Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масири таърих

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масири таърих

      Бо шарофаи Истиқлолияти давлатӣ мардуми шарафманди Тоҷикистон имконият пайдо карданд, ки ҷашнҳои аҷдодии миллати худро бо ифтихори баланди ватандорӣ ва шургузорӣ аз ваҳдату якпорчагӣ таҷлил намуда, ба таъриху фарҳанги қадима ва муосири ин халқи тамаддунофар аҷргузори намоянд.

Дар баробар ҷашнҳои муқаддас ба мисли «Истиқлолияти давлатии ҶТ», «Рӯзи Ваҳдати миллӣ», «Рӯзи забони давлатии ҶТ», «Рӯзи Парҷами давлатии ҶТ», «Иди байналмилалии Наврӯз», «Рӯзи Конститутсияи ҶТ» 6 ноябри ҳар сол ҷашн гирифта мешавад.

Имсол 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро мардуми сарбаланди Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар партави сиёсати башардустонаи Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ Пешвои Миллат Перезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон  дар фазои сулҳу осоиштагӣ бо тантана ҷашн мегиранд.

Ба муносибати ин санаи муҳим ва 30-юмин солагии қабули Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ Пешвои Миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон дар паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз санаи 28 декабри соли 2023, соли 2024-ро соли маърифати ҳуқуқии эълон намуда, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 30 декабри соли 2023 таҳти №668, соли 2024 соли маърифати ҳуқуқи эълон гардидани соли 2024 тасдиқ гардидааст.

Дар Тоҷикистон панҷ маротиба (солҳои 1929, 1931, 1937, 1978 ва 1994) конститутсия қабул гардидааст. Агар чор конститутсияи аввали замони шӯравӣ аз
ҷониби мақомоти намояндагӣ қабул шуда бошанд, Конститутсияи охирони замони истиқлолият бо тариқи раъйпурсии умуммихалқӣ қабул гардидааст ва он дар таърихи давлатдории тоҷикон нахустин санади олии меъёрии ҳуқуқиест, ки ҳамраъйии халқи тоҷикро бевосита ифода  мекунад, ки тартиби қабул он бо хусусияти фарқукунанда, яъне бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардиданаш, бо чор конститутсияи қабулгардидаи даврони Ҳукумати Шӯравӣ мебошад.

Қайд кардан зарураст, ки кори таҳияи Конститутсияи мазкур ҳанӯз дар замони шӯравӣ аз соли 1989 ва махсусан пас аз Истиқлоли давлатии Тоҷикистон то соли 1994 идома дошт, вале танҳо дар давраи Сарвари давлат будани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ташаббуси ӯ қабули Конститутсия бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ баргузор карда шуд. Маҳз ҳамин шахсияти таърихӣ тавонист дар солҳои авҷи ҷанги шаҳрвандӣ, нооромии сиёсӣ ва вазъияти мураккаби иқтисодиву иҷтимоӣ таҳияи лоиҳаи Конститутсия ва баргузории маъракаи раъйпурсӣ оид ба қабули Конститутсияро таъмин созад. Дар ҳамон вақт Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар гузориши худ дар иҷлосияи 48-уми Маҷмааи кулли СММ аз 30-юми сентябри соли 1993 иброз дошта буд, ки ҳоло дар Тоҷикистон кор аз болои таҳияи лоиҳаи Конститутсияи нав идома дорад ва дар он ҳамаи масъалаҳои ба таъмини ҳуқуқҳои инкорнашавандаи инсон дахлдор ба эътибор гирифта мешавад.

Дар вазъияти буҳрони шадиди иқтисодӣ ва сиёсии кишвар нигоҳ накарда, бо иқдоми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуруҳи калони мутахассисону коршиносон дар моҳҳои сентябр-октябри соли 1993 ба кишварҳои хориҷа аз қабили Шветсария, Туркия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои омӯзиши таҷрибаи конститутсионӣ фиристода шуданд. Бо вуҷуди дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ таҳия гаштани Конститутсия, аъзоёни гурӯҳи корӣ тавонистанд, ки дар он беҳтарин дастовадҳои таърихи конститутсияҳои мамолики мутараққӣ, таҷрибаи байналмилалии инкишофи демократия ва падидаҳои он, принсипҳои умумии байналмилалӣ ва консепсияи ҳуқуқи фитриро иникос намоянд ва дар натиҷа Конститутсияи мазкур аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ баҳои баланд гирифта, ба қатори панҷ конститутсияи беҳтарини ҷаҳон эътироф гардад.

Чи тавре қайд кардем, Конститутсияи қабул гардидаи даврони истиқлолият дар тафовут аз қонунҳои асосии давраи пешинаи Тоҷикистон нахустин конститутсия аст, ки бевосита аз ҷониби халқ бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидааст, яъне дар таърихи давлатдории тоҷикон аввалин маротиба ҳамраъйии миллат роҷеъ ба масоили асосҳои сохтори конститутсионӣ – хусусият, сохтор ва таркиби давлат, вазъи ҳуқуқии инсон, иттиҳодияҳои онҳо, асоси иқтисодии давлат, самтҳои асоси сиёсати дохили ва хориҷии он, инчунин ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд,
тартиби ташкил ва таҷзияи ҳокимияти давлатӣ дар ҳамин санад ифода гардидааст. Бо қабули Конститутсия ҳамраъйии аксари аҳолии тамоми маҳаллу минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон маълум гардида, замина ва пояҳои асосии ваҳдати миллӣ гузошта шуд. Ин ҷо бояд махсус таъкид кард, ки мардуми тамоми маҳалҳои Тоҷикистон, дар он рӯзҳо шояд аксарият мазмуну моҳияти муқаррароту арзишҳои дар Конститутсия ифодаёфтаро дуруст дарк карда наметавонистанд. Дар ҳамон вақт халқи Тоҷикистон хеле хуб дарк карда буданд, ки қабули Конститутсия дар роҳи ваҳдату ягонагӣ ва побарҷоии давлати тоза истиқлоли тоҷикон заминаи устуворе хоҳад гузошт.

Бо назардошти ин ҳама талошу заҳматҳо ҷиҳати бо тариқи раъйпурсии умумихалқи қабул гардидани Конститутсия, бо боварии комил метавон гуфт, ки баргузор кардани маъракаи раъйпурсӣ дар соли 1994 яке аз намунаҳои барҷастаи қаҳрамонӣ ва маҳорати баланди сиёсӣ доштани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад.

Илова ба ин, Конститутсияро ҷонибдорӣ кардани аксари мардуми кишвар ифодагари боварию эътимоди онҳо ба Сарвари давлат ва сиёсати пешгирифтаи ӯ буд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки санаи 6-уми ноябри соли 1994 дар як вақт бо қабули Конститутсия, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахустин бор бевосита аз ҷониби халқ ҳамчун Президенти кишвар ва сарвари ҳокимияти иҷроия, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

Воқеияти таърихӣ нишод дод, ки маҳз ҳамин конститутсия ва ҳамин интихоб сабабгори пойдору побарҷо мондани давлати тоҷикон ва ваҳдату якпорчагии миллати тоҷик гашт.

Қайд крдан ба маврид аст, ки бо тақозои рушди ҷомеаи демократӣ, ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст. Бори аввал 26 сентябри соли 1999, бори дуюм 22 июни соли 2003 ва бори сеюм 22 майи соли 2016 ин тағйиру иловаҳо бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ сурат гирифтааст.

Бо назардошти ҳамаи ин гуфтаҳо насли имрӯзу оянда ва махсусан ҷавононро зарур аст, ки ба қадри тинҷию осоиштагӣ, ваҳдату ягонагӣ ва озодию истиқлоли миллӣ расида, дар кору пайкори ҳаррӯзаашон меъёрҳо ва уҳдадориҳои муқарраркардаи Конститутсияи кишварро ба роҳбарӣ гирифта, баҳри ободии кишвар ва ҳифзи истиқлолу якпорчагии он ҳаматарафа талош варзанд.

 

Раиси суди ноҳияи

Мурғоби ВМКБ

Акбарали Каримӣ