ИСТИҚБОЛ АЗ ИСТИҚЛОЛ

ИСТИҚБОЛ АЗ ИСТИҚЛОЛ

      Имсол таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузору сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар қатори дигар маъракаҳои сиёсӣ ва ҷашнҳои миллӣ 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии ҶТ-ро ҷашн мегирем.

Истиқлолияти давлатӣ ин бузургтарин дастоварди таърихии миллати тоҷик мебошад, ки маҳз бо сиёсати хирадмандона ва башардустонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ пешвоии миллат Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон, ҳифз ва устувор нигоҳ дошта шудааст.

Тули зиёда аз ҳазор сол, яъне баъд аз шикасти давлати бузурги Сомониён, миллати куҳанбунёди тоҷик ҳамеша ҳувияти баланди миллӣ ва ватандӯстӣ дошт. Мароми истиқлолият дар шуури миллӣ ташаккул ёфта, дар замири миллати тоҷик ҷойгоҳи хоса пайдо намуда буд.

Хушбахтона, ин орзӯ ва мақсади деринаи миллати шарифи тоҷик дар интиҳои асри ХХ амалӣ гардид.

Иҷлосияи дуюми Шурӯи Олии ҶТ даъвати дувоздаҳум 24-уми августи соли 1990 бо дарки баланди масъулияти таърихӣ барои тақдири халқи мамлакат Эъломияи Истиқлолияти ҶТ-ро қабул намуд. Дар вақти қабули Эъломияи мазкур, ки аз 19 банд иборат мебошад, маҷмуи арзишҳои миллӣ, мазҳабӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, ҷуғруфӣ, фарҳангиву маърифатии Тоҷикистон ва мардуми он ба инобат гирифта шудааст.

9-уми сентябри соли 1991 санаи муқаддас ва тақдирсоз, Иҷлосияи ғайринавбатии Шурои Олии ҶТ даъвати дувоздаҳуми Истиқлолияти давлатии ҶТ-ро эълон намуд. Ба маҳзи эълон гардидани истиқлолияти давлатӣ, Тоҷикистон ҳамчун як давлати комилан ҷавону тозаистиқлол нахустин қадамҳоро барои пешрафту инкишоф мегузошт. Мутаассифона, Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввал ба хатари ҷидди дучор гардид.

Ин ҳам бошад иғвои неруҳои бадхоҳу ҷудоиандози дохилию хориҷӣ, ки Ҷумҳурии ҷавон ва тозаистиқлоли моро ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашид, ки дар натиҷа, ҳазорҳо шаҳрвандони кишвар ба ҳалокат расида, даҳҳо ҳазор кудакон ятиму бесаробон монда ва даҳҳо ҳазор одамон ба давлатҳои ҳамсоя гуреза шуданд.

Ин ҷанги шаҳрвандӣ боиси он гардид, ки Истиқлолияти миллӣ, ҳам аз ҷиҳати рушду такомул ва ҳам аз ҷиҳати иқтисодиву иҷтимои хисороти зиёд бинад. Дар ин муддат тамоми соҳаҳои ҳаёти давлатию ҷамъиятӣ рӯ ба таназзул ниҳода, хавфи нестӣ ва порча-порча шудани Тоҷикистон ба ватану миллат таҳдид мекард. Бисёриҳо, аз ҷумла сиёсатмадорон ва зиёиёни ҳамон вақт, умед ба фардои некро аз даст дода, тарки диёр менамуданд.

Дере нагузашта дар давлати тозаистиқлол гурӯҳҳои ғайриқонунии силоҳбадаст ташкил шуда, аз бесарусомонӣ ва фалаҷшавии фаъолияти сохторҳои қудратию ҳифзи ҳуқуқу тартибот, истифода бурда, даст ба бедодгарӣ, ғоратгарӣ ва қатлу куштор мезаданд.

Хушбахтона, моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд, иҷлосияи XYI Шурой Олии ҶТ баргузор гардид. Дар ин иҷлосияи таърихӣ ва тақдирсоз фарзанди фарзона ва дилсузи миллати Тоҷик, шахси воқеан арзанда муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, якдилона Раиси Шурой Олии ҶТ интихоб гардид. Пас аз суханронӣ ва савганди самимӣ ёдкардани ин шахсияти таърихӣ дар дили мардуми тоҷик шӯълаи умед ва дилгармӣ, ба ояндаи дурахшони давлати Тоҷикистон пайдо шуд.

Маҳз бо кушишу талошҳои пайгирона ва шабонарузии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти ҶТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, дар ҶТ таъмин гардида, Истиқлолияти давлатӣ поянда ва ҳифз шуд, ки имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон, меваҳои шаҳдбори онро, дар фазои оромию осудагӣ насиби худ гардондаанд.

Яке аз дастовардҳои бузурги даврони Истиқлолият ин қабули Конститутсия ҷумҳурии соҳибистиқлол мебошад. Нақши ин ҳуҷҷати муҳими давлатдорӣ дар самти ба расмият даровардани Истиқлолияти давлатӣ ва таҳкими давлатдории навини тоҷикон муҳим аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҶТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар суханрониаш ба муносибати 20-солагии қабули Конститутсияи ҶТ, қайд кардааст, ки “Аввалин Конститутсия Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва бахтномаи миллат дар роҳи эъмори давлатдории навини тоҷикон, пайвастани он бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳифзи манфиятҳои милливу давлатӣ, таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши барҷастаи таърихӣ дорад. Конститутсия кишвар, ки таҷассумгари орзуву ормони озодандешӣ ва ғояҳои ҷовидонаи мардуми мо мебошад, барои пойдории ҳокимияти конститутсионӣ, таҳкими рукнҳои давлатдорӣ, ноил гардидан ба пешравиҳои азими сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, ба вуҷуд овардани асосҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муҳайё намудани фазои мусоид барои ташаккули озодонаи ҳар фард, заминаи мустаҳкам ва боэътимоди ҳуқуқӣ гузошт.”

Дар охир мехоҳад дар хусуси вожаи “истиқлолият” тавзеҳоти мухтасаре диҳам.

Вожаи “истиқлолият” аз решаи калимаи “мустақил” гирифташуда, ҳамрадиф ба калимаҳои “озод, озодӣ” мебошад. Аз инҷост, ки вожаи “истиқлолият” мустақилияти давлатро дар муносибатҳои байналмилалӣ ва соҳибихтиёрии онро дар дохили давлат, дар муносибат бо шахсони алоҳида, созмону ташкилотҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва ғайраҳо ифода мекунад.

Шукрона аз он мекунем, ки имрӯз бо саъю кушиши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти ҶТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти ҳокимияти судӣ ва дигар сохторҳои давлатӣ ташаккул ёфта, сокинони Ватан дар фазои тинҷиву осудагӣ зиндагӣ доранд.

Бигзор ҳамеша дар фазои кишвари маҳбуб ва азизамон суруди сулҳу ороми танинандоз бошаду хонадони ҳар фарди тоҷику тоҷикистонӣ пур аз файзу баракати рӯзгор бошад.

Ҷашни Истиқлолияти Давлатии ҶТ муборак.

 

Раиси суди ноҳияи Мурғоби ВМКБ Каримӣ Акбаралӣ Раҷаб