Баромад дар Тв «Бадахшон» дар мавзӯи рӯзи Президент

Тавре ба ҳамагон маълум аст дар кишвари азизамон ҳамасола санаи 16 – ноябр ҳамчун рӯзи Президент таҷлил карда мешавад. Мансаби Президентӣ муқаррароти конститутсионӣ буда, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартибу шартҳои ба ин мансаби олии ҳокимияти давлатӣ интихоб шудан ва лаҳзаи ба фаъолият шурӯъ намудани Президент муқаррар гардидадаст.

Аз саҳифаҳои таърих дар ёд дорем, ки 16 ноябри соли 1994 дар иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шурӯъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд. Мақсад аз рӯзи ид муайян кардани 16 ноябр дар он ифода меёбад, ки ибтидо аз ҳамин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими давлатӣ, яъне тибқи Конститутсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шурӯъ намудааст.

Бо манзури эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ваҳдату ягонагии мардуми сарзамин ва болоравии обрӯву нуфӯзу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмиллалӣ, ки ин паёмадҳо дар маҷмӯъ, ба салоҳиятнокиву фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад, дар қонунгузории кишварамон рӯзи 16 – ноябр рӯзи Президент пазируфта шудааст.

Дар таърихи давлатдории мамлакатҳои пешрафтаи ҷаҳон шахсиятҳои таърихиву барҷастае вомехӯранд, ки онҳо дар марҳалаву вазъиятҳои барои кишварашон мураккаб ба арсаи сиёсат омада, суботу осоиштагӣ ва роҳи рушди минбаъдаи мамлакати худро муайян намуда, дар болоравии обрӯву мақоми давлаташон нақши абадӣ гузоштаанд. Чунин шахсиятҳои номдор Ҷорҷ Вашингтон Президенти Амрикои демократӣ, ки то имрӯз мардуми Амрико ба эҳтироми ӯ арҷ гузошта, зодрӯзашро ҳамчун рӯзи Президент ҷашн мегиранд. Инчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марди олиму оқил, фозилу хирадмандест, ки давлатро аз фаноёбӣ, мардумро аз парокандагӣ наҷот дода, дар пешрафту шукуфоии Тоҷикистон саҳми арзандаи худро гузоштааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ ҳамчун шахси сулҳофар, сарҷамъкунандаи миллат, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумӯъ ва ободии Ватан, фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои мардуми кишвар ва ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудааст.

Санаи 11 октябри соли равон дар чорабинии бисёр муҳими сиёсӣ – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми кишвар бо як ҷаҳон эътиқоду боварии бузург сарнавишти миллат ва тақдири мамалакатамонро маротибаи панҷум ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вогузор намуданд. Чуноне, ки ҳангоми суханронии худ ба муносибати савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд; — “Ман ҳамчун як фарзанди халқи азизи Тоҷикистон ҳанӯз аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ дар мансаби Роҳбари давлат аз пуштибонии самимии мардуми шарафманди кишвар, дуои хайри падарону модарон, собиқадорону пирони хирадманд ва махсусан дастгирии фаъолонаи ҷавонони ватандӯсту бонангу номус руҳу нерӯи тоза гирифта, дар ҷодаи рафъи мушкилоти ниҳоят сахту сангини сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии кишвар бо иродаи мустаҳакам ва азми қавӣ қадам гузоштам. Ман аз мардуми азизи кишварам як ҷаҳон сипосгузорам, ки заҳмату талошҳои маро бо иштироки фаъолонаи худ қадрдонӣ карда, муҳаббату самимияти нисбат ба ман доштаашонро бо додани раъйи хеш исбот намуданд”.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли идораи давлатро ҳамчун ҷумҳурӣ муқаррар кардааст, ки он аз номи расмии давлат бармеояд. Шакли идораи ҷумҳурӣ чунин тарзи ташкили ҳокимияти давлатӣ мебошад, ки дар он мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ тавассути интихобот ташкил мешаванд. Ба мӯҳлати муайян интихоб гардидани Сарвари давлат ва дигармақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ нишонаҳои асосии шакли идораи ҷумҳури мебошанд.

Халқи тоҷик шакли идораи ҷумҳурии президентиро тавассути раъйпурсии умумихалқӣ 6 ноябри соли 1994 бо қабули Конститутсияи Тоҷикистон интихоб кард. Мавҷуд будани шакли идораи ҷумҳурии президентиро мазмуни моддаҳои 3, 4 ва 5 Конститутсия инъикос мекунад. аз ҷумла, дар моддаи 64 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт шудааст, ки “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) аст”. Яъне Президенти кишвар дар як вақт ҳам сарвари давлат ва ҳам Раиси Ҳукумат мебошад, ки чунин ҳолат танҳо ба ҷумҳурии президентӣ хос мебошад. Дар кишвари мо мансаби Сарвазир мавҷуд аст, аммо ӯ Раиси Ҳукумат ба ҳисоб намеравад. Президент тавассути интихоботи умумӣ, мустақим, баробар ва овоздиҳии пинҳонӣ аз ҷониби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати ҳафт сол интихоб мешавад. Ин тарзи интихобот ни ба шакли идораикунии президентӣ хос аст. Гузашта аз ин, Ҳукумат на дар назди парламент, балки дар назди Президент масъул мебошад, ки ин ҳолат низ хоси давлати дорои шакли идораи ҷумҳурии президентӣ мебошад.

Бо истифода аз фурсати муносиб тамоми шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон  алалхусус мардуми шарифи Бадахшон заминро ба рӯзи Президент самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки онҳо файзу баракат, фазои осоишу меҳру муҳаббат ва ба Ватани маҳбубамон сулҳу суботи пойдорро хоҳонам.

 

Азимӣ Сарҳад Мурод

Котиби маҷлиси судии суди ВМКБ