ДАВИ МИЛЛӢ ВА МУСОБИҚАИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ ДАР ШАҲРИ ХОРУҒ
Санаи 18.05.2025 дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шаҳри Хоруғ дави миллӣ ва мусобиқаи велосипедронӣ баргузор гардид.
Дар маъракаи дави миллӣ дар баробари дигар иштирокчиён кормандони суди ВМКБ, суди шаҳри Хоруғ ва суди ҳарбии гарнизони Хоруғ фаъолона иштирок доштанд. Чорабинӣ аз назди Донишгоҳи давлатии Хоруғ оғоз гардида то Боғи Ғалаба идома кард.
Инчунин дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ санаи мазкур дави миллӣ ва мусобиқаи велосипедронӣ баргузор гардида, кормандони судҳои ноҳияҳои ВМКБ фаъолона иштирок карда, судяи суди ноҳияи Рушон Сафарзода Шосафар сазовори ҷойи дуюм гардид.




