МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА 34-УМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Имрӯз санаи 3-юми сентябри соли 2025 дар бинои суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҷониби раиси суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо иштироки муовини якуми раис , муовини раис, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раис ва кормандони дастгоҳи суди шаҳри Хоруғ, раис, судя ва кормандони дастгоҳи суди ҳарбии гарнизони Хоруғ ва судя суди ноҳияи Рушон бахшида ба 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Дар маҷлис Раиси суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон табрик намуда, раисон, судяҳо, мудири бахши таъмину ташкили кори судҳои суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва котиби маҷлиси судии суди шаҳри Хоруғ баромад карданд.

Ҷашни истиқлолияти давлатӣ ҳамчун рамзи сулҳу оромиӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва эҳсоси баланди ватандориву ватандӯстӣ метавонад ба сифати ғояи бузурги миллӣ ҳар як фарди бонангу номуси миллатро ба ҷодаи ободкориҳои нав ҳидоят намояд.