Конститутсия санади воломақоми миллат ва шоҳсутуни устувори сулҳу ваҳдат
Конститутсия санади воломақоми миллат ва шоҳсутуни устувори сулҳу ваҳдат
Яке аз бадастории комёбиҳои бузургтарини даврони соҳибистиқлолии миллати тоҷику халқи Тоҷикистон дар соҳаи танзими ҳуқуқ, ин қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки он санаи 6 ноябри соли 1994, қабул карда шуда, аз даҳ боб ва сад модда иборат мебошад, ки имсол мо дар арафаи ҷашнгирии 30 солагии рӯзи қабули он қарор дорем.
Конститутсия ин шиносномаи давлату миллат ҳисобида мешавад, зеро дар он номи давлат, сохти давлатдорӣ, сохторҳои он нишон дода мешавад ва дар он асоси низоми шуқуқии давлат муайян мегардад, ки аз ин рӯ он ҳамеша қонуни асосии давлат ҳисобида шуда, сарчашмаи ҳамаи қонунҳо мебошад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории муосири тоҷикон, ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ кафили ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони Тоҷикистон маҳсуб гардида, дар он тибқи санадҳои байналмилалӣ ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таҷассум ёфтаанд ва дар худ ғояҳои пешқадами ҷамъиятиву сиёсӣ, иҷтимоию фарҳангӣ, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, инчунин таъмини пурраи ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, арзиши Олӣ доштани онҳо, гуногунандешии сиёсиву идеологиро инъикос, намудааст.
Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дошта, меъёрҳои он мустақиман амал намуда истодаанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсияанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд. Давлат, ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд, ки Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд.
Арзиши Олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва бевосита амали шудани онҳо пеш аз ҳама, ба он асос меёбад, ки онҳо дар Конститутсия, ҳамзамон дар қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ инъикос ёфтаанд ва иҷрои онҳо кафолат дода шудаанд. Дар Конститутсия пешбинӣ гардидани ҳуқуқу озодиҳои инсон мазмуни онро дорад, ки таъмини ҳимояи онҳо уҳдадории ҳуқуқии шахсони мансабдор ва ҳамаи кормандони мақомоти давлатиро муқаррар намуда, мақомотҳои давлатиро вазифадор намуданд, ки риояи ҳимоя намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро таъмин намояд, зеро ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз ҷониби давлат ҳамчун арзиши олӣ доштани он, эътироф гардида ва ҳимояи он кафолат дода шудааст. Бинобар ин тибқи талаботи Конститутсия ҳеҷ як мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори он, шаҳрвандони дигар ҳақ надоранд, ба ягон ваҷҳ ба қадру қимати инсон бирасанд.
Аз ин рӯ пас мавриди амал қарор гирифтани Конститутсияи Тоҷикистон, ки воридкунандаи андешаву афкор, арзиш ва усули комилан нави давлатдорию ҳуқуқэҷодкунии кишвар мебошад, дар даврони истиқлолияти ҷумҳурӣ, дар заминаи худ зарурати қабули як силсила қонунҳои конститутсиониро аз қабили Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ғайра ба амал оварда, инчунин таҳия ва қабули як қатор қонунҳо ва кодексҳои соҳавӣ, аз қабилӣ кодексҳои гражданӣ (маданӣ), меҳнатӣ, ҷиноятӣ, маъмурӣ, манзил ва ғайраҳо, ки поясутуни соҳаҳои ҳуқуқи марбута мебошанд ва дар мазмуну муҳтавиёти хеш тамоми андешаҳои ҳуқуқи муосирро, ки онҳо аз умқи таърихи афкори мутараққии башар сарчашма мегиранд, инъикос намудаанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомлӣ Раҳмон дар яке аз суханронии худ қайд намуданд, ки «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади воломақоми миллат ва шоҳсутуни устувори сулҳу ваҳдат, раҳнамои ҳамешагии мо хоҳад буд». Воқеан ҳам, моҳияи таърихии Конститутсияи Тоҷикистон дар он аст, ки ин санади олии кишвар барои таъмини сулҳу субот, ба даст овардани ваҳдати миллӣ, ҳамзистии осоишта замина гузошта, омили асосии кафолати устувории ҳаёти сиёсии ҷомеа, гарави пойдориву таҳкими истиқлолияти давлатӣ гардид ва бо қабули ин Конститутсияи демокративу башардӯстонаи худ мо, халқи Тоҷикистон ҳаёти худ, Ватани худро марҳила ба марҳила ободу пешрафта намуда, Тоҷикистони азизамонро ба ҷаҳониён ҳамчун кишвари ҳуқуқбунёду сулҳпарвар, ҷонибдори ҳамкории осоишта ва дӯстию рафоқат муаррифӣ, намудем, зеро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мо, халқи Тоҷикистонро водор намудааст, ки таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, сиёсати сулҳҷӯёнаро ба амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром намуда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор диҳем.
Воқеан, Конститутсияи кишвари мо, ҳуҷҷати тқдирсозе мебошад, ки барои таъмини давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва ягона заминаи ҳуқуқу озодиҳои шахсро муқаддас шумурда, дар худ баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф намудааст.
Судяи суди ноҳияи
Шуғнони ВМКБ:
Нарзулозода И.А.