мизи мудавар дар мавзӯи «Истиқлолият-таҳкимбахши ҳокимияти судӣ»
Санаи 6-уми сентябри соли 2024 бахшида ба ҷашни 33 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои Суди ВМКБ аз ҷониби раиси Суди ВМКБ бо иштироки судяҳои Суди ВМКБ, раиси Суди шаҳри Хоруғ, судяи Суди ҳарбии гарнизони Хоруғ, кормандони дастгоҳи Суди ВМКБ, Суди шаҳри Хоруғ ва Суди ҳарбии гарнизони Хоруғ мизи мудавар баргузор гардид.
Дар маҷлиси мазкур Раиси Суди ВМКБ, судяҳои Суди ВМКБ ва кормандони дастгоҳи судҳо баромад карда, тамоми ҳамкасбон ва ҳамватанонро бо ин рӯзи муҳимтарин барои мамлакатамон табрик намудаанд.