баррасии парвандаи ҷиноятӣ дар марҳилаи якум

Санаи 19-уми феврали соли 2025 парвандаи ҷиноятӣ таҳти раисикунанда судяи Суди ВМКБ Нурализода С.М. нисбати Гулмамадов Р.Р. дар содир кардани ҷиноят бо моддаҳои 201 қисми 1 (Муносибати ғайриқонунӣ бо воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ ё ҳаммонанди (аналоги) онҳо: Ғайриқонунӣ истеҳсол, тайёр намудан, коркард, соҳиб шудан, нигоҳ доштан, интиқол ё фиристодани воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ ё ҳаммонанди (аналоги) онҳо, бе мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ба миқдори кам ) ва 289 қисми 3 (Қочоқ: Интиқоли воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, прекурсорҳои онҳо, ҳаммонанди (аналоги) маводи нашъаовар моддаҳои сахттаъсир, заҳрнок, заҳролудкунанда, радиоактивӣ, тарканда, аслиҳа, воситаҳои таркиш, силоҳи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ ё муҳимоти ҳарбӣ, силоҳи зарравӣ, химиявӣ, биологӣ ё дигар намуди силоҳи қатли ом, мавод ва таҷҳизоте, ки барои сохтани силоҳи қатли ом истифода шуданашон мумкин аст, ҳамчунин ашёи хоми аз ҷиҳати стратегӣ муҳим, осори бадеӣ, таърихӣ, бостоншиносӣ ё арзишҳои дигари фарҳангӣ аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки нисбат ба онҳо қоидаҳои махсуси интиқол тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидаанд, агар ин кирдор бидуни назорати гумрукӣ ё пинҳонӣ аз назорати гумрукӣ, ё бо роҳи фиреб истифода кардани ҳуҷҷатҳо, ё воситаҳои ҳаммонандкунии (идентификатсионии) гумрукӣ, ё декларатсия накардан ё декларатсиякунонии носаҳеҳ содир шуда бошад) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дод.

Судшаванда бо моддаҳои дар боло зикргардида гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо дастрасии қисми 3-и моддаи 67  КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (таъини ҷазо барои маҷмӯи ҷиноятҳо) ҷазо дар намуди маҳрум сохӣан озодӣ ба муҳлати муайян таъин карда шуд.