ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бинои суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон санаи 14 уми ноябри соли 2025 аз ҷониби Раиси суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Умарзода Фирдавс Тавакалхуҷа бо иштироки роҳбарияти суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Раиси суди ҳарбии гарнизони Хоруғ Давлатманд Юсуфзода, судяи суди шаҳри Хоруғ ва кормандони дастгоҳи судҳои болозикр маҷлиси тантанавӣ бахшида ба «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. https://www.facebook.com/share/p/1AtEyaAPxu/

Раиси Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Умарзода Фирдавс Тавакалхуҷа судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳоро бо фарорасии «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» табрику муборакбод карда, қайд намуданд, ки сабаби ба ин рӯз рост омадани чунин ҷашни муборак дар он аст, ки маҳз дар ҳамин рӯзи таърихӣ Аосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу Ватан Савганд ёд кардаанд. Дар аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки аз тарафи мардум тариққи райпурсии умумихалқӣ қабул шуд, шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шакли Ҷумҳурии президентӣ табдил дода шуд.

Инчунин иштирокчиёни маҷлиси мазкур: Раиси суди ҳарбии гарнизони Хоруғ Давлтманд Юсуфзода, Муовини Раиси суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Саломатшозода Мумин Давлатшо, судяи суди шаҳри Хоруғ Юсуфбекзода Роҳила Юсуфбек, ва мудири бахши таъмину ташкили кори судҳои суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Тойчиева Перизат Шакировна вобаста ба заҳмату талошҳои Аосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ободонии кишварамон маъруза карда, иштирокдоронро ба ин снаи таърихӣ табрику муборакбон намуданд.