Эҳтиром ба Конститутсия

 Эҳтиром ба Конститутсия

Барои миллати тамаддунофару сулҳпарвари кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол имсол соли басо хотирмону таърихӣ маҳсуб меёбад, чунки мо дар арафаи таҷлил аз 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Ин рӯйдоди басо хотирмон дар таърихи давлатдории навинамон ҳар сол бо як шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад.

Эълон гардидани соли 2024 ҳамчун Соли маърифати ҳуқуқӣ ва тавъам донистани он ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо маънои амиқу рамзӣ дорад, балки тадбири муҳими саривақтӣ барои бунёди ҷомеаи мутамаддин, тарбияи шахси комил ва эъмори давлати ободу муосири миллӣ мебошад.

Қайд намудан зарур аст, ки солҳои 90-уми асри гузашта авзои сиёсии мамлакат ниҳоят мураккабу пурпечида гардида буд. Дар ҷомеа қариб, ки суботи сиёсӣ аз байн рафта, гуруҳҳои мухталиф роҳбариро дар ҷомеа ба даст гирифта, вазъиятро то рафт муташанниҷ менамуданд. Ҳамаи ин нишонаи ноустувор гардидани ҳокимияти давлатиро нишон медод.

Роҳбарияти онвақта аз тамоми қувваю воситаҳо истифода менамуданд, то вазъияти мураккаби сиёсиро ба эътидол дароранд, аммо натиҷаи дилхоҳ намедод. Вазъияти ноороми сиёсӣ, ҷанги шаҳрвандӣ, ки омили асосии ба вуҷуд оварандаи низоҳои мусаллаҳона ва ба майдонҳо кашидани гуруҳҳои гуногун гардида буд, вазъиятро боз ҳам мураккабтар намуда, садҳо ҳазор шаҳрвандони мамлакат тарки Ватан намуда, солҳо дур аз падару модар, хешовандон, ёру бародар дар ғурбат умр ба сар мебурданд.

Маҳз, иқдому ташаббусҳои некбинона ва заҳмату талошҳои бевоситаи дурбинонаю хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ба миллати тоҷик муяссар гардид, ки барои сарнавишти ояндаи хеш санадеро ба тавсиб расонад, ки дар он ояндаи неки инсониро таъмин намояд.

Қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон умри дубора барои таҳким бахшидани пояҳои асосии давлатдорӣ, аз ҷумла соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, ҳуқуқи, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ заминаҳои воқеӣ муҳайё сохта, барои миллати мо эҳёи дубораи давлатдории миллиро боз намуд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 дар райъпурсии умумихалқӣ қабул карда шуда, се маротиба санаҳои 26 сентябри соли 199922 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо тариқи райъпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд.

Тағйиру иловаҳо ба рушди минбаъдаи раванди демократикунонии ҳаёти ҷомеа ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати онҳо мусоидат мекунад. Конститутсия дастоварди бузурги миллӣ ба ҳисоб меравад, чунки он дар давраҳои бениҳоят душвору баҳснок ва аз ҷониби тамоми мардуми Тоҷикистон баррасӣ гардидааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабули ин ҳуҷҷати муҳиму сарнавиштсозро яке аз дастовардҳои бузурги Истиқлолияти миллӣ арзёбӣ карда, ба он ҳамчун танзимкунандаи тамоми масъалаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ баҳои баланд додаанд: “Қабули Конститутсия дар таърихи навини кишвари мо аз ҷумлаи рўйдодҳои муҳимтарини сиёсие мебошад, ки арзиш ва аҳамияти он бо гузашти замон бештар мегардад”.

Қобили қайд аст, ки дар мудати 30–сол ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистон бо бисёр давлатҳои ҷаҳон, Созмонҳои бонуфузи байналмиллалӣ,  ташкилоту  муассисаҳои ҷаҳонӣ ба роҳ монда шудааст, ки  самараи  ҳамкориҳо хеле  назаррас  ва густурда мебошанд.

Дар маҷмуъ метавон гуфт, ки дастовардҳои бузургтарини кишвари      азизамон пас аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ҳама, барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдати пойдори  миллӣ, таъмини рушди устувори молиявию иқтисодӣ, таҳкими бехатарии ҷомеа, ҳисси ватандўстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки ин ҳама маҳз ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,Президенти   кишварамон  муҳтарам  Эмомалӣ   Раҳмон  ва заҳмату кўшишҳои мардуми соҳибмаърифату фарҳангдўсти тоҷик муяссар гардидааст.

Талаботҳо ва меъёрҳои Конситутсия имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёт баръало эҳсос гардида, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро кафолат додааст. Махсусан, шароити рӯзгори мардум сифатан баланд гардида, ҷиҳати эҳёи суннатҳои волои ниёгон, барои ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд рушди бе майлон пайдо намудаанд.

Имрӯз дар баробари дигар давлатҳои пешрафта, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, инситутҳои байналмиллалӣ ва марказҳои бузурги илмию тадқиқотӣ Конститутсияи Тоҷикистон дар қатори панҷгонаи беҳтарин Конститутсияҳои давлатҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ эътироф карда шудааст.

Бунёди давлати ҳуқуқбунёд ҳар яки моро вазифадор месозад, ки риояи ҳатмии қонун, пеш аз ҳама меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи давлатро таъмин намоем, зеро риояву иҷрои қонун, яъне волоияти қонун, шарти муҳимтарини эъмори пойдории ҷомеаи навин ба шумор меравад.

Эҳтиром ба Конститутсия ва қонун эҳтиром ба ҳуқуқи худ ва дигарон мебошад.

Бо як ҷаҳон таманниёти бепоён ин ҷашни фархунда, яъне 30-юмин солгарди Рўзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кулли ҳамкорон ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон табрик намуда, барояшон саломатии бардавом, саодату хушбахтиҳои рӯзгорро таманно намуда, дар фатҳи қуллаҳои навин ва дастоварду пирӯзиҳои Ватани маҳбубамон комёбиҳои нав ба навро орзумандам.

 

Судяи суди ноҳияи Дарвози Вилояти

Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Амрихудозода Фарида Дайхудо