баромади раиси Суди ВМКБ
«Истиклолият ҷавхари асосии зиндагии миллат аст».
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Ҳамкасбони мӯҳтарам !
Ман мехстам баромади худро, аз сухани пурмуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон оғоз намоям, ки гуфта будаанд. «Истиклолият ҷавхари асосии зиндагии миллат аст»., Аз ин ҷост, ки мустақилияти судҳо ҳамчун кафолати ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон ба истиқлолияти давлатӣ алоқамандии зич дорад.
Бе ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ вуҷуд доштани Рамзҳои давлатӣ «Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ» ва Конститутсия ғайриимкон мебошад. Танҳо бо ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар арсаи ҷаҳони миллат ва халқиятҳо шинохта мешавад.
Миллати куҳанбунёди тоҷик дар охири асри 20 давлати комилан мустақили милли шуд, ки мо 33 солагии истиқлолияти онро ҳамчун ҷашни таърихии Миллӣ таҷлил мекунем. Истиклолияти давлатӣ ин дастоварди муқадастарин ва бузургтарини таърихи навини халқи Тоҷикистон буда ва дастовариди бузурги бебаҳо ва ормони чандинасраи фарзандони асилу огоҳи миллати куҳанбунёди мо мебошад.
Истиқлолият ҳамчун рукни бунёди озодии инсон ва ҷавҳари асосии зиндаги дар тамоми давру замонҳо чузъи таркибии ҳасти ва ҳувияти миллати мо буд. Мо имруз ифтихор дорем, ки тоҷикон аз ҷумлаи қадимтарин миллатҳои ҷахон буда, бо осори гаронбаҳои модди ва маънавии худ барои пешрафти фарҳанг ва маънавиёти халқҳои дигар хизмати шоиста кардаанд.
Дар рукни бунёди давлати мустақил, озодии инсон ва ҷавҳари асосии зиндагӣ дар тамоми давру замонҳо мақомоти судӣ мақоми махсус дорад.
Чунончи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд «адолати судӣ дар ҳақиқат ҳам бояд ҳамчун яке аз кафолатҳои асосии таъмини ҳуқуқу озоди ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон бошад».
Мақомоти судии Тоҷикистон дар он солҳои нооромӣ карорҳои Иҷлосияи таърихии 16 Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро сармашки кори худ карор дода, баҳри оромии ҷомеа, якпорчагии давлати навини Тоҷикон корҳои назаррасеро ба сомон расониданд.
Яке аз дастовардҳои муҳими мустақилияти мақомоти судии ва баланд гардидани нақши мақомоти судии Точикистон дар даврони истиқлолият ин қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, Пас аз қабул гардидани Конститутсияи Ҷумхурии Точикистон бо мақсади сари вақт таъмин намудани ҳифзи ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон ва бехатарии давлат Президенти Ҷумҳурии Точикстон ба мақомоти судии Ҷумҳурӣ дастур додаанд, ки лоиҳаҳои қонунҳоеро таҳия намоянд, ки онҳо ба талаботи замон ва қолабҳои байналмиллалии марбути рушди низоми судӣ мувофиқ бошанд. Бинобар ин соли 1995 як қатор қонунҳои Конститутсиони «Дар бораи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои ҳарбии Чумҳурии Точикистон», «Дар бораи мақоми судяҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи сохтори судҳо» таҳия ва қабул гардидаанд, ки нақш ва мустақилияти ҳокимияти судиро дар ҷомеаи навини тоҷикон баланд бардошт.
Аввалин маротиба тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти давлатӣ ба ҳокимияти қонунгузор ичроия ва судӣ таксим карда шуд. Аз ин ҷост, ки 26 сентябри соли 1999 дар натиҷаи райъпурсии умумихалқӣ ба Конститутсия тағйироту иловаҳо ворид гардида, барои мустаҳкам ва мустакилияти ҳокимияти судӣ, таҳия намудани таклифотҳо оид ба ислоҳоти судӣ, хоста гирифтан пешбарии номзадҳо ба вазифаи судягӣ озод намудани судяҳо аз вазифа, мақоми коллегияви- Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Ғайр аз ин пас аз тағйиротҳо ба Конститутсия 6 августи соли 2001 Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки он бевосита аз меъёрҳои Конститутсияи буда, тарзи ташкил ва фаъолияти судҳо, ҳамчунин фаъолияти Ҳокимияти судиро ба танзим медарорад. Инчунин бо мақсади баланд бардоштани сатхи малакаи касби ва дарачаи донишҳои судяхо ва кормандони дастгохи судҳо бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикстон аз 31 марти соли 2003 тахти № 150 маркази таълимии судяхо ташкил карда шуд.
Дар давраи Истиқлолият, Қабули Кониститутсия ва дастгирии пайвасти роҳбарияти олии сиёсии мамлакат ба раванди ислоҳоти судӣ, ки ҳануз аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ оғоз гардида буд, такони нав бахшид ва асоси ин ислоҳот тақвияти ҳокимяти судӣ, ҷараёни демократикунонии мурофиаи судӣ ва дар ин замина кулан тағйир додани фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба шумор меравад.
Вобаста ба муқаррароти мазкур боби 8-уми Кониститутсия ба танзими ҳокимяти судӣ ҳамчун рукни алоҳида ва мустақили ҳокимяти давлатӣ бахшида шуда, принсипҳои асосии фаъолияти он, низоми сохтори судӣ, вазифа, мақсадҳои амалӣ намудани адолати судӣ ва ваколати судяҳоро муқаррар намудааст.
Ба такмили бомароми низоми судии мамлакат баъд аз қабули Кониститутсия суръати тоза бахшида шуда, бо назардошти он, ки дар давлати демократӣ ҳокимяти судии мустақили беғараз дар таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, қонуният ва адолати иҷтимоӣ нақши асосӣ дорад, ба ташаккули ин шохаи ҳокимяти давлатӣ заминаи боэътимод гузошта шуд.
Имрӯз дар кишвар адолати судӣ аз тарафи Суди кониститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоятҳо ва шаҳри Душанбе дар шакли мурофиаи судии кониститутсионӣ, гражданӣ, иқтисодӣ, ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар асоси принсипҳои мустақиляти судҳо, ошкоро будани муҳокимаи судӣ, мубоҳиса ва баробарии тарафҳо ва ғайра ба амал бароварда мешавад.
Мавриди зикр аст, ки мустақиляти судҳо дар даврони истиклолият пеш аз ҳама ба ҳимояи ҳуқуқ ва озодии шаҳрвандони Тоҷикистон тамоми ҳуқуқҳои фардии шахс, аз ҷумла баробарҳуқуқии инсонҳо дар назди қонун ва суд, ҳаққи зиндагӣ, озодии сухан, ташкили оила, ҳуқуқ ба меҳнату истироҳат, манзилу моликият, таҳсил, саломатӣ, ҳифзи судиву истифода аз ёрии ҳуқуқӣ ва дигар ҳуқуқу озодиҳо равона карда шудааст. Зеро тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоьикистон арзишҳои муқаддастарин ҳисобида шуда, ҳифзи онҳо тавассути ҳокимяти судӣ кафолат дода мешавад.
Чуноне, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд кардаанд «Фаъолияти судҳо бояд мисли оина покиза бошад ва онҳо бо масъулияти баланд дарк намоянд, ки давлат амалӣ намудани адолати судиро, ки бевосита ба ҳифзу ҳимояи муқаддастарин ва муқаддамтарин арзиш, яъне инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ алоқаманд мебошад, ба мақомоти судӣ бовар намудааст ва саҳлангорию бемасъулияти дар иҷрои ин рисолат амалӣ намудан норавост».
Мо судяҳо бояд ба ин ғамхори ва боварии Асосгузори сулыу ваыдати милл=,, Пешвои миллат Президенти Ьумыурии Тоьикистон муытарам Эмомалӣ Раҳмон сазовор гардида бо мехнати халол, аклу хиради солим, донишу тачрибаи пешрафтаи чахони, ҳисси баланди миллӣ таҳкими ҳамаҷонибаи қонуният ва таъмин намудани адолати иҷтимоиро ба роҳ монда, ва хамеша шукронаи сулху амнияти кишвар ва истиклолитяти давлатамонро намоем.
Дар охир ба ыамаи Шумо тансиыатию сарфарози, дар ватанамон тиньию амони сулыу субот, дар хона ва рузгоратон хушбахти хохонам.
Ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии тоҷикистон муборак ҳамкасбон.
Раиси суди ВМКБ — А. Назарзода