ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ – ПОЙДЕВОРИ ОЗОДИИ МИЛЛӢ
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун бузургтарин дастоварди таърихии миллати тоҷик дар замони муосир пояи устувори давлатдории миллӣ ва кафили озодиву тараққиёти устувор ба ҳисоб меравад. Санаи 9 сентябри соли 1991 миллати тоҷик пас аз асрҳо талошҳои худшиносӣ ва муборизаҳои сиёсиву иҷтимоӣ тавонист соҳиби давлатдории мустақил гардад ва сарнавишти ояндаи худро бидуни вобастагӣ аз дигарон муайян намояд. Ин рӯйдоди тақдирсоз дар шароите ба амал омад, ки кишвар аз паёмадҳои пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва мушкилоти шадиди сиёсиву иқтисодӣ ранҷ мекашид. Солҳои аввали истиқлолият мардуми тоҷик бо озмоиши сангини ҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ шуд, ки оқибатҳои харобиовари он ба тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар таъсири амиқ гузоштанд. Бо вуҷуди ин, бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо иродаи қавӣ ва ҳамбастагии мардум, 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ки заминаи поён додан ба низои мусаллаҳона ва оғози давраи нави сулҳсозӣ ва давлатсозиро фароҳам овард. Халқи тоҷик, ки дар тӯли қарнҳо шоҳиди ҳуҷуми бегонагон ва парокандагии сиёсию фарҳангӣ буданд, аз ин рӯйдоди тақдирсоз руҳу ҷон гирифтанд. Рӯзи Истиқлолият барои миллат рамзи эҳё, эътимод ба оянда ва иттиҳоди миллат гардид. Роҳи ба даст даровардани Истиқлолият роҳи осон набуд. Сарфи назар аз эълони давлати мустақил, солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бо озмоишҳои сангини таърихӣ пеш омад. Ҷанги бародаркушӣ, ноустувории сиёсӣ, буҳрони иқтисодӣ ва таҳдид ба пояҳои давлатдорӣ, ҳатто ояндаи миллӣ, якпорчагии сарзамин ва ормонҳои ҳазорсолаи миллат дар маърази хатар қарор гирифт. Дар он лаҳзаҳои ҳассос, иродаи қавии мардум ва раҳбарии дурандешонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омили асосии наҷоти давлат ва эҳёи сулҳу субот гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таҳкими пояҳои конститутсионӣ ва қонуният, тавсеаи фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, такмили низоми қонунгузорӣ ва таъмини ҳокимияти қонун ба роҳи устувори рушди сиёсӣ қадам гузошт. Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 қабул гардида, то имрӯз ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ ва кафили истиқлолият, ягонагии марзу бум, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд хидмат мекунад, самти пешрафти давлатро муайян намуда, пояи қонунии фаъолияти тамоми мақомоти давлатӣ гардид. Бо бадаст овардани соҳибистиқлолии малакат, Тоҷикистон роҳи ободонӣ ва пешрафтро бо қадамҳои устувор оғоз намуд. Ин дастовардҳо кафили зиндагии осоишта, сулҳу субот ва тараққиёти ҷомеа гаштаанд. Бо шарофати Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии мардуми сарбаланди мо, кишвари азизамон тавонист ба қуллаҳои баланди рушд ва шукуфоӣ ноил гардад. Истиқлолият на танҳо омолу орзуи деринаи халқи мо буд, инчунин лаҳзаи андеша ва таҳлили масъулияти ҳар фарди сарзамини аҷдодӣ барои расидан ба қадри гузашта ва фаъолияти созанда барои имрӯзу ояндаи Ватани азизамон мебошад. Истиқлолият дар сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ба вуҷуд оварда, оғози марҳилаи сифатан нави таърихӣ гардид. Марҳилаи нав дар назди халқи тоҷик иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулро, яъне бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба манфиатҳои мардум ва эҷоди аркони давлатдории муосирро ба миён гузошт. Таҷрибаи сиёсӣ нишонд медиҳад, ки маҳз истиқлол ва ваҳдати миллӣ роҳи инкишофи имрӯзу ояндаи дурахшон ва пешрафти ҷомеаи моро муайян ва самтҳои бо мақсад расиданро равшан сохта, тамоми шаҳрвандонро баҳри амалӣ гардондани онҳо ҳидоят менамояд. Маҳз бо роҳбарии хирадмандона ва давлатсози Сарвари давлат, Тоҵикистон дар муддати начандон калони соҳибистиқлолӣ, ба дастовардҳои беназир дар сиёсати дохилию хориҷӣ ва дар татбиқи ҳадафҳои стратегӣ ноил гардидааст. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун раҳнамои хирадманд ва пешбари оқил, бо муҳаббат ва масъулияти беандоза нисбати Ватан ва сиёсати дурусту созанда, Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ бо ифтихор муаррифӣ менамояд. Ҳар иқдоми ӯ намунаи барҷастаи таҳкими пояҳои давлатдорӣ, пойдории амният ва рушди иқтисоди миллӣ мебошад. Имрӯз, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол бо ифтихори миллӣ ва эҳтироми баланд дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф ёфтааст, мо бояд ҳисси ватандӯстӣ ва масъулиятро нисбати Ватанамон боз ҳам афзун намоем. Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ ҳамчун сутуни аслии тараққиёт ва кафили пойдории марзу буми кишвар бояд ҳамеша мустаҳкам нигоҳ дошта шаванд. Ҳифзи сулҳу Ваҳдат
судяи суди ноҳияи Ишкошим
Муқаиршо Атригул Амонулло