Конститутсия – рамзи ҷудонопазири давлатдорӣ

 Конститутсия – рамзи ҷудонопазири давлатдорӣ

       Чи тавре аз таърих маълум аст тоҷикон аз оғози аввали қадамҳои худ дар пайраҳаи давлатдории мустаъқил ба ҳодисаҳои гуногуни мурракаби сиёсӣ дучор гардидаанд, ки баргузор намудани Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қабули Конститутсия, низ аз зумраи чунин ҳодисаҳо ба шумор мераванд.

Зеро дар ҷараёни баргузории Иҷлосияи мазкур вазъи сиёсии кишвар то дараҷае душвор гардида буд, ки хатари парокандашавии миллат ва аз байн рафтани давлат мардуми тоҷикро таҳдид мекард.

Ҳангоме, ки якдилона аз тарафи вакилони мардумӣ дар ин Иҷлосияи мазкур Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб мегардад бо масъулияти бузург тақдири минбаъдаи халқи тоҷик ва давлати соҳибистиқлол бар душаш бор мегардад.

Яъне, ибтикори тақдирсозии Иҷлосияи таърихии 16-Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ҳама дар интихоби нави Роҳбарияти олии сиёсии ҷумҳурӣ-шахсияти таърихӣ Эмомалӣ Раҳмон буд. Дар чунин бенизомию бесуботӣ, ки умеди роҳи наҷот аз ягон самт ба чашм намерасид шахсияте ба роҳбарияти олӣ интихоб шуд, ки бо эътимод ва боварии том мулку мардуми худро соҳибӣ кард ва дар роҳи расидан ба саодати миллӣ роҳнамо шуд.

Баъдан моҳи декабри соли 1992 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон бо Муроҷиатномаи махсуси худ ба мардуми шарифи кишвар баромад намуда иброз доштанд, ки барои ҳаряк давлати соҳибистиқлол “Нав кардани асосҳои қонунҳои Тоҷикистон”, низ дар баробари якчанд масъалаҳои ҳаётан муҳим-хеле зарур ва саривақтӣ ба шумор меравад.

Аз ин лиҳоз, баҳри амалӣ намудани қарорҳои дар ҷараёни Иҷлосияи таърихӣ қабулнамуда ва дар амал татбиқ намудани вазифаҳои дар Муроҷиатномаи ба мардуми шарифи кишвар овардашуда зарурати ҳарчӣ зудтар қабул намудани Конститутсияи давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон ба миён гузошта шуд.

Бо назардошти муҳим будани масъала аз ҷониби сиёсатмадорон ва олимон лоиҳаи Конститутсия мавриди омӯзиш ва коркард қарор дода шуда, бо ҷонибдории бевоситаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи Конститутсия ба муҳокимаи умумихалқӣ гузошта мешавад.

Ҳамин тариқ санаи 6 ноябри соли 1994 тариқи райъпурсии умумихалқӣ ҳуҷҷати сарнавиштсоз-Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад, ки айни ҳол миллати тоҷик дар арафаи ҷашнгирии сиюмин солгарди рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Конститутсия аз 10 боб ва 100 модда иборат буда, дар он ғояҳои пешқадами миллӣ, ҷамъиятиву сиёсӣ ва усулҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, таъмини пурраи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, гуногунандешии сиёсиву идеалогӣ таҷассум гаштаанд.

Дар китоби мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон, инчунин дар илми ҳуқуқшиносӣ аз тарафи сиёсатмадорони барҷаста ва олимону ҳуқуқшиносон якқатор хусусиятҳои хоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудааст.

Яъне аз мазмуну мундариҷаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки заминаи асосии онро инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он ташкил медиҳанд хусусиятҳои хоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян кардан мумкин аст:

-Конститутсия –қонуни асосӣ ва қонуни қонунҳо мебошад. Нисбат ба ҳаряк санади ҳуқуқӣ дар низоми қонунгузорӣ ва ҳуқуқии мамлакат қувваи олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд, яъне ҳеҷ як қонуни ҳуқуқӣ берун аз таъсири Конститутсия ва ё хилофи он шуда наметавонад.

Ҳамзамон дар қаламрави давлат ҳеҷ як мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, инсон ва шаҳрванд берун аз талаботи Конститутсия фаъолият карда наметавонанд.

-Конститутсия гарчанде рамзҳои давлатиро муайян мекунад худи он, низ рамзу нишонаи давлатдорӣ мебошад. Ҳар як давлати навтаъсисёфта тавассути Конститутсия барпоёбии худро эълон, ҳадафҳо ва самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро муайян ва ифода мекунад.

-Конститутсия бо забони расмии давлатии ҳар як мамлакат тайёр ва қабул карда мешавад.

-Конститутсия – ба сифати сарчашмаи тамоми қонунгузорӣ баромад мекунад.

-Конститутсия нисбати дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ тартиби махсуси тайёр ва қабулшавӣ дорад.

Ҳамин аст, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ соли 2023 қайд намуданд, ки “Конститутсияи соҳибистиқлоли Тоҷикистон, ки заминаи эъмори давлати мустаъқили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад…”

Бо назардошти дар меҳвари сиёсати имрӯзаи давлат нақши аввалиндараҷа доштани инсону шаҳрванд ва ҳуқуқу озодиҳои он ба ифтихори сиюмин солгарди рӯзи қабули Конститутсия, инчунин бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардид.

Ин иқдоми наҷиб метавонад мардуми кишварро дар азхудкунӣ ва риояи қатъии  меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳо, инчунин иҷрои талаботҳои онҳо водор сохта, муаррифгари мамлакат дар сатҳи байналмилалӣ бошад.

Сиюмин солгарди рӯзи қабули Конститутсия муборак ҳамватанони азиз.

 

    Раиси суди ноҳияи Дарвози ВМКБ

Мирзохонзода Амридин Шамсимад