МАФҲУМ, МОҲИЯТИ КОНСТИТУТСИЯ ВА НАҚШИ ОН ДАР НИЗОМИ ҲОКИМИЯТИ СУДӢ

МАФҲУМ, МОҲИЯТИ КОНСТИТУТСИЯ ВА НАҚШИ ОН ДАР НИЗОМИ ҲОКИМИЯТИ СУДӢ

      Бо ибтикор ва ҳидояти Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имсол ҳамаи шаҳрвандони кишвар, аз ҷумла кормандони ҳокимияти судӣ дар Ҷумҳурии соҳибистиқлоламон санаи таърихӣ 30 солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо як шаҳомати хоса дар арафаи ҷашнгирӣ қарор дорад. Дар раванди ташаккули давлатдории навин бо иқдоми Ҷониби Олӣ як қатор дастовардҳо ба миён омада, бори нахуст дар Тоҷикистони соҳибистиқлол қонуни асоси  — Конститутсияи кишвар бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид.  Аслан зери мафҳуми “конститутсия” дар илми ҳуқуқшиносӣ Қонуни асосии давлат фаҳмида мешавад, ки дар он мувофиқи иродаю манфиати қувваҳои сиёсии дар ҷамъият ҳукмрон, асосҳои сохтори марзӣ – давлатӣ ва ҷамъиятӣ муқаррар карда шудааст.

Агар аз ҷиҳати луғавӣ гирем, конститутсия аз калимаи лотинӣ «constitutio» гирифта шуда, маънояш “муқарраркунӣ”, “сохтор” мебошад. Мафҳуми конститутсия дар вақти ба амал омадани инқилобҳои буржуазӣ ба миён омадааст. Конститутсия ҳуҷҷати таърихӣ ва сиёсӣ-ҳуқуқӣ буда, танзимкунандаи муносибатҳои муҳими давлатӣ ва ҷамъиятӣ мебошад.

Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати сиёсӣ мазмуни ба худ хос дорад. Дар он шакли ҳуқуқии масъалаҳои муҳимтарини ба соҳибихтиёри давлат, шакли он, ба ҳокимияти давлатӣ, сохтори давлатӣ, ҳолати ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, шаклҳои моликият алоқаманд, муқаррар карда мешаванд. Меъёрҳои конститутсионӣ барои фаъолияти мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, шахсони мансабдор, шаҳрвандон, шахсони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар Тоҷикистон истиқомат доранд, асос мебошад. Меъёрҳои конститутсионӣ усулҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлат, аз ҷумла, сиёсати хориҷиро низ муайян мекунад.

Мавқеи Конститутсия дар муайян ва равон кардани мазмуни қонунҳои сершумор ва санадҳои ҳуқуқии Тоҷикистон бо роҳи татбиқи асосҳо ва заминаҳои муқарраргардида хеле калон аст. Аз ин рӯ, Конститутсия ва ҳолату меъёрҳои он дар ташаккулёбии низоми ҳуқуқӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойдор гардидан ва камолоти давлатдорӣ дар Тоҷикистон аҳамияти муайянкунанда дорад.

Дар давлате, ки Конститутсия мавқеи устувори шикастнопазирӣ дорад, ин мустаҳкамии истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллиро ифода менамояд.

Конститутсия қонуни асосии давлат буда, принсипҳои ҳуқуқиро муаян мекунад.

Пайдоиши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташакули давлати тоҷикон буда, панҷ давраро дар бар мегирад. Якум давра соли 1929, дуюм соли 1931, сеюм соли 1937, чорум соли 1978, панҷум бошад 6-уми ноябри соли 1994 тариқи райъпурсии умумихалқӣ қабул гардида, эътибори қонунӣ гирифт.

Ҳамин тариқ, мардуми куҳанбунёди тоҷик Конститутсияи худро қабул намуда, ҳуқуқу озодиҳои инсонро муқаддас эътироф намуданд. Конститутсияи мазкур дорои 10 бобу 100 модда мебошад. Инчунин ба он то ин вақт 3 маротиба тағиру иловаҳо, яъне солҳои 1999, 2003 ва 2016 ворид карда шудааст. Маҳз Конститутсия ба бунёди ҷомеаи дунявию ҳуқуқбунёд ва инкишофи он замина фароҳам овардааст, зеро он бо арзишҳое, ки мақсаду мароми мардуми кишвар буд, асос ёфта, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро ҳамчун арзиши олӣ эълон намудааст.

Ҳамзамон, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд. Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва мақомоти худидоракунии маҳаллиро муайян менамояд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегардад.

Дар моддаи 9 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд шудааст, ки ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси таҷзияи он ба мақомоти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад.

Дар ин замина, Конститутсияи кишвар вазифа ва мақсаду мароми ҳокимияти судӣ, тартиби таъину озод ва мӯҳлати ваколати судяҳоро муайян кардааст.

Моддаи 84 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, ки ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонуну адолатро ҳифз менамояд. Аз ин муқаррароти Конститутсия бармеояд, ки дар ниҳоят адолати судӣ ва дар маҷмӯъ, адолати иҷтимоиро суд ба амал мебарорад. Ин аз ҷониби судяҳо ва судҳо бо роҳи ҳаллу фасли парвандаҳо дар мурофиаҳои ҷиноятӣ, маданӣ, оилавӣ ва баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ татбиқ карда мешавад.

Зикр кардан бамаврид аст, ки мақомоти судии кишвар, аз ҷумла, суди ноҳияи Мурғоб ҷиҳати таъмини адолати ягона ва риояи ҳуқуқу манфиатҳои аъзои ҷомеа, муассисаю корхона ва ташкилоту созмонҳо талошҳои босамар анҷом медиҳанд. Зеро эъмори ҷомеаи ҳақиқатан ҳам ҳуқуқбунёд, дунявӣ, озоду демократӣ, пешрафти муносибатҳои нави бозоргонӣ маҳз ба фаъолияти ҳокимияти судии мустақил, беғаразу устувор ва босалоҳият пайванди ногусастанӣ дорад.

Комилан, ҳамагуна натиҷаҳои назаррас дар раванди қонунгузорӣ ва фаъолияти ҳокимияти судӣ дар партави муқаррароти Конститутсия ба даст меоянд. Аз ин рӯ, хулоса кардан бамаврид аст, ки дар сатҳи баланди миллӣ ҷашн гирифтани 30 солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи шаҳрвандони кишвар, алалхусус кормандони ҳокимияти судиро водор месозад, ки дар таъмини адолати иҷтимоӣ, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, таъмини волоияти қонун, амнияти ҷомеа, таҳкими музаффариятҳои истиқлолият, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои умумимиллӣ ва давлат, ҳамчунин пайваста ташаккул додани бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳми назаррас дошта бошем.

судяи суди ноҳияи Мурғоб

Савриддинзода А.О.