мақолаи раиси суди ноҳияи Мурғоб А.Каримӣ

Ташкилёбии ҳокимияти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Бо шарофаи Истиқлолияти давлатӣ мардуми шарафманди Тоҷикистон имконият пайдо карданд, ки ҷашнҳои аҷдодии миллати худро бо ифтихори баланди ватандорӣ ва шукргузорӣ аз ваҳдату якпорчагӣ таҷлил намуда, ба таъриху фарҳанги қадима ва муосири ин халқи тамаддунофар арҷгузори намоянд.

Дар баробар ҷашнҳои муқаддас ба мисли «Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Рӯзи Ваҳдати миллӣ», «Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Рӯзи Парҷами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Иди байналмилалии Наврӯз» ва дигарҳо, инчунин бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола санаи 26 октябр «Рузи кормандони мақомотӣ судӣ» ҳамчун рӯзи иди касбии мақомотӣ судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

     Баъди ғалабаи Инқилоби Октябр ва тағйир ёфтани сохти давлатдорӣ дар воҳидҳои алоҳидаи марзиву маъмурии Ҳукумати Шӯравӣ судҳо ташкил карда шуданд. Солҳои 20-уми асри гузашта дар ҳудуди давлати мо судҳо қозигӣ даврони подшоҳӣ барҳам дода шуда, судҳои советии халқӣ ташкил гардиданд. Аз ҷумла бо ташкилшавии суди Округи Бухорои Шарқӣ дар моҳи октябри соли 1924 ҳамчун аввалин суди намунаи судҳои нав ва дар моҳи декабри соли 1924 барпо гардидани Комиссарияти халқии адлия марҳилаи ташкилшавии судҳои Тоҷикистони пас аз сарнагун гаштани сохти давлатдории подшоҳӣ оғоз меёбад.

Тавре аз қонунгузории солҳои то истиқлолият бармеояд, дар Конститутсия (Қонуни Асосӣ) Республикаи Автономии Совети Сотсиалистии Тоҷикистон соли 1929 оид ба мақомотӣ судӣ муқаррарот муайян нагардида, танҳо дар моддаи 16-и он оид ба истифодаи забони модарӣ, аз ҷумла дар суд қайд шудааст.

Дар Конститутсия Республикаи Автономии Совети Сотсиалистии Тоҷикистон соли 1931 бошад, вобаста ба мақоми судӣ дар моддаи 13 муқаррар намудааст, ки бо мақсади ҳифзи дастовардҳои Инқилобӣ пролнтариат, иттиҳоди синфи коргар бо деҳқон ва ғайраҳо системаи ягонаи муассисаҳои судӣ бо асосҳои амали намудани фаъолияти судӣ танҳо аз тарафи меҳнаткашон ва интихоби судяҳо аз ҷониби Шӯрои депутатҳои коргарон, деҳқонон ва аскарони сурх ташкил карда мешаванд.

Ин омилҳо дар Конститутсия (Қонуни Асосӣ) Республикаи Автономии Совети Сотсиалистии Тоҷикистон соли 1937 дар моддаҳои 90-99 тақвият ёфта, амалӣ намудани адолати судӣ дар РСС Тоҷикстон аз ҷониби суди Олии РСС Тоҷикистон, судҳои вилоятҳо, суди вилояти автономии Бадахшони Куҳӣ, судҳои махсуси СССР, ки бо қарори Совети Олии СССР таъсис меёфтанд, судҳои халқӣ пешбини гардид.

Баъдан дар Конститутсия (Қонуни Асосӣ) Республикаи Автономии Совети Сотсиалистии Тоҷикистон соли 1978 низ ин масъалаҳо пешбинӣ  шуда, дар моддаҳои 152-164 роҷеъ ба суд ва арбитраж гуфта шудааст, ки баамалбарори адолати судӣ аз ҷониби Суди Олии РСС Тоҷикистон, судҳои вилоятҳо, суди вилояти автономии Бадахшони Куҳӣ, суди ш. Душанбе, судҳои халқии районӣ(шаҳрӣ) муқаррар карда шудааст.

Бояд тазаккур дод, ки нақши суд дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолат бо Конститутсияи давлат соҳибистиқлоли Тоҷикистон соли 1994 ниҳоят муҳим арзёби гардида, дар моддаҳои 84-92 боби 8-ум, ки суд номгузори шудааст ва мустақилияти судя ҳамчун вазифаи конститутсионии дониста шуда, бо мақсади дар сатҳи олӣ амали гардидани ин кафолатҳо мақомоти судӣ, ҳамчун шохаи алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ эътироф гардидааст.

Ҳамин тавр мақомоти судӣ дар давоми зиёда аз 90 соли фаъолияти худ дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳимояи қонуният ва адолат саҳмгузор буда, дар ин давра роҳи пурпечутоби ҳаёти сиёсии кишварамонро тай намуда, барои устувор намудани амнияти милливу давлатӣ, оромии ҷомеа, пойдории сулҳу субот саъю кушиши зиёде ба харҷ додааст.

 

Раиси суди ноҳияи

Мурғоби ВМКБ:

Каримӣ А.Р.