Баромади пристави судии Суди шаҳри Хоруғ Бахшида ба 33 солаги Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раисони муҳтарам, иштирокдорони чорабинӣ Аз бозе, ки халқи тоҷик Истиқлолияти давлатиро доро гашт, рассо 33 сол пур шуд, 33 соли Тоҷикистон дар фазои сулҳу салоҳ бо насиму таровади Истиқлолият камари ҳиммат баста барои мустаҳкам намудан пойдевори ҷомеаи навини худро саъю талош меварзад. Ман Шуморо ҳамдиёрони арҷманд бо ин рузи неку ва саннаи рангин муборакбод мегӯям. Бароятон ифтихори баланду ояндаи дурахшон ва хонаи ободро тамано менамоям. Истиқлолият немати бебеҳо ва ниҳоят пурарзише ҳаст, ки халқи тоҷикро соҳиби комилҳуқуқии сарнавишти хеш намуд ва ҷомеаи мо ҳамчун давлати демократӣ ва раванди умумии таърихӣ аҳли башар ворид гардид. Дар робит бо он суханҳои пуррарзиши Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёрии тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳод менамояд. Мо аз шарофати истиқлолият ва дастовардҳои назарраси сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ноил шуда бошем ҳам дар марҳилаи асоси ҷаҳони имруза бо итиҳоду ҳамраҳи ваҳдати миллӣ маърифату зиракии сиёсӣ худшиносиву худогоҳӣ ва еҳсосои баланди ватандустиву ватандорӣ бештар ниёз дорем. Истиқлолит Тоҷикистонро ба ҷаҳон ва ҷаҳонро бо Тоҷикистон наздику қарин гардонид, сиёсати дар ҳои кушод ва густариши ҳамкории судманд обру ва мақоми Тоҷикистонро дар арсаи олам хеле боло бурд. Ормонҳои волои истийлолият меҳанпарастиву илмомӯзивубашардустонаи озодфикриву хайрихоҳиву таҳомулгароӣ ваҳдату дустӣ хулоса ҳамдиливу афзалияти неки инсонӣ мероси бегазанди тамоми ниёгони бузурги мо аст, ки мардуми тоҷик ва аҳли оламро ба суи ояндаи нек ва рузгори пурсаодат ҳидоят менамояд. Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ ва халқу мамалакатҳои мо қувваи тавоное бахшида барои пешрафти ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодӣ ин ба даст овардани давлатдорӣ мбошад, маҳз дар сатҳи давлатдорӣ, як миллат ё як халқ метавонад сохти ҳаёти иҷтимоӣ низоми сиёсӣ ва шакли идоракунии давлатро нишон диҳад. Аз ин лиҳоз дар таърихи муосири Тоҷикистон ба дасти давлатдории миллӣ падидаи нодир буда дастоварди беназири истиқлолият мебошад. Ва мо имруз бо дили пур метавонем гӯем,ки Тоҷикистон дар кутоҳтарин муддат ба дастовардҳои хеле назаррас ноил гардид. Ҳозирини гиромӣ бори дигар ҷашни пуршукуҳи истиқлолияти Тоҷикистон барои тамоми хурду бузурги диёр самимона табрик мегӯям, ва таманои онро дорам, ки сулҳу оромӣ дар фазоиТоҷикисони озоду обод поянда бошад.Хонадони ҳар кадомаон обод дилатон шод ва кулли тоҷикони дунё абадан соҳибтоҷу соҳибдавлат бошанд. Ташаккур ба диққататон Пристави судии Суди шаҳри Хоруғ Оҷимамадова Ш.Т.