Конститутсия — кафолатҳои таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд
Конститутсия — кафолатҳои таъмини ҳуқуқу
озодиҳои инсон ва шаҳрванд
МО, ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН,
қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дўстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода,
ҲАМИН КОНСТИТУТСИЯРО ҚАБУЛ ВА ЭЪЛОН МЕНАМОЕМ.
Конститутсия ҳамчун шиносномаи миллату давлатро дар арсаи дохилӣ ва байналмиллалӣ муарифи мекунад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мо имрӯз 30 солагии қабули онро пешвоз гирифта истодаем, қонунест, ки нисбати ҳамаи санҳои меъёрии ҳуқуқӣ бартари дошта, дар он тамоми самтҳои дохилию хориҷии ватани азизамон дарҷ шудааст.
Мо мардуми шарафманди тоҷик, онро бояд фаромӯш накунем, ки Конститутсияи амалкунанда раванди дурру дароз ва пур аз ихтилофотро аз сар гузаронида, новобаста аз вазъи ногувори сиёсӣ ва ҳамзамон иқтисодӣ мардуми тоҷик тавонистанд фикру андешаҳои неруҳо ва ҳизбҳои гуногуни сиёсӣ, созмону иттиҳодияҳои ҷаъмиятӣ, инчунин бевосита маъром ва ормонҳои мардумро дар лоиҳа иникос намуданд.
Конститутсияи нав замима гузошт, мустақил ва соҳибихтиёр эълон гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Бо мақсади комилан ба талаботи ҷаҳонӣ мувофиқ намудани меъёрҳои ҳуқуқии Конститутсиони ва қавитар намудани ваҳдати Миллӣ, лозим омад дар баъзе қисматҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид намоем.
Ин тағйироту иловаҳо аз 26 сентябри соли 1999-ум, 22-июни соли 2003 ва 22-майи соли 2016 ба тариқи райпурсии умумихалқӣ ворид карда шудаанд, ки минбада ҷиҳати гузаронидани ислоҳоти ҳуқуқӣ дар ҳайёти ҷомеъа замима гузоштанд.
Ислоҳоти ҳуқуқӣ аслан се шохаро фаро гирифт:
1 Таъминоти ҳуқуқии ислоҳоти сиёсӣ:
- Таъминоти ҳуқуқии ислоҳоти иқтисодӣ:
- Ислоҳоти ҳуқуқии низоми судӣ.
Тибқи талаботи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меёрии ҳуқуқи» дар низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойи аввал меистад, ва эътибори Олии ҳуқуқӣ дорад.
Тибқи талаботи моддаи 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дарҷ гардидааст». Конститутсияи Тоҷикистон эътибори Олии ҳуқуқӣ дорад, ва меърҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсияанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд.
Конститутсияи замони истиқлолият аз ҷиҳати назариявӣ пурра ба талаботи қонуноваринии ҷаҳон ҷавоб гӯй буда, ҳар як моддаи он бо омодагии махсуси касби ва бо назардошти ирода ва орзуву оромонҳои тамоми мардуми кишварамон қабул карда шудааст.
Дар ҷомеаи имрӯза яке аз масъалаи маркази ва асосии давлатҳои муосир ин кафолатҳои таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад. Хусусан кафолатҳои таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар шароити давлати демократи ва ҳуқуқбунёд хеле муҳим аст. Ҳар як давлат мувофиқи вазъ ва шароити ҷомеаи худ таъмин ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро кафолат медиҳад. Мувофиқи қисми сеюми моддаи 5 Конститутсия ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.
Кафолатҳои таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар он давлат мавҷуд аст, ки пеш аз ҳама он давлати ҳуқуқбунёди демократӣ бошад. Дар чунин давлат натанҳо қонуният расмист, инчунин нигоҳдошти тартиботи ҳуқуқиро дар ҷомеа таъмин мекунад, эътирофу эҳтироми таъмини онҳо асосёфта мебошад.
Аз аломатҳои давлати ҳуқуқбунёд чунин бармеояд, ки дар он пеш аз ҳама волоияти қонун нуфузи он ва аз ҷониби ҳамаи мақомоти давлатӣ, ашхоси мансабдор, ташкилотҳои ҷамъияти, коллективҳо ва шаҳрвандон риоя шудани қонунро дар назар дорад, ки ҳамаи онҳо дар назди қонун баробаранд. Конунҳо бо адолат асос ёфта ба ҳимояи озодӣ, шаъну эътибор, қадру қимати шахсият ва кафолатҳои таъмини онҳо асос меёбанд.
Дар давлати ҳуқуқбунёд ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд эътироф гардида, кафолат дода мешаванд, ки ин кафолатҳо дар асоси ташкили ҳокимияти давлатӣ принсипи таксимшавӣ ба ҳокимияти қонунбарор иҷроия ва суди амали гардонида мешавад. Дар давлати ҳуқуқбунёд имконияти дар доираи қонун ҳимоя кардан ва ташфиқу тарғиб намудани ақидаву эътиқодҳои худ кафолат дода мешавад, ки ин аз ҷумла дар ташаккулёби ва амал кардани ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъияти, озодии матбуот ва ғайра ифодаи худро меёбад.
Кафолатҳои таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ҳар як давлат дар қонуни асосии худ ва дигар санадҳои меъёри ҳуқуқу муқаррар мекунад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон ва ҳуқуқу озодиҳои онро арзиши олӣ эътироф кардааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз тамоми роҳу воситаҳо истифода мебарад. Алалхусус яке аз воситахои таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ин қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқи мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд санадҳои меъёри ҳуқуқии зиёдеро қабул намудаанд. Конститутсия сарчашмаи тамоми қонунгузориҳои кишвар мебошад, ки амали гаштани ҳуқуқ ва озодиҳо ҳам ба шахс ва ҳам ба лаёқати ҳуқуқдонии ӯ вобаста бударо амали гардонида ва шароит муҳайё месозад.
Кафолатҳои таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар Конститутсия дар шаклҳои гуногун ифода ёфтааст. Мувофиқи муқаррароти қисми сеюми моддаи 5 ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.
Дар моддаи 14 эълон карда шудааст, ки ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Сарқонун, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқи байналхақӣ, ки аз тарафи Тоҷикистон пазируфта шудаанд, ҳифз карда мешаванд. Кафолатҳои таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар Конститутсия бевосита ҳамчун усул ва воситаи тадбиқи ҳуқуқҳои муайяни ҷудогона муқаррар гардидааст. Дар соҳаҳои ҷудогонаи ҳуқуқ бошад, кафолатҳои таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба тарзи муфассал ба танзим дароварда шуда, роҳҳои тадбиқашонро муайян мекунанд.
Дар таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мавқеи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ: суд, прокуратура, мақомоти корҳои дохили калон аст. Хусусан вазифаи асосии суд-баамалбарории адолати судӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатњҳои қонунии шахс то рафт мавқеи калон пайдо мекунад. Дар ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд саҳми иттиҳодияи онҳо низ бузург аст.
Тадбиқи ҳуқуқу озодиҳо ва иҷрои вазифаҳои ҳуқуқӣ, донишу маълумоти ҳуқуқиро тақозо менамояд. Аз ин рӯ мақомоти давлатию ҷамъиятии таъмину тарбия бояд ҳар як шахсро аз овони хурди сар карда, ба асосҳои ҳқуқ шинос намояд, роҳу воситаҳои ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳояшонро омӯзонанд.
Дар натиҷаи баррасии масъалаи мазкур мо ба чунин хулоса омадем, ки:
1.Кафолатҳои таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд шаклҳои гунонгун дошта, давлат онҳоро бо механизмҳои гуногун таъмин менамояд.
2. Дар таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд нақши механизмҳои миллӣ ва байналмиллалӣ назаррарас аст. Дар навбати худ механизмҳои миллии ҳифзи ҳуқуқҳои инсонро ба се унсур тақсим мекунанд:
а) ҳифзи судии ҳуқуқҳои инсон;
б) ҳифзи давлатии ғайрисудии ҳуқуқҳои инсон;
в) ҳифзи ғайриҳукуматии ҳуқуқҳои инсон.
3. Дар таъмини кафолатҳои ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд, доштани сатҳи баланди ҳуқуқи низ нақш мебозад.
Ҷаъмияте, ки одамони он дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ мебошанд, пайваста аз ҳуқуқҳои конститутсионии худ дифоъ менамоянд ва сатҳи зиндагии онҳо низ бо таври назарррас баланд мешавад.
Конститусияи Тоҷикистон тамадунофар ҳамчун санади тақдирсози таърихӣ қабул гардида, истиқлолияти давлатии моро аз лиҳози ҳуқуқӣ расми гардонид ва Тоҷикистонро ба оламиён ҳамчун давлати соҳибихтиёру ҳуқуқбунёд, демокративу дунявӣ ва пешбарандаи сиёсати сулҳҷуёна муарифи намуд.
Раиси суди ноҳияи Шуғнони ВМКБ: Шарифзода Х.Қ.