Ҳокимияти судӣ — кафили ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд

Ҳокимияти судӣ — кафили ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд

Бо ворид гардидани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид» аз 2 январи соли 2018 ҳар сол дар тақвими сиёсии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон санаи 26 октябр ҳамчун “Рўзи кормандони мақомоти судӣ” ҷашн гирифта мешавад.
Аз файзи сиёсати адолатпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти мақомоти судӣ, ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ сол ба сол таҳким ёфта, дар низоми ҳуқуқии мамлакат ҳамчун кафили ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд амал менамояд.
Баъд аз соҳибистиқлол гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми судӣ ислоҳоти фарогир анҷом дода шуда, ҳокимияти судӣ ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф гардид. Фаъолияти мақомоти судӣ бар асоси талаботи замон ва меъёрҳои асноди байналмилалӣ танзим гардида, мустақилияти судяҳо бо меъёрҳои конститутсионӣ таҳким ёфтанд.
Мақомоти судии Тоҷикистон дар ҷараёни рушду такомул борҳо тағйири сохторӣ ёфта бошад ҳам, моҳияти фаъолияти асосии он – таъмини адолати судӣ, волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии инсон, шаҳрванд ва давлат тағйирнопазир монд.
Дар ҳамин ҳол, барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки асоси ҷомеаи демократӣ ба шумор меравад, нақши ҳокимияти судӣ басо назаррас аст.
Бесабаб нест, ки боби 8 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ба суд ва ҳокимияти судӣ бахшида шуда, дар дигар моддаҳои он ҳолатҳое, ки марбут ба амалишавии ҳуқуқу уҳдадориҳои инсон, шаҳрванд ва ташкилоту муассиса, сарфи назар аз шакли моликияташон, бавосита ё бевосита зикр шудаанд, ки татбиқи онҳо низ дар ниҳояти кор ба дўши мақомоти судӣ аст. Зеро ҳаллу фасли қонунии ҳама гуна баҳсу ихтилофот ва матраҳ кардани дигар масоили ҳуқуқӣ, пеш аз ҳама, дар салоҳияти судҳост.
Баъди ба даст овардани истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сохтмони давлати мустақили ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ қадам гузошт. Ин раванд, пеш аз ҳама, тақсимоти равшани ҳокимиятро талаб мекард: қонунгузор, иҷроия ва судӣ.
Меҳвари ислоҳоти судию ҳуқуқиро дар Тоҷикистон ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ташкил дод. Тавассути меъёрҳои конститутсионӣ принсипҳои адолати судӣ шакли расмӣ гирифтанд ва хусусияти умумиҳатмӣ пайдо карданд ва амалӣ гаштани онҳо минбаъд ҳам зарурияти такмил дода шудани фаъолияти тамоми мақомоти ваколатдори давлатӣ, амалҳои мурофиавиву судиро талаб мекунад, ки ҳадафи ислоҳоти судию ҳуқуқиро дар Тоҷикистон ифода мекунанд.
Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1994) оғози марҳалаи сифатан нав дар рушди низоми ҳуқуқӣ, аз ҷумла ҳокимияти судӣ гардид. Мувофиқи моддаи 9 ва боби 8-уми Конститутсия, ҳокимияти судӣ ҳамчун шохаи мустақил эътироф гардида, танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат мекунад. Судҳо адолати судиро татбиқ мекунанд ва ягон мақоми дигар ҳақ надорад, ки ба фаъолияти онҳо дахолат кунад.
Дар заминаи меъёрҳои Конститутсия давра ба давра татбиқ шудани ислоҳоти судӣ — ҳуқуқӣ дар кишвар ва дар доираи он такмилу таҳким бахшидан ба сохтор ва фаъолияти мақомоти судӣ, мустаҳкам намудани асосҳои ҳуқуқии адолати судӣ, шароити моддиву техникии судҳо ва беҳтар кардани вазъи ҳуқуқиву иҷтимоии судяҳо, васеъ кардани имкониятҳои иштирокчиёни мурофиаи судӣ дар самти дастрас гардидан ба адолати судӣ ҷузъи сиёсати ҳуқуқӣ дар самти рушд ва таҳкими адолати судӣ мебошад.
Конститутсияи Тоҷикистон моҳияти ҳокимияти судӣ ва мақсаду вазифаҳои онро муқаррар намуда, чунин меъёрро пешбинӣ кардааст: «Ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд». Яъне судяҳо ҳангоми ба амал баровардани адолати судӣ мустақил буда, фаъолияти худро аз номи давлат амалӣ менамоянд ва танҳо ба қонун итоат мекунанд.
Дар ин замина суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бамаврид мебошанд:«Ин дигаргуниҳои куллӣ маҳз ба хотири идома бахшидан ба ислоҳоти ҳуқуқӣ ва таъмини мустақилияти ҳокимияти судӣ равона гардида, ба талаботи давру замон мувофиқ мебошанд».
Конститутсия муайянкунандаи вазъи ҳуқуқии инсон буда, аз ин роҳ таъмини онро кафолат медиҳад ва он қабл аз ҳама, дар муқаррар намудани ҳадду марзи салоҳияти рукнҳои давлат ифода меёбад. Аз ин рў, дар Конститутсия чунин омадааст: «Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд. Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракуниро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд».
То қабули Конститутсия дар кишвар танҳо судҳои умумӣ амал мекарданд. Баъдтар бо ислоҳоти судӣ ва қабул гардидани қонунҳои марбут ба фаъолияти судҳо, ниҳодҳои зерин таъсис дода шуданд:

  • Суди конститутсионӣ – бо мақсади ҳифз, таъмини волоият ва амали бевоситаи Конститутсия ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
  • Судҳои иқтисодӣ – барои баррасӣ ва ҳалли баҳсҳои иқтисодӣ;
  • Судҳои ҳарбӣ – бо мақсади ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои хизматчиёни ҳарбӣ, шаҳрвандоне, ки аз ҷамъомади ҳарбӣ мегузаранд, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии қисмҳо, корхонаю муассиса ва ташкилотҳои ҳарбӣ, мустаҳкам кардани қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ.
    Бо таъсиси ин ниҳодҳо, сохтори судии мамлакат шакли муосир ва касбиро гирифт.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳокимияти судиро яке аз пояҳои муҳими давлатдорӣ арзёбӣ намуда, пайваста барои такмил ва таҳкими он иқдомоти муассирро роҳандозӣ намудаанд.
    Аз ҷумла, бо мақсади таҳкими ҳокимияти судӣ, бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чор барномаи ислоҳоти судӣ- ҳуқуқӣ барои солҳои 2007-2010, 2011-2013, 2015-2017 ва 2019-2021 қабул ва амалӣ гардидаанд.
    Ин барномаҳо ба ислоҳоти амиқи қонунгузорӣ, такмили сох-тору воҳидҳои кории судӣ, боло бурдани маоши судяҳо, таъмини моддиву техникии судҳо ва таҳкими мустақилияти судяҳо мусоидат на-муданд.
    Барои фаъолияти пурсамари ҳокимияти судӣ қонунгузории кишвар низ таҳким ёфт. Бо мақсади иҷрои супориши Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1995 якчанд қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тартиби ташкил ва фаъолияти мақомоти судии мамлакатро ба танзим медароварданд ва таҳияи онҳоро худи Конститутсия пешбинӣ намуда буд, қабул гардиданд. Инҳо қонунҳои конститутсионӣ «Дар бораи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мақоми судяҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи сохтори судҳо» буданд. Баъдан бо мақсади танзими якхелаи фаъолияти мақомоти судӣ қонунҳои мазкур такмил дода шуда, 6 августи соли 2001 дар як Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» муттаҳид шуда, аз ҷониби Маҷлиси Олӣ қабул гардид.
    Ҳамаи ин санадҳо принсипҳои асосии адолати судӣ – мустақилият, шаффофият, баробарӣ дар назди қонун ва муҳокимаи одилонаро дар амал таъмин менамоянд.
    Принсипи таҷзияи ҳокимият, ки дар Конститутсия муқаррар шудааст, фаъолияти мустақили ҳар як шохаи ҳокимиятро кафолат медиҳад. Судҳо дар амалисозии адолат, ҳалли баҳсҳо ва ҳифзи ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолат, бояд танҳо ба Конститутсия ва қонунҳо такя кунанд.
    Бо мақсади дар амал татбиқ намудани принсипи мазкур фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 апрели соли 1997, №692 «Дар бораи баъзе тадбирҳо оид ба таъмини мустақилияти ҳокимияти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар низоми судии кишвар навгонии зиёде ворид намуд. Тибқи ин фармон ҳаллу фасли як қатор масъалаҳо, аз қабили таъсиси вазифаи приставҳои судӣ, ёрдамчиёни раисони судҳо, шумораи зарурии котибони маҷлиси судӣ, ҷудо кардани маблағ барои таъминоти моддии судҳо, вазъи иҷтимоии судяҳо ва аъзои оилаи онҳо, таъмир ва таҷҳизонидани бинои судҳо бо асбобу ашёи зарурӣ, таъмин кардани онҳо бо воситаи нақлиёт ва техникаи ёрирасон пешбинӣ гардида, марҳала ба марҳала ҳаллу фасл карда шуданд.
    Аз тобеияти ҳокимияти иҷроия, яъне Вазорати адлия баровардани судҳо як иқдоми нав дар таърихи фаъолияти судҳо мебошад. Бо мақсади таҳкими ҳокимияти судӣ ва таъмини мустақилияти судҳо дар амалӣ кардани адолати судӣ, таъсиси Шурои адлия ва соли 2016 бо мақсади пурра мустақил гардидани ҳокимияти судӣ, ки фаъолияти худро дар ҳама самтҳо тавассути мақоми болоии худ амалӣ гардонда буд, барҳам дода шуд ва вазифаҳои он ба зиммаи Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ вогузор гашт. Дар ин замина маоши вазифавии судяҳо ва шароити кории онҳо низ беҳтар карда шуд.
    Бо дастгирии Ҳукумати кишвар дар солҳои соҳибистиқлолӣ биноҳои наву замонавии Суди Олӣ ва судҳо дар аксар шаҳру ноҳияҳо сохта шуданд. Биноҳои куҳна таъмиру таҷҳизонида шуданд. Судҳо бо интернет, вебсомонаҳо, воситаҳои нақлиётӣ ва технологияҳои муосир таъмин гардида, музди меҳнат ва шароити иҷтимоии судяҳо такмил ёфт.
    Соли 2021 бо қабули Қонун «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо» принсипи ошкоро будани муҳокимаҳои судӣ ва дастрасии ҷомеа ба адолати судӣ қонунӣ гардонида шуд.
    Ҳокимияти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имрўз ба як ниҳоди комилан мустақил ва таъсиргузори идоракунии давлатӣ табдил ёфтааст. Дар заминаи сиёсати бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии ҳамаҷонибаи давлат, адолати судӣ ҳамчун пояи асосии ҳифзи ҳуқуқ ва таъмингари волоияти қонун мебошад.
    Рушду такомули минбаъдаи ҳокимияти судӣ, шаффофияти фаъолият, касбият ва масъулияти шахсии ҳар як судя кафолати давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи адолатпарвар хоҳад буд.
    Дар шароити муосири ҷомеа, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон арзиши асосии давлат ба ҳисоб мераванд, нақши кормандони мақомоти давлатӣ, бахусус судяҳо, беш аз ҳар вақти дигар муҳим гардидааст. Имрўз ҷомеа аз судҳо на танҳо риояи қонунро, балки маърифат, касбият, ахлоқи намунавӣ ва беғаразиро низ интизор аст.
    Дар чунин шароит судя набояд танҳо як корманди давлатӣ бошад. Ў бояд инсоне бошад, ки ба савганди худ содиқ монад, шаъну шарафи мансабашро эҳтиром кунад ва ҳар як қарори қабулнамудаашро бо виҷдони пок ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ қабул мекунад. Қарори суд бояд манзараи равшании адолат ва ҳақиқатро бозтоб диҳад – бе таъсири манфиат, фишор ё таассуб.
    Афзоиши аҳолӣ ва рушди пайвастаи ҷомеа боиси зиёд шудани шумораи парвандаҳои судӣ гардидааст. Ин раванд табиист, аммо дар баробари ин, масъулияти судяҳоро низ дучанд месозад. Имрўз судяҳо дар шароити сарбории зиёд қарор доранд, аммо бо вуҷуди ин, аз онҳо интизор меравад, ки сифати корашонро паст накарда, ҳамоно бо адолат, беғаразӣ ва риояи қонун фаъолият намоянд.
    Дар ниҳоят, адолати судӣ пояи боварии мардум ба давлат аст. Ва танҳо дар сурате, ки судяҳо рисолати худро бо виҷдон ва масъулият иҷро намоянд, метавон интизор буд, ки ҷомеа дар фазои ҳуқуқӣ ва бо боварӣ ба адолат рушд мекунад.
    Рўзи касбии кормандони мақомоти судӣ ба ҳамаи судяҳо ва кормандони мақомоти судии кишвар фархунда бод!

УМАРЗОДА Фирдавс Тавакалхуҷа,
раиси суди ВМКБ