Ҷашни иди Наврӯз дар Суди ВМКБ

     Навруз яке аз идхои кухани миллати сохиб тамаддуни точик мебошад, ки бо туфайли сиёсати хирадмандона, тамаддунпарвар ва таърихсози Асосгузори сулху вахдати милли-Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомали Рахмон макоми байналмилали гирифтааст. Ин иди фархундаву зебои бахори бо катьномаи Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эълон шудааст. Ин аст, ки ҳоло ҷуғрофияи таҷлили Наврӯз аз ғарби сарзамини Чин оғоз шуда, то Осиёи Марказӣ, Нимқораи Ҳинд, Қафқозу Русия, Аврупои Шарқӣ, Туркия, кишварҳои Араб ва Африқои Шимолӣ доман густурдааст. Яъне Наврӯз ҳоло ба ҷузъи тамаддуни башарӣ табдил ёфтааст. Мутобиқи тақвими аҷдодиамон ва низоми ҳаракати сайёраҳо 21-уми март шабу рӯз баробар шуда, рӯзи аввали баҳор, рӯзи киштукори деҳқон ба шумор меравад. Дар ҳар як шаҳр ин идро мардум бо расму русуми гуногун ҷашн мегиранд.
Санаи 19 марти соли равон дар сахни бинои Суди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон бо иштироки муовини раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон Амирбекзода Х. ва раиси суди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон Умарзода Ф.Т иди навруз дар сатхи баланд бо расму русуми миллии точики чашн гирифта шуд. Дар ин чорабинии идона хамчунин раисон, судяхо ва кормандони дастгохи судхои нохияхои Рушон, Шугнон, Рошткалъа, шахри Хоруг ва Суди харбии горнизони Хоруг иштирок доштанд.

    Санаи 19-уми марти соли 2025 дар бинои Суди ВМКБ аз ҷониби роҳбарият ва кормандони дастгоҳи Суди ВМКБ бо иштироки судҳои ноҳияҳои Шуғнон, Рушон, Роштқалъа, шаҳри Хоруғ ва ҳарбии гарнизони Хоруғ ҷашни иди «Наврӯз» баргузор гардид.

https://www.facebook.com/share/v/161KUQTgFc/

https://www.facebook.com/share/p/1YLrAmUeBf/

https://www.facebook.com/share/v/18fRWkNgc5/