ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ – РАМЗИ ХУДШИНОСӢ ВА КАФИЛИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН

ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ – РАМЗИ ХУДШИНОСӢ ВА КАФИЛИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН
Истиқлолияти давлатӣ на танҳо озодӣ аз вобастагии сиёсию иқтисодӣ, балки эҳёи ормони ҳазорсолаи миллати тоҷик барои доштани давлати мустақил ва соҳибихтиёр мебошад. Санаи 9 сентябри соли 1991 дар саҳифаҳои таърихи пурифтихори мо ҳамчун санаи муқаддас ва рамзи сарнавиштсоз сабт гардид. Он рӯз миллати мо, пас аз танаффуси тӯлонии таърихӣ аз замони давлатдории абарқудрати Сомониён, дубора соҳиби давлати миллии хеш гардид.
Миллати тоҷик, ки дар тӯли асрҳо шоҳиди суқуту барқарории давлатҳо, ҳуҷуму истилои бегонагон ва парокандагии сиёсию фарҳангӣ буданд, аз ин рӯйдоди тақдирсоз рӯҳу ҷон гирифтанд. Он рӯз барои миллат рамзи эҳё, эътимод ба оянда ва иттиҳоди миллат гардид. Аммо роҳи истиқлолият роҳи осону бетаҳдид набуд. Сарфи назар аз эълони давлати мустақил, солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бо озмоишҳои сангини таърихӣ пеш омад. Ҷанги таҳмилӣ, ноустувории сиёсӣ, буҳрони иқтисодӣ ва таҳдид ба пояҳои давлатдорӣ. Ҳатто ҳастии миллӣ, якпорчагии сарзамин ва ормонҳои ҳазорсолаи миллат дар маърази хатар қарор гирифт. Дар он лаҳзаҳои ҳассос, иродаи қавии мардум ва раҳбарии дурандешона омили асосии наҷоти давлат ва эҳёи сулҳу субот гардид.
Маҳз бо ташаббусу талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, музокироти сулҳ бо ҷонибҳои даргир оғоз ёфт. Пас аз гуфтушунидҳои тӯлонӣ ва бо ҷалби миёнаравони байналмилалӣ, соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Ин санад, ки дар таърихи ҷаҳони муосир ҳамчун намунаи ҳалли мусолиматомези низоъ шинохта шудааст, барои Тоҷикистон пояи сулҳу ваҳдати устувор гузошт ва истиқлолиятро аз вартаи хатар наҷот дод. Аз он рӯз то имрӯз, сиёсати давлатдорӣ зери шиори таърихии Пешвои миллат — «Тоҷикистон ба пеш» ба роҳи ободкорӣ ва созандагӣ қадам ниҳод. Дар солҳои баъдӣ, бо вуҷуди мушкилоти иқтисодии пас аз ҷанг, инфрасохтор аз нав эҳё гардид, роҳу пулҳо бунёд ёфтанд, мактабҳо, беморхонаҳо ва дигар иншооти иҷтимоӣ сохта шуданд. Аз ҳама муҳимтар, дар ҷомеа ҳисси боварӣ ба фардо, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ тақвият ёфт.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас ва сарнавиштсоз ноил гардид. Сохтмони Неругоҳи барқи обии «Норак», ки ба рамзи тавоноии энергетикии кишвар табдил ёфт ва оғози бунёди НБО Роғун ҳамчун кохи нур, ифодагари иродаи қавӣ ва худбоварии миллат дар роҳи истиқлолият аст. Пайвастан ба Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар созмонҳои байналмилалӣ, нишонаи таҳкими нуфузи сиёсӣ ва ҷойгоҳи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон мебошад.
Сохтмони роҳу пулҳои стратегӣ, ки минтақаҳои ҷудогонаи кишварро пайвастанд ва Тоҷикистонро ба роҳи транзитии муҳими минтақа табдил доданд, ки ин намунаи барҷастаи сиёсати дурбинона ва созандагист. Дар соҳаи маорифу тандурустӣ садҳо муассисаи нави таълимӣ ва марказҳои муосири тиббӣ бунёд ёфтанд, ки насли навро бо донишу фарҳанг гароиш медиҳанд ва сатҳи зиндагии мардумро боло мебаранд. Барномаҳои бузурги эҳёи арзишҳои миллӣ таҷлили 1100-солагии Давлати Сомониён, эҳёи ҷашни Наврӯз дар сатҳи байналмилалӣ ва эълони Рӯзи Ваҳдати миллӣ худшиносии мардумро боз ҳам қавитар гардониданд. Ҳамаи ин дастовардҳо маҳсули сулҳу суботи пойдор ва сиёсати дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.
Истиқлолият на танҳо як ҷашни таърихӣ мебошад. Ин пеш аз ҳама, масъулияти бузург ва муқаддас дар назди наслҳои оянда мебошад. Мо имрӯз насли хушбахтем, ки дар фазои орому босубот, зери парчами давлатдории миллӣ ва бо рамзҳои муқаддаси Ватан, Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ зиндагӣ дорем. Ин амнияту оромӣ моро муваззаф месозад, ки дар ҳар соҳаи ҳаёт хоҳ дар илм, хоҳ дар истеҳсолот, фарҳанг ё ҳифзи марзу буми кишвар бо садоқату масъулият хизмат намоем ва ин неъмати бебаҳоро барои ояндагон ҳифз намоем.
Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста бо эҳсоси гарму самимӣ ва дарки масъулият таъкид менамоянд, ки Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ ду неъмати муқаддасу бебаҳоянд, ки бо азму иродаи қавии халқи тоҷик ба даст омадаанд ва ҳифзу пойдории онҳо қарзи виҷдонӣ ва масъулияти виҷдонии ҳар фарди худогоҳу ватандӯст мебошад. Мо бояд ин дастовардҳои бузурги давлатдории миллӣ ва рамзҳои ҳастии миллатро мисли гавҳараки чашм ҳимоя намоем, то барои наслҳои имрӯзу фардо, фазои сулҳу субот, оромӣ ва рушди устувор таъмин бошад.
Ҳифзи истиқлолият танҳо бо нерӯи қувваҳои мусаллаҳ анҷом дод намешавад. Ин масъулият бар дӯши ҳар як шаҳрванди кишвар аст, ки ба арзишҳои миллии худ самимона арҷ гузорад, забони модариро пос дорад, фарҳанги ниёгони азизро зинда нигоҳ дорад ва ба насли наврас ҳисси ватандӯстӣ ва масъулияти таърихиро омӯзонад.
Имрӯз, пас аз се даҳсола Тоҷикистони азизамон бо ифтихор ба марҳилаи навини зиндагӣ мерасад, давлати босубот, дорои иқтисоди рушдёбанда ва нуфузи афзоянда дар арсаи байналмилалӣ. Мо тавонистем аз мамлакати ноором ва камшинос ба кишвари фаъолу боэътимод табдил ёбем.
Вобаста ба ин, бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки истиқлолият танҳо ҳадяи таърих нест, балки мероси муқаддас ва масъулияти абадист. Ин неъматро бояд бо меҳнати ҳалол, ваҳдати устувор ва муҳаббати беандоза ба ҳар гӯшаи Ватан ҳифз намоем. Ин вазифаи виҷдонии ҳар як фарди бедордил ва ватандӯст аст.
Бигзор дар қалби ҳар як тоҷик меҳри Ватан мисли чароғи равшан фурӯзон бошад, то роҳнамои зиндагии мо ва наслҳои оянда гардад. Бо Ваҳдат, бо дониш ва бо меҳнати содиқона, Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба қуллаҳои наву баланди пешрафт расонем ва кӯшиш намоем, ки номи муқаддаси он чун чароғи умед дар миёни миллатҳои ҷаҳон ҷилодиҳанда боқӣ бимонад.
Судяи суди ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ
Давлатқадамзод Саидқоим Саидқадам