КОНСТИТУТСИЯ Сарчашмаи «Соли маърифати ҳуқуқӣ»

 КОНСТИТУТСИЯ

Сарчашмаи «Соли маърифати ҳуқуқӣ»

   Санаи 28 декабри соли 2023 дар Ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паёми худ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохили ва хориҷии ҷумҳурӣ» баромад намуда, рушди соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеаи моро дар соли 2023 мавриди таҳлилу натиҷагирӣ қарор дода, бобати ноил шудан ба дастовардҳои боз ҳам назаррас дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, таҳкими суботу оромии ҷомеа, таъмини волояти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.

Аз ҷумла, дар Паём махсус қайд гардид, ки соли 2024 аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол пур мегардад ва «Амалӣ намудани меъёрҳои  Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем. Бинобар ин пешниҳод менамоям, ки соли 2024 ба ифтихори ин санаи бисёр муҳими таърихӣ «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад».

Аз ҷониби Савари давлат  ёдовар шудан аз 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасодуфӣ набуд, зеро маҳз Конститутсия — қонуни  асосии  Тоҷикистони соҳибистиқлол, санади  ҳуқуқӣ ва сиёсӣ заминаи боэътимоди эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишварро фарҳам овардааст.

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бармеоянд, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024» аз 30 декабри соли 2023, таҳти №668 қабул гардид.

Мақсад аз қабули фармони мазкур баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани иститути ҳуқуқи инсон, муносибати эҳтирома ба он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар рўҳияи эҳтиром нисбат бо он ва таъмин намудани волояти қонун, ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектҳои тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ, ташкил намудани механизми самараноки ҳамкории давлат бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад.

Анҷом додани тадбирҳои зикргардида арзиши олӣ будани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро таъмин намуда, ба эҳтиром ва риояи  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, тақвияти рағбати шаҳрвандон ба донишҳои соҳаи ҳуқуқ, васеъ намудани дастрасии шаҳрвандон ба иттилооти ҳуқуқӣ, иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ва паст гардидани сатҳи ҳуқуқвайронкунӣ мусоидат менамояд.

Бояд қайд кард, ки доир ба мафҳуми маърифати ҳуқуқӣ дар байни олимони ҳуқуқшинос як фикри фарогир вуҷуд надорад. Доир ба ин мафҳум баҳсҳои доманадор вуҷуд доранд, ки аз шарҳи онҳо худорӣ менамоем. Вале дар маҷмуъ маърифати ҳуқуқиро ҳамчун фаъолиятӣ мақсаднок ва мунтазами давлат ва ҷомеа оид ба ташкил ва баланд бардоштани шуури ҳуқуқӣ ва фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон бо мақсади таъмини риоя ва иҷрои қонунҳо дар ҷомеа фаҳмидан мумкин аст.

Тавре дар боло қайд гардид, «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидани соли 2024 тасодуфӣ нест. Зеро имсол аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол сипарӣ мешавад. Аз ин рӯ, меарзад, ки ба таърихи таҳия ва қабули Конститутсия диққати махсус зоҳир намоем. Чунки Конститутсия замоне таҳия ва қабул шуд, ки дар кишвар оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ аланга мезад ва таъмини сулҳу субот вазифаи аввалиндараҷа ба ҳисоб мерафт.

Дар таърихи давлати соҳибистиқоли Тоҷикистон қабули Конститутсия нави ҷумҳурӣ яке аз рӯйдодҳои  бузурге ба шумор меравад, ки он дар ҳаёти кишвар дигаргуниҳои ҷиддиро ворид намуд. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Баъд аз пош хӯрдани  Иттиҳоди Шуравӣ давлати наву мустақили Тоҷикистон дар доираи меъёрҳои ҳуқуқии замони гузашта ба фаъолият шурӯъ кард. Ва дере нагузашта маълум гашт, ки қолаби куҳна ба ҷисми нав мувофиқ нест».

Халқи Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 тариқи райъпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуд, ки он дар рушди давлатдории тоҷикон саҳфаи навро кушод ва коршиносони байналминалӣ онро дар қатори беҳтарин конститутсияиҳо номбар карданд.

Дар «Соли маърифати ҳукўқӣ» ба омӯзиши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд диққати аввалиндараҷа дода шавад. Зеро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади ҳуқуқии дорои эътибори баланд аст, ки тавассути  раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуда, дар он асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, тартиби итихоб ва фаъолияти парламент – Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ, мақомоти судӣ ва прокуратура бо пуррагӣ муайян карда шудаанд.

Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дебоча, 10 боб, 100 модда ва муқаррароти интиқолӣ иборат мебошад.

Аз рӯи муҳимият ва аҳамияти худ яке аз вазифаҳои Конститутсия вазифаи маърифатӣ мебошад, ки аз моддаҳои 10 ва 42 Конститутсия сарчашма мегирад, ки мувофиқи онҳо  давлат ва мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияи онҳо, хуллас, ҳар шахс вазифадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя ва иҷро кунад, ҳуқуқ, озодӣ ва шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд. Махсус қайд гардидани меъёр дар хусуси он ки надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад, номбурдагонро вазифадор менамояд, ки қонунҳоро донданд.

Риояи қонун, эҳтироми ҳуқуқу озодӣ ва шаъну шарафи дигарон, пеш аз ҳама, аз огоҳии шахс аз муҳтавои Конститутсия ва қонунҳо вобаста аст. Бинобар ин, Конститутсия ин уҳдадориро ба зиммаи шаҳрвандон  гузошта,  онҳоро вазифадор мекунад, ки Конститутсия ва қонунҳоро омӯзанд. Огоҳонидани муҳтавои Конститутсия ва қонунҳо ба мардум, дар навбати худ, мақсади ниҳоии «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ба шумор меравад. Аз ин нигоҳ, «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидани соли 2024 аз моҳияти худи Конститутсия бармеояд.

Суди  ноҳияи Рӯшони ВМКБ тибқи нақшаи фаъолияти рӯзмараи худ бо истифода аз шаклҳои гуногунӣ  тарғибу  ташвиқ, аз ҷумла тариқи воситаҳои ахбори омма- телевизон ва радио, рӯзномаю маҷаллаҳо ва вохӯриҳо дар байни аҳолӣ, коллективҳои меҳнатӣ ва корхонаву ташкилотҳои ҳудуди ноҳия дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони ноҳия, бархурдор кардани онҳо аз муҳтавои Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ, сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии давлатамон ва бо ин роҳ дар пешгирӣ намудани қонуншиканиҳо саҳми худро мегузорад.

Тадбири дигар ин аст, ки судяҳои суди ноҳияи Рӯшон сол ба сол мурофиаҳои сайёри судиро зиёд карда, онро ҳамчун минбари тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон истифода мебаранд. Чунончӣ, дар нуҳмоҳи соли равон вобаста ба парвандаҳои баррасишуда 171 маротиба мурофиаҳои сайёри судӣ гузаронида шуда, моҳияти қарорҳои қабулшуда дар ҷояш ба иштирочиёни мурофиаи судӣ фаҳмонда шуд.

Мардуми шарафманди Тоҷикистон бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, аз ин рӯ насли имрӯза, бахусус наврасон ва ҷавонон, бояд дар рӯҳияи баланди эҳтиром ва риояи қонунҳо, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва башарӣ тарбия ёбанд. Бо ин мақсад, ҳар яки моро зарур аст, ки барои такими маърифати ҳуқуқии аҳолӣ саҳм гузорем, зеро маърифати ҳуқуқӣ як қисми таркибии фарҳангӣ инсонӣ буда, бо тарбияи сиёсӣ ва ахлоқӣ пайванди нагусастанӣ дорад. Бо балан бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ риояи қонун ба одати ҳаррўза ё худ муқаррарии шаҳрвандон табдил меёбад. Дар иртибот ба ин ҳадафи наҷиби роҳбарияти олии кишвар, ниҳодҳои дахлдорро мебояд, ки фаъолияти худро дар миёни аҳолӣ боз ҳам густариш диҳанд.

 

                  САФАРЗОДА Шосафар Акбаршо,

судяи суди ноҳияи Рӯшони ВМКБ