Маҷлиси машваратӣ назди раиси суди ВМКБ

Санаи 7-уми апрели соли 2025 дар бинои суди ВМКБ аз ҷониби раиси суди ВМКБ бо иштироки муовини раиси суди ВМКБ, судяҳои суди ВМКБ, раисон ва судяҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои ВМКБ маҷлис баргузор гардид.
Дар ин машварат рӯзномаи маҷлис чунин буд:
- Риояи интизоми меҳнат.
- Тибқи муқарраршудаи Қонун саривақт баррасӣ намудани парвандҳои ҷиноятӣ, маданӣ, оилавӣ ва маъмурӣ.
- Пешгирии содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ дар байни судяҳои судҳои ВМКБ ва кормандони дастгоҳи судҳои ВМКБ.
- Иҷроиши санадҳои судӣ вобаста ба ҳамаи категорияҳои парвандаҳо ва чораандешӣ ҷиҳати таъмини иҷроиши онҳо.
- Фаъол гардонидани почтаи электронӣ дар судҳои шаҳру ноҳияҳои ВМКБ.
- Қабули шаҳрвандон.
- Иҷроиши саривақтии дастуру супоришҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳлил карда шуданд.
Дар анҷоми машварати умумии судяҳои суди ВМКБ ва шаҳру ноҳияҳои он Раиси суди ВМКБ Умарзода Ф.Т. пешниҳодҳои судяҳои суди ВМКБ ва шаҳру ноҳияҳои онро ба инобат гирифта, қарор кард, ки масъалаҳои дар протоколи машварати судяҳои суди ВМКБ ва шаҳру ноҳияҳои он дарҷ карда шуда ба иҷро расонида шаванд.