақомоти судии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият ин қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Пас аз қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади сари вақт таъмин намудани ҳифзи ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон ва бехатарии давлат Президенти Ҷумҳурии Точикстон ба мақомоти судии Ҷумҳурӣ дастур додаанд, ки лоиҳаҳои қонунҳоеро таҳия намоянд, ки онҳо ба талаботи замон ва қолабҳои байналмиллалии марбути рушди низоми судӣ мувофиқ бошанд.

Бинобар ин соли 1995  як қатор қонунҳои Конститутсионӣ «Дар бораи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мақоми судяҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи сохтори судҳо» таҳия ва қабул гардидаанд, ки нақш ва мустақилияти ҳокимияти судиро дар ҷомеаи навини тоҷикон баланд бардошт.

Аввалин маротиба тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти давлатӣ ба ҳокимияти  қонунгузор, иҷроия ва судӣ тақсим карда шуд.  Аз ин ҷост, ки 26 сентябри соли 1999 дар натиҷаи райъпурсии умумихалқӣ  ба Конститутсия тағйироту иловаҳо ворид гардида, барои мустаҳкам ва мустакилияти ҳокимияти судӣ, таҳия намудани таклифотҳо оид ба ислоҳоти судӣ, хоста гирифтан пешбарии номзадҳо ба вазифаи судягӣ, озод намудани судяҳо аз вазифа, мақоми коллегияви- Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Ғайр аз ин пас аз тағйиротҳо ба Конститутсия 6 августи соли 2001 Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки он бевосита аз меъёрҳои Конститутсия буда, тарзи ташкил ва фаъолияти судҳо, ҳамчунин фаъолияти Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои таъмини ташкили ва моддиву техники судҳоро ба танзим медарорад. Бо назардошти ин тағйиротҳо бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 48 аз 14 декабри соли 1999 Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, Ҳокимияти судӣ аз зери итоати Ҳокимияти иҷроия бароварда шуд. Инчунин бо мақсади баланд бардоштани сатҳи малакаи касби ва дараҷаи донишҳои судяҳо  ва кормандони дастгоҳи судҳо бо Қарори Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикстон аз 31 марти соли 2003 тахти № 150 дар назди Шурои адлияи Ҷумҳурии Точикисмтон маркази таълимии судяҳо ташкил карда шуд.

Дар давраи Истиқлолият, Қабули Кониститутсия ва дастгирии пайвасти роҳбарияти олии сиёсии мамлакат ба раванди ислоҳоти судӣ, ки ҳануз аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ оғоз гардида буд, такони нав бахшид ва асоси ин ислоҳот тақвияти ҳокимяти судӣ, ҷараёни демократикунонии мурофиаи судӣ ва  дар ин замина кулан тағйир додани фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба шумор меравад.

Вобаста ба муқаррароти мазкур боби 8-уми Кониститутсия ба танзими ҳокимяти судӣ ҳамчун рукни алоҳида ва мустақили ҳокимяти давлатӣ бахшида шуда, принсипҳои асосии фаъолияти он, низоми сохтори судӣ, вазифа, мақсадҳои амалӣ намудани адолати судӣ ва ваколати судяҳоро муқаррар намудааст.

Ба такмили бомароми низоми судии мамлакат баъд аз ба даст овардани истиклолият суръати тоза бахшида шуда, бо назардошти он, ки дар давлати демократӣ ҳокимяти судии мустақили беғараз дар таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, қонуният ва адолати иҷтимоӣ нақши асосӣ дорад, ба ташаккули ин шохаи ҳокимяти давлатӣ заминаи боэътимод гузошта шуд.

Имрӯз дар кишвар адолати судӣ аз тарафи Суди кониститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоятҳо  ва шаҳри Душанбе дар шакли мурофиаи судии кониститутсионӣ, гражданӣ, иқтисодӣ, ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар асоси принсипҳои мустақиляти судҳо, ошкоро будани муҳокимаи судӣ, мубоҳиса ва баробарии тарафҳо ва ғайра ба амал бароварда мешавад.

Мавриди зикр аст, ки дар даврони истиқлолият барои таҳким бахшидани фаъолияти мақомоти судӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон аз 14 апрели соли 1997 «Дар бораи баъзе тадбирҳо оид ба таъмини мустақилияти ҳокимияти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки ин мустақилияти судҳоро боз ҳам дар ҷомеаи навини тоҷикон баланд бардошт.

Мустақилияти судҳоро моддаҳои 84 ва 87 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат медиҳад. Дар моддаи 84 Конститутсия омадааст, Ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту  муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд.

Ҳокимияти судӣ дар давраи истиқлолият танҳо ба судҳо босалоҳият ва дар асоси қонун ташкил ёфта дар симои судяҳо ва машваратчиёни халқӣ, ки дар ҳолатҳои муқаррар кардаи қонун барои ба амал баровардани адолати судӣ ҷалб карда мешавад, таалуқ дорад. Хусусияти фарқкунандаи ҳокимияти судӣ дар мустақилӣ, истисноӣ, ба қонун итоат намудан, ягонагии он ифода ёфта, аз номи давлат амалӣ намудани адолати судиро аз ҷониби мақомоти махсуси давлатӣ- судҳо таъмин мекунанд. Ягон мақоми дигар ё шахсони ҳуқуқӣ ба  зиммаи худ гирифтани таъмини татбиқи адолати судиро надоранд.

Ба аммал баровардани ин ҳокимият ба зиммаи суд ҳамчун мақоми махсус вогузор карда шудааст, ки он аз рӯи тартиби муайянкардаи қонун талаботи меъёрҳои ҳуқуқиро татбиқ намуда, муносибатҳои ба вуқӯъ омадаро баррасӣ ва ба онҳо баҳои ҳуқуқӣ дода, дар ин хусус қарори дахлдори қонунӣ ва асоснок қабул менамояд.

Мавриди зикраст, ки мустақиляти судҳо дар даврони Истиқлолият пеш аз ҳама баҳимояи ҳуқуқ ва озодии шаҳрвандони Тоҷикистон  тамоми ҳуқуқҳои фардии шахс, аз ҷумла баробарҳуқуқии инсонҳо дар назди қонун ва суд, ҳаққи зиндагӣ, озодии сухан, ташкили оила, ҳуқуқ  ба меҳнату истироҳат, манзилу моликият, таҳсил, саломатӣ, ҳифзи судиву истифода аз ёрии ҳуқуқӣ ва дигар ҳуқуқу озодиҳо равона карда шудааст.   Зеро дар даврони истиқлолият тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии арзишҳои муқаддастарин ҳисобида шуда, ҳифзи онҳо тавассути ҳокимяти судӣ кафолат дода мешавад.

Чуноне, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд кардаанд «Фаъолияти судҳо  бояд мисли оина покиза бошад ва онҳо бо масъулияти баланд дарк намоянд, ки давлат амалӣ намудани адолати судиро, ки бевосита баҳифзу ҳимояи муқаддастарин ва муқаддамтарин арзиш, яъне инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ алоқаманд мебошад, ба мақомоти судӣ бовар намудааст ва саҳлангорию  бемасъулияти дар иҷрои ин рисолат амалӣ намудан, норавост».

Яке аз дастоварҳои муҳими даврони истиқлолият ин соли 2018 ин бо дасгирии бевоситаи Асосгузори сулҳ ва ваҳдати Милӣ-Пешвои Миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маркази вилоят бо манзили истиқомати таъмин гардидани судяҳои ВМКБ ва судяҳои шаҳри Хоруғ мебошад. Тибқи дастури Пешвои Миллат 8 адад манзили истиқоматӣ ба судяҳо ҷудо карда шудааст, ки ба фаъолияти корӣ ва зисту зиндагии судяҳо таъсири мусбат расонид. Мо судяҳо бояд ба ин ғамхори ва боварии Сарвари давлат Ҷаноби Оли Эмомалӣ Раҳмон, ки дар  ин даврони истиқлолият ба мо кардааст, сазовор гардида бо меҳнати ҳалол, ақлу хиради солим, донишу таҷрибаи пешрафт ҷаҳони, ҳисси баланди миллӣ таҳкими ҳама ҷонибаи қонуният ва таъмин намудани адолати иҷтимоиро ба роҳ монда, ва ҳамеша шукронаи сулҳу амнияти кишвар ва истиқлолитяти давлатамонро намоем.

Аз ин фурсати муносиб истифода бурда, Шумо ҳамкасбони муътабаро ба ин иди Миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ табрик карда ба ҳамаи Шумо хонаободӣ, рузгори тенҷ ва  дар кору фаъолияти хизматиатон бурдбориҳо орзумандам. Иддатон муборак.

 

 

Назарзода Абдуҳанон Худойназар

Раиси суди ВМКБ