баррасии парвандаи ҷиноятӣ
Санаи 24-уми майи соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи Суди ВМКБ, парвандаи ҷиноятӣ нисбати Рафиаллоҳ валади Мулломуҳаммадуллоҳ валади Муллораҷаб бо моддаҳои 32 қ 3 (сӯиқасди ҷиноят ҳаракати (беҳаракатии) қасдонаи шахс мебошад, ки бевосита ба содир кардани ҷиноят равона гардидааст, агар зимнан ҷиноят бо сабабҳои аз ин шахс вобастанабуда то ба охир расонида нашуда бошад)-200 қисми 1-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (ғайриқонунӣ истеҳсол, тайёр кардан, коркард, соҳиб шудан, нигоҳ доштан, интиқол ё фиристодан бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан, ҳамчунин ғайриқонунӣ ба соҳибияти каси дигар додани воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ ё ҳаммонанди (аналоги) онҳо ба миқдори кам) ва 32 қ 3-289 қисми 3-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (қочоқ (интиқоли воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, прекурсорҳои онҳо ҳаммонанди (аналоги) маводи нашъаовар, моддаҳои сахттаъсир, заҳролуд, заҳролудкунанда, радиоактивӣ, тарканда, аслиҳа, воситаҳои таркиш, силоҳи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ ё муҳимоти ҳарбӣ, силоҳи зарравӣ, химиявӣ, биологӣ ё дигар намуди силоҳи қатли ом, мавод ва таҷҳизоте, ки барои сохтани силоҳи қатли ом истифода шуданашон мумкин аст, ҳамчунин ашёи хоми аз ҷиҳати стратегӣ муҳим, осори бадеӣ, таърихӣ, бостоншиносӣ ё арзишҳои дигари фарҳангӣ аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки нисбат ба онҳо қоидаҳои махсуси интиқол тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидаанд, агар ин кирдор бидуни назорати гумрукӣ ё пинҳонӣ аз назорати гумрукӣ, ё бо роҳи фиреб истифода кардани ҳуҷҷтҳо, ё воситаҳои ҳаммонандкунии (идентификатсионии) гумрукӣ, ё декларатсия накардан ё декларатсиякунонии носаҳҳ содир шуда бошад)) таҳти раисикунанда судяи суди ВМКБ Назри М баррасӣ гардид. Ба судшаванда ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда шуд.