НИШАСТИ МАТБУОТИИ СУДИ НОҲИЯИ РӮШОН

10 октябри соли 2019 дар суди ноҳияи Рӯшони ВМКБ вобаста ба натиҷаи фаъолияти суди ноҳия дар давраи нуҳ моҳи соли 2019 нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Дар нишасти матбуотӣ судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди ноҳияи Рӯшон иштирок намуданд.

Дар оғози нишасти матбуотӣ раиси суди ноҳияи Рӯшон Бобизода З. доир ба натиҷаи фаъолияти суд дар нуҳ моҳи соли 2019 бо таври мухтасар ба намояндагони воситаи ахбори омма ахборот пешниҳод намуд.

Қайд карда шуд, ки дар давоми нуҳ моҳи соли 2019 аз ҷониби суди ноҳияи Рӯшон дар маҷмӯъ 351 адад парвандаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Аз ин шумора 20 ададро парвандаҳои ҷиноятӣ, 20 ададро парвандаҳои гражданӣ, 56 ададро парвандаҳои оилавӣ, 246 ададро парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, 6 ададро дархостҳои мақомотҳои тафтишотӣ ва 4 ададро пешниҳодҳои иҷрочиёни Хадамоти иҷро ташкил медиҳанд.

Вобаста ба риоя накардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар давраи ҳисоботӣ 2 адад парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ гардида, дар натиҷаи баррасии парвандаҳо ба 2 нафар ба маблаги 7975 сомонӣ ҷарима татбиқ гардид.

Шумораи парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷиҳати риоя накардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ки аз ҷониби судяҳо баррасӣ гардидаанд, ба 122 адад расида, бо 113 парванда нисбати 113 нафар қарор қабул карда шуда, дар маҷмӯъ нисбати 52 нафар ҷазои огоҳӣ ва нисбати 61 ҷазои ҷаримаи маъмурӣ ба маблағи умумии 8965 сомонӣ таъин карда шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ баҳри дар амал татбиқ намудани «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019», ки ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон равона шудааст, 105 парвандаҳо дар мурофиаҳои сайёри судӣ баррасӣ гардида, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди ноҳия дар мавзӯъҳои ҳуқуқӣ дар телевизиону радио 4 баромадҳо карда, дар рӯзномаю маҷаллаҳо 3 мақола ба нашр расонида, 34 маротиба дар ташкилоту идорахо ва муассисаҳои таҳсилоти миёна вохӯрию мулоқотҳо баргузор намуданд.

Бо мақсади ҷалб намудани диққати мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор ба ҳолатҳои вайронкунии қонун ва сабабу шароитҳое, ки ба содир шудани қонунвайронкунӣ мусоидат кардаанд, судяҳо 37 таъинотҳои хусусӣ бароварда, барои чораҷӯӣ ба мақомотҳои дахлдор ирсол намудаанд.

Суди ноҳияи Рӯшон