Санади тақдирсоз

Баъди ба даст овардани неъмати бебаҳо яъне истиқлолият, бояд санади тозае таҳия ва қабул карда мешуд, зеро дар ҳама давру замон бо рушд ёфтани давлату давлатдорӣ зарурияти муайян намудани сохтори давлат ва шакли идораи давлатдорӣ санаде мураттаб мешуд, ки фарогири ҳама ҳадафҳои давлат бошад, ки ин бо ном Конститутсия муаррифӣ мешавад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни  асоси кишвар ба шумор рафта, он ба тариқи райъпурсии умумихалқӣ 06 ноябри соли 1994 қабул карда, масъалаи тағйиру иловаҳо ба он танҳо бо роҳи раъйпурсӣ ворид карда мешаванд. Ин сана барои мардуми Мо, санаи таърихӣ буда, сарнавиши имрӯзу фардои давлатамонро дар худ таҷассум менамояд. Дар таърихи Тоҷикистон аз соли 1929 то инҷониб панҷ маротиба Конятитутсия қабул карда шудааст, ки ин солҳои 1929, 1931, 1937, 1978 ва 1994 мебошад. Конститутсияи соли 1994 қабул кардаи Тоҷикистон аз дигар Конститутсияҳо фарқ дошта, то ҳол амал мекунад. Тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон халқ аз нигоҳи сиёсӣ воҳиди ҳуқуқии дохилидавлатӣ ва ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад, зеро он баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ аст. Конститутсия инчунин меъёрҳоеро дарбар мегирад, ки тибқи онҳо таҳрифи ваҳдати сиёсии халқ пешгирӣ карда мешавад. Эътирофи инкишофи ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ меъёри кафолатдиҳандаи ин амал мебошад. Конститутсия ин маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқии давлат мебошад, ки меъёрҳои ҳуқуқии дигар бояд бо онҳо мутобиқати том дошта бошанд. Яъне Конститутсия маҷмӯи «меъёрҳои мутлақ» ва «меъёри меъёрҳо» мебошад. Аз ин рӯ, Конститутсия ба сифати қонуни асосӣ фарогири тамоми қаламрави давлат, дорои эътибори олӣ, таъминкунандаи ваҳдати сиёсии халқ ва ягонагии фазои иқтисодиву ҳуқуқии давлат эътироф мегардад.

Дар асоси Конститутсия халқи Тоҷикистон худро ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон эълон намудааст, ки ин ифодакунандаи бевоситаи узви созмонҳои умумӣ ва минтақавӣ, ба мисли СММ, САҲА, ИДМ ва ғайра будани Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аз ин рӯ, Тоҷикистон риояи принсипҳои эътирофшудаи умумӣ ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалиро ба уҳда гирифта, муносибатҳои дипломатии худро бо давлатҳои хориҷӣ барқарор менамояд, бо онҳо равобити мусолиматомез ва ҳамкориҳои судмандро дар соҳаи муносибатҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ бар асоси принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, ки дар Оинномаи СММ муқаррар шудаанд, ба роҳ мемонад. Рушди давлатдории тоҷик ҳазорсолаҳоро дар бар мегирад, ки давлати тоҷикон дар ҳамаи марҳалаҳои таърихии рушди худ ҳамчун давлати сулҳпарвар ва маркази яке аз тамаддунҳои башарӣ – тамаддуни ориёӣ эътироф шудааст. Давлати тоҷикон ба тамаддуни ҷаҳонӣ шахсиятҳои бузурги таърихиро ба монанди Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Хайём, Берунӣ, Ҷалолуддини Балхӣ, Абӯҳанифа, ки бо номи Имоми аъзам маъруф аст ва даҳҳову садҳо нафари дигарро тақдим кардааст, ки ҳамаи онҳо дар ганҷинаи фарҳанг ва илми ҷаҳонӣ саҳми бузург гузоштаанд.

Яке аз нишонаҳои асосии ҳама гуна давлату давлатдорӣ соҳибихтиёрӣ, яъне истиқлолияти он мебошад. Конститутсияи мо ҳамчун қонуни асосии кишвар воқеияти истиқлолияти миллиро сабт намуда, аз ин роҳ рушди озодонаи давлатдории тоҷиконро таъмин мекунад. Давлатдории муосири тоҷикон анъанаҳои ниёгони худро идома дода, бунёд намудани давлати соҳибистиқлолро бар асоси таҷзияи ҳокимият, анъана ва арзишҳои ҷаҳонӣ дар шакли давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ, кафолати озодӣ ва ҳуқуқҳои инсон таъмин мекунад. Бунёди давлатдории тоҷик бидуни эътироф, риоя, ҳифз ва таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, халқи тоҷик ҳамчун муассиси давлати мустақилу миллии худ озодӣ ва ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрвандро арзиши муқаддас эътироф намудааст. Ин арзиши олӣ, ки дар дебоча зикр шудааст, инъикоси худро дар таҳкими маҷмӯи ҳуқуқҳо ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд пайдо мекунад, ки ба ҳар фарди ҷомеа, сарфи назар аз мансубияти миллӣ, нажодӣ, ҷинсӣ, мазҳабӣ (эътиқоди динӣ) ва тафовутҳои дигар тааллуқ доранд. Давлат тамоми ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандро, ки дар санадҳои аз ҷониби умум пазируфташудаи ҳуқуқи байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқи инсон дарҷ ёфтаанд, кафолат медиҳад. Давлат дар сурате воқеан демократӣ маҳсуб мегардад, ки он ба меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон мутобиқат дошта бошад.

Дар қаламрави Тоҷикистон намояндагони миллат ва халқиятҳои сершуморе зиндагӣ мекунанд. Аз ин рӯ, изҳори эҳтиром ва таъмини баробарҳуқуқӣ, дӯстии байни ҳамаи халқҳо ва халқиятҳо яке аз принсипҳои асосии конститутсионии давлати Тоҷикистон ба шумор меравад. Ҳадафи асосии ҷомеаи шаҳрвандӣ комёб шудан ба ризоияти гурӯҳҳои мухталифи аҳолӣ дар ҷараёни фаъолияти ҳаётии онҳо, пешгирӣ намудани ихтилоф ва низоъҳо дар миёни онҳо ба шумор меравад.

Халқи тоҷик таърихан ба адолату адолатпарварӣ, доду додрасӣ содиқ буда, татбиқи бевоситаи меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳое, ки дар асоси он қабул шудаанд, фаъолияти одилонаи давлат, мақомоти он ва шахсони мансабдор, ки меъёрҳои қонуни олии кишвар маҳаки муайянкунандаи амали онҳо мебошад, ҳамчунин таъмини беғаразонаи ҳуқуқу озодиҳои инсон вашаҳрванд метавонанд расидани моро ба ин ормони воло рӯз ба рӯз наздик кунанд.

Боби ҳаштуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд бахшида шуда, дар моддаи 84 он омада аст, ки ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд.

Ҳокимияти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо ба судҳои босалоҳият ва дар асоси қонун ташкилёфта дар симои судяҳо ва машваратчиёни халқи, ки дар ҳолатҳои муқарраркардаи қонун барои ба амал баровардани адолати судӣ ҷалб карда мешаванд, тааллуқ дорад. Хусусияти фарқкунандаи ҳокимияти судӣ дар мустақилӣ, истисноӣ, ба қонун итоат намудан, ягонагии он ифода ёфта, аз номи давлат амалӣ намудани адолати судиро аз ҷониби мақомоти махсуси давлатӣ – судҳо таъмин мекунад. ягон мақоми дигар ё шахсони ҳуқуқӣ ба зиммаи худ гирифтани таъмини татбиқи адолати судиро надоранд. Ба амал баровардани ин ҳокимият ба зиммаи суд ҳамчун мақоми махсус вогузор карда шудааст, ки он аз рӯи тартиби муайянкардаи қонун талаботи меъёрҳои ҳуқуқиро татбиқ намуда, муносибатҳои бавуқӯъомадаро баррасӣ ва ба онҳо баҳои ҳуқуқӣ дода, дар ин хусус қарори дахлдори қонунӣ ва асоснок қабул менамояд.  Ба ҳамин васила суд вазифаи конститутсионии худро ҷиҳати таҳкими ҳамаҷонибаи қонуният ва таъмини адолати иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом мерасонад.

Ҳамин тариқ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон буда, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати тозабунёд ва соҳибистиқлоли тоҷикон, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳангии миллӣ мебошад. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистон, дахлнопазирии ҳудуди кишвар, моҳият ва вазифаҳои давлат, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, забони давлатӣ, рамзҳои давлатӣ ва шакли давлатдории Тоҷикистон, ҳадафҳои сиёсии дохилӣ ва хориҷии давлат, асосҳои иқтисодиву сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангии давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон эълон шудаанд.

Азимӣ Сарҳад Мурод

котиби маҷлиси

судии суди ВМКБ