Нақшаи кории Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Нақшаи кории Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

НАҚШАИ
кории суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
барои нимсолаи дуюми соли 2018

Номгӯи чорабиниҳо Муҳлати иҷро Шахсони масъул-иҷрокунандагон
1. Ҷамъбасти фаъолияти суди ВМКБ дар нимсолаи аввали соли 2018 ва муайян кардани вазифаҳо корӣ барои нимсолаи дуюми соли 2018 бо иштироки судяҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят июл Додихудозода Д.

Усмонзода Ш.

Назарзода А.

2. Ташкили нишасти матбуотӣ бо намояндагони воситаҳои ахбори омма июл Додихудозода Д.
3. Санҷиши фаъолияти дафтархонаи суди ноҳияи Шуғнон ва Рушон ҷиҳати риояи Дастурамал «Дар бораи коргузорӣ дар судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва расонидани ёрии амалӣ ба фаъолияти он сентябр Усмонзода Ш.

Юсуфзода Д.

4. Санҷиши фаъолияти судҳои ноҳияи Дарвоз, Рушон, Шуғнон ва Мурғоби ВМКБ дар нимсолаи дуюми соли 2017 ва нимсолаи аввали соли 2018 октябр Усмонзода Ш.

Юсуфзода Д.

Шарифзода М.

Собирзода З.

5. Ҷамъбасти таҷрибаи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии вобаста ба муомилоти ғариқонунии маводи мухаддир, ки аз ҷониби судҳо дар давоми нимсолаи дуюми соли 2017 ва нимсолаи аввали соли 2018 баррасӣ шудааст август Шарифзода М.
6. Ҷамъбасти таҷрибаи судӣ оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаҳои 332, 336 қисми 2 ва 337 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби судҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят давоми нимсолаи дуюми соли 2017 ва нимсолаи аввали соли 2018 баррасӣ шудааст сентябр Юсуфзода Д.
7. Ҷамъбастии таҷрибаи судӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ вобаста ба баҳсҳои замин, ки аз ҷониби судҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят давоми нимсолаи дуюми соли 2017 ва нимсолаи аввали соли 2018 баррасӣ шудааст октябр Собирзода З.
8. Таъмини иҷрои бандҳои дахлдори нақшаи дохилиидоравии суд оид ба татбиқи «Стратегияи муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» мунтазам Судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд
9. Ҷамъбастии таҷрибаи судӣ доир ба парвандаҳои оилавии вобаста ба рӯёнидани алимент ва иҷрои он, ки аз ҷониби судҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят давоми нимсолаи дуюми соли 2017 ва нимсолаи аввали соли 2018 баррасӣ шудааст ноябр Назарзода А.
10. Гузаронидани машғулиятҳои семинарӣ бо судяҳои судҳои шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва вилоятӣ охири ҳар семоҳа Назарзода А.
Гузаронидани машғулиятҳои семинарӣ бо кормандони дастгоҳи суди шаҳру ноҳияҳои вилоят охири ҳар семоҳа Усмонзода Ш.
11. Ташкил ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар бани сокинони вилоят ва корхонаву муассисаҳо, баромад тавассути симо, садо ва маҷаллаҳои шаҳрию вилоятӣ Давоми нимсола Муовинони раис, судяҳо кормандони суд
12. Ҷамъбасти фаъолияти суди ВМКБ дар соли 2018 ва муайян кардани вазифаҳо барои нимсолаи якуми соли 2019 декабр Додихудозода Д.

Усмонзода Ш.

Назарзода А.

 

Эзоҳ: Дар нақшаи мазкур нисбат ба шахсони масъул – иҷрокунандагон ва муҳлати иҷрои амалҳои нишондода эҳтимол тағирот ворид карда шавад.

Назорат ба иҷрои нақшаи кории суд ба зиммаи муовини якуми раиси суд Усмонзода Ш. гузошта мешавад.

Аз натиҷаи иҷрои нақшаи кор бояд, ки аз ҷониби шахсони масъул ба Раиси суди ВМКБ маълумотнома ва ахбороти дахлдор пешниҳод карда шавад.