иштироки мақомоти судӣ дар мусобиқаи тирпаронӣ

Дастаи Суди ҳарбии гарнизони Хоруғ дар Мусобиқаи тирпарронӣ аз силоҳи оташфишонии АКМ 7,62 мм ба муносибати 32-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа ва сохторҳои қудратии гарнизони Хоруғ иштирок намуда, сазовори ҷои сеюм гардиданд.