Гусели нав аскарон

      Хизмат ба Ватан, ифтихори ҳар як ҷавонмарди соҳибватан мебошад. Ватане, ки имрӯз соҳибистиқлолу демократӣ, тинҷиву осудагӣ дар фазояш сулҳу субот пойдор аст, бароямон мисли падару модар азизу муқаддас мебошад. Хизмати ватан модар дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз уҳдадории ҳарбӣ ва уҳдадории конститутсионии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии ҳар як ҷавонмард аст.
Зеро хизмат ба Ватан қарзи муқаддаси ҷавонон мебошад. Садоқату муҳаббат ба Ватан маҳз дар ҳолатҳои нозуку ҳассос, афтидану хестанҳо, сахтиву душвориҳо, талошу набардҳо озмуда ва ҳосил мегардад.
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз соли 2018 инҷониб нақшаи даъватшавандагон ба хизмати ҳарбиро рӯзи якуми даъват ба сомон мерасонад, ки ин аз садоқат бо Ватан-Модар ва ҳуввияти баланди миллӣ ва давлатдорӣ доштани ҷавонони Бадахшон дарак медиҳад. Санаи 1 уми апрели соли 2025 роҳбарият ва дастгоҳи Суди ВМКБ ва Суди шаҳри хоруғ дар маҷлиси тантанавӣ ва раҳпаймоӣ барои гусели даъватшудагон фаъолона иштирок намуданд.

https://www.facebook.com/share/p/1BoyDuDHVe/