МАҶЛИСИ МАШВАРАТӢ НАЗДИ РАИСИ СУДИ ВМКБ

Санаи 28-уми июли соли 2025 дар бинои суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҷониби раиси суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Умарзода Ф.Т. бо иштироки раисон ва судяҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маҷлиси машваратӣ назди раиси суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор гардида, дар он масъалаҳо оид ба интизоми меҳнат, фаъолияти кории судҳои шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар давоми шаш моҳи соли 2025 ва баъзе супоришҳои роҳбарияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима карда шуд.