Баромади судяи Суди ВМКБ Абдуғафорӣ Анварҷон
Судяи Суди ВМКБ Абдуғафорӣ Анварҷон дар конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Асосҳои ҳуқуқӣ ва эътиқодии муқовмат бо ифротгароӣ дар Тоҷикистони муосир: пешгирӣ ва тавонобахшӣ» иштирок намуда дар телевизиони Бадахшон баромад кард.
Пеш аз ҳама миннатдории худро ба барпокунандагони ин конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ — амалиро дар мавзуи «Асосҳои ҳуқуқии муқовимат бо ифротгароӣ дар Тоҷикистони муосир пешгирӣ ва тавонбахшӣ» изҳор медорам ва баромади худро аз суханони пурмуҳтавои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз карданиям, ки гуфтаанд:
“Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд”
Имрӯзҳо дар қаламрави сайёра мо зуд зуд бо калимаҳои терорризму экстремизм дучор мешавему ҳодисаҳои нохуш, хунрезӣ, ноадолатӣ, вайронкорӣ ва дигар амалҳои номатлубро пеши назарамон меорем. Дар ҳақиқат, терорриз ва экстремизм имруз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш гузоштааст.
Бо мақсади тавзеҳи бештари масъала бояд сараввал мафҳуми асосиро шарҳ диҳем:
Дар замони мо, ки пур аз таззод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, доир ба афзудан ва густариши экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо зиёд ҳарф мезананд ва менависанд. Маънои аслии “экстремизм” чист ва он чӣ гуна падида аст?
Экстремизм — (аз калимаи франсузии “extremism- экстримайзм” ва лотинии “extremus — экстимус”) гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштан аст.
Экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳоест, ки дар дунёи имрӯза вирди забони ҳама шудааст ва ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошад. Ислоҳоти “терроризм” (аз калимаи лотинии “terror”) маншаъ гирифта, маъноаш “тарс ва ваҳм” аст. Террористон мехоҳанд мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан, ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст.
Ифротгароӣ ба иҷтимоӣ, миллӣ, сиёсӣ ва динӣ ҷудо мешавад. Амалиёти сиёсии ифротгароӣ дар шаклҳои гуногуни фаъолият, аз зуҳуроти аз доираи конститутсия беруннараванда сар шуда, бо шаклҳои шӯриш, фаъолияти исёнгарона, терроризм сурат мегирад.
Ифротгароии динӣ аз ҷиҳати динӣ асосноккунии фаъолиятӣ бо дин рӯйпӯшкардашудае аст, ки бо зӯран ғасб намудани ҳокимият, халалдор кардани истиқлолият ва якпорчагии давлат бо ин мақсад барангехтани душманӣ ва бадбинии динӣ равона карда шудааст, ки дар асл дини мубини ислом инро намехоҳад.
Имрӯз ба ҳамагон маълум аст, ки иддае аз дини поки ислом сӯйистифода намуда даст бар қатли бузургону тифлони ноболиғ мезананд, аммо дар асл аз аркон ва моҳияти ин дини пок бохабар нестанд ё агар бохабар бошанд ҳам, онро на ба манфиати дин, ҷомеа ва аҳли он, балки ба манфиати нопоки хеш истифода мебаранд.
Аксари мусулмонони олам чунин мешуморанд, ки нисбат ба онҳо мамолики Ғарб сиёсати- дурӯя, меъёру стандартҳои мунофиқонаро ба кор мебаранд. Мутаассифона аксари онҳое, ки бо асли аркони ислом, таърих, фарҳанг, аҳком, фалсафа ва ахлоқи ислом ошно нестанд, чунин меҳисобанд, ки ба ислом хислати ситезу тундравӣ, таҷовузгароӣ, бадқасдӣ, ғайритаҳаммулпазирӣ хос аст. Ин андеша мутлақо ғалат аст. Зеро “Қуръон’’, ҳадис, тамоми аҳкому аркони ислом ва фалсафаю ахлоқи он бар пояи адолат, баробарӣ, озодӣ, амният бунёд ёфта зарурияти сулҳ, ризоият, таҳаммул, оромӣ, аминият, адолатро бо тамоми зуҳуроти он дар тамоми ҷабҳаҳои зиндагӣ таъкид ва фармудааст. Ислом дини сулҳу салоҳ ва бародарист, на барқасдиву бетаҳаммулӣ.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста маблағгузории кирдорҳои террористӣ ва экстремистӣ дошта Қонуни махсус “Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм” қабул шуда, мавриди амал қарор дорад ва ҷавобгарӣ ба кирдорҳои мазкур низ дар боби 21-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.
Маълум аст, ки танҳо бо фишор ва қувваи давлат, ки чораҳои махсусро пешбинӣ менамояд, мубориза намудан нисбат ба зуҳуроти фаъолияти гурӯҳҳои ифротӣ дар байни ҷавонон кифоя нест. Ин вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар аст.
Мо шоҳиди он ҳастем, ки пайваста дар ин ё он гӯшаи олам ҳодисаҳои террористӣ ба қайд гирифта шуда, бо оқибатҳои нороҳаткунанда, суботу оромӣ ва низоми давлатдориро вайрон менамояд. Воқеан, ягон давлати ҷаҳон аз рух додани ҳодисаҳои террористӣ имрӯз худро дар канор ҳис намекунад. Бетараф будан ё нодида гирифтан нисбат ба ин гуна ҳодисаҳо метавонад дар оянда ба оқибатҳои нохуб оварда расонад. Ифротгароӣ ҳаёти орому осоиштаи мардуми сайёраро новобаста аз қитъаю минтақа куллан зери хатар мегузорад.
Чунин вазъият ҷомеаи оламро ба хулосае овардааст, ки ба муқобили терроризм ва экстремизм дар якҷоягӣ мубориза баранд, вагарна ин падидаи номаматлубро решакан намудан номумкин аст. Имрӯз мубориза зидди ифротгароӣ ва терраризм ба муборизаи умумиҷаҳонӣ табдил ёфтааст.
Бояд зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ташаббускорони пурзӯр намудани муборизаи беамон алайҳи терроризм ва ифротгароӣ дар саросари ҷаҳон мебошад. Дар ин ҷода мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ дар самти худ яке субъектони пешбарандаи мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуб буда, дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ дар таъмини тартибот, ҳифзи моликият ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон нақши назаррас доранд. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмиллӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои муссалаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.
Амалҳои террористӣ ин пеш аз ҳама, ҳаёти орому осоиштаи моро халалдор сохтан аст. Ин кирдори носазои дар ин ё он гушаи олам содиршуда моро хушдор медиҳад, ки нисбат ба ин амали ношоста бетараф набошем. Бар зидди ин амали номатлуб муборизаи беамон барем, то ҳаётамон тинҷу осуда бигзарад, давлатамон осоишта бошад ва мардумонаш зиндагии арзандаро пеш баранд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки нақши фарҳанг, ташвиқоту тарғиботи таълиму тарбияи насли наврас дар ҳамин раванд дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст. Беҳуда нест, ки қувваҳои манфиатҷӯй дар оғози амалҳои ғаразноки худ аввал арзишҳои фарҳангӣ – маънавӣ (ахлоқию динӣ)-ро коҳиш дода, фалаҷ месозанд, баъдан ҳисси нобоварӣ ва таҳдид намуда, ба амалҳои зишт ва хавфноки худ даст мезананд.
Ба қадри неъмате чун Истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан, арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва ҳифз намудани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ мебошад.
Судяи Суди ВМКБ
Абдуғафорӣ Анварҷон