баррасии парвандаи ҷиноятӣ дар марҳилаи якум

    Санаи 14-уми ноябри соли 2024 парвандаи ҷиноятӣ таҳти раисикунанда судяи Суди ВМКБ Абдуғафорӣ А нисбати Гулбеков Ш.П. дар содир кардани ҷиноят бо моддаи 237 қисми 2 банди «в» (Авбошӣ,  яъне дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, ки дар беэҳтиромӣ нисбат ба зоҳир мегардад ва бо зӯроварӣ ба шаҳрвандон ё таҳдиди истифодаи зӯроварӣ, ҳамчунин несту нобуд ё вайрон кардани молу мулки ғайр алоқаманд мебошад; ҳамин кирдор, агар: бо нишон додани муқобилият ба намояндаи ҳокимият ё дигар шахсе, ки вазифаи  ҳифзи тартиботи ҷамъиятиро ба ӯҳда дорад ё ба шахсе, ки ба вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ монеъ шудааст) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дод.

Судшаванда бо моддаи дар боло зикргардида, гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо ҳамин модда ҷазо дар намуди маҳрум сохӣан озодӣ ба муҳлати муайян таъин карда шуд.