НАҚШИ СИЁСАТИ СУЛҲПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАШАККУЛИ ФАРҲАНГИ ҶАҲОНИИ СУЛҲ

Эзоҳ: Мақолаи мазкур дар нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон- “Бадахшон”, аз 22 июли соли 2026, № 30 (11122) ба нашр расонидааст.

НАҚШИ СИЁСАТИ СУЛҲПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАШАККУЛИ ФАРҲАНГИ ҶАҲОНИИ СУЛҲ

(Дар партави қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда (2027–2036)»)

“Мо бояд дар навбати аввал ба наврасону ҷавонон, ки созандагони ҷаҳони фардо мебошанд, омӯзонем, ки сулҳ танҳо набудани ҷанг нест. Сулҳ фарҳанг аст. Сулҳ масъулият аст. Сулҳ эҳтиром ба шаъну шарафи инсон аст. Сулҳ таъмин намудани адолат ва имкониятҳои баробар барои ҳамаи инсоният аст.”                                                                                                                             Эмомалӣ Раҳмон

Дар шароити муосир, ки ҷаҳон бо таҳдидҳои гуногуни амниятӣ, низоъҳои мусаллаҳона, терроризм, ифротгароӣ, буҳронҳои экологӣ ва дигар мушкилоти фаромиллӣ рӯ ба рӯ мебошад, масъалаи ҳифзи сулҳ ва таҳкими амнияти байналмилалӣ аҳамияти бештар касб намудааст. Дар чунин вазъият ҷомеаи ҷаҳонӣ ба роҳҳои нави пешгирии низоъҳо, густариши ҳамкории байналмилалӣ ва ташаккули фарҳанги сулҳ таваҷҷуҳи бештар зоҳир менамояд. Аз ин нигоҳ, сулҳ дигар танҳо масъалаи муносибатҳои байни давлатҳо нест, балки ба арзиши умумибашарӣ ва яке аз шартҳои асосии рушди устувори инсоният табдил ёфтааст.

Созмони Милали Муттаҳид аз рӯзи таъсисёбии худ ҳифзи сулҳу амнияти байналмилалиро яке аз ҳадафҳои асосии фаъолияти худ муайян намудааст. Мувофиқи моддаи 1 Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, нигоҳ доштани сулҳу амнияти байналмилалӣ, пешгирии таҳдидҳо ба сулҳ ва ҳалли осоиштаи баҳсҳо вазифаи муҳими ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Аз ин рӯ, ҳар як ташаббуси байналмилалие, ки ба таҳкими сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории байни давлатҳо равона шудааст, ба татбиқи мақсадҳои Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид мусоидат менамояд.

Дар ҳамин замина қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълони солҳои 2027–2036 ҳамчун «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда» аҳамияти махсус дорад. Қатъномаи мазкур на танҳо идомаи сиёсати ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид дар самти таҳкими фарҳанги сулҳ мебошад, балки бозгӯи он аст, ки ҷомеаи байналмилалӣ зарурати гузариш аз бартараф намудани оқибатҳои низоъҳо ба пешгирии онҳо ва рушди фарҳанги сулҳро эътироф намудааст.

Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули ин қатънома аҳамияти хос дорад. Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлолият яке аз душвортарин марҳилаҳои таърихи навини худро аз сар гузаронида, баъди ҷанги шаҳрвандӣ тавонист сулҳу ваҳдати миллиро барқарор намояд. Ин таҷриба дар тӯли солҳои истиқлолият ба яке аз муҳимтарин дастовардҳои давлатдории миллӣ табдил ёфта, имрӯз ҳамчун намунаи ҳалли маслиҳатомези низоъҳо дар сатҳи байналмилалӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст.

Бо барқарор гардидани сулҳу субот, сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусияти фаъолу ташаббускор пайдо кард. Агар дар солҳои аввали истиқлолият ҳадафи асосӣ таҳкими давлатдорӣ ва рушди муносибатҳои дипломатӣ бошад, дар марҳилаи баъдӣ Тоҷикистон бо пешниҳоди ташаббусҳои байналмилалӣ мавқеи худро дар арсаи ҷаҳонӣ таҳким бахшид. Пешниҳодҳои марбут ба масъалаҳои об, рушди устувор, ҳифзи пиряхҳо ва тағйирёбии иқлим аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфта, ба қабули як қатор қатъномаҳои Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид асос гузоштанд. Пешниҳоди ташаббуси нав оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда идомаи мантиқии ҳамин сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон масъалаи сулҳ ҷойгоҳи махсус дорад. Таҷрибаи давлат нишон медиҳад, ки суботи устувор танҳо тавассути муколама, эҳтироми манфиатҳои тарафҳо, таҳкими қонуният ва рушди ҳамкории байналмилалӣ таъмин карда мешавад. Маҳз ҳамин арзишҳо имрӯз дар меҳвари ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.

Фарҳанги сулҳ танҳо маънои набудани ҷангро надорад. Он маҷмӯи арзишҳо, принсипҳо ва муносибатҳоеро дар бар мегирад, ки ба эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон, волоияти қонун, таҳаммулпазирӣ, баробарӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории созанда асос ёфтаанд. Бе рушди чунин фарҳанг на таъмини амнияти байналмилалӣ ва на рушди устувори ҷомеа имконпазир аст.

Дар солҳои охир ҷаҳон шоҳиди афзоиши низоъҳои мусаллаҳона, паҳншавии ақидаҳои ифротӣ, муҳоҷирати иҷборӣ ва дигар мушкилоте гардид, ки нишон медиҳанд танҳо истифодаи воситаҳои сиёсӣ ё ҳарбӣ барои таъмини сулҳи пойдор кофӣ нест. Аз ҳамин сабаб имрӯз таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ бештар ба пешгирии омилҳои ба вуҷуд омадани низоъҳо, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, рушди таҳаммулпазирӣ ва тарбияи насли сулҳпарвар равона гардидааст.

Қатъномаи нави Созмони Милали Муттаҳид низ маҳз ҳамин ҳадафҳоро пайгирӣ менамояд. Он давлатҳоро ба ҳамкории фаъолтар дар самти таҳкими фарҳанги сулҳ, рушди маориф, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва густариши муносибатҳои пешгирикунанда даъват менамояд. Дар баробари ин, санади мазкур аҳамияти нақши ҷавононро дар ташаккули ҷомеаи осоишта махсус таъкид мекунад, зеро маҳз онҳо идомадиҳандаи сиёсати сулҳ ва рушди устувори давлатҳо хоҳанд буд

Таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ имрӯз ҳамчун яке аз намунаҳои муваффақи ҳалли мусолиматомези низоъҳои дохилӣ эътироф гардидааст. Барқарор намудани сулҳ дар кишвар натиҷаи муколама, созиш ва ҳамдигарфаҳмӣ буд, ки барои таҳкими давлатдории миллӣ, рушди иқтисодиёт ва баланд гардидани нуфузи байналмилалии Тоҷикистон заминаи устувор фароҳам овард. Маҳз ҳамин таҷриба имкон дод, ки Тоҷикистон аз кишвари пас аз низоъ ба давлати ташаббускор дар масъалаҳои сулҳ, рушди устувор ва ҳамкориҳои байналмилалӣ табдил ёбад.

Дар ин раванд саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсус мебошад. Бо роҳбарии хирадмандонаву ва оқилонаи ӯ сулҳу суботи дохилӣ таъмин гардида, сиёсати хориҷии кишвар ба самти ҳамкорӣ, эҳтироми ҳуқуқи байналмилалӣ ва ҳалли маслиҳатомези масъалаҳои ҷаҳонӣ равона карда шуд. Имрӯз Тоҷикистон дар ҷомеаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор ва ҷонибдори муколамаи созанда шинохта мешавад.

Дар давоми солҳои истиқлолият Тоҷикистон бо пешниҳоди як қатор ташаббусҳои байналмилалӣ мавқеи худро дар арсаи ҷаҳонӣ устувор намуд. Қатъномаҳои вобаста ба масъалаҳои об, рушди устувор, ҳифзи пиряхҳо ва тағйирёбии иқлим, ки бо дастгирии аксарияти давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид қабул гардиданд, нишон доданд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба пешниҳодҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон эътимод дорад. Пешниҳоди эълони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда (2027–2036)» низ дар ҳамин замина ба миён омада, боз як иқдоми муҳими байналмилалии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Аҳамияти ин ташаббус дар он ифода меёбад, ки он масъалаи сулҳро танҳо бо хотима бахшидани низоъҳо маҳдуд намекунад, балки ба ташаккули муҳите равона шудааст, ки дар он эҳтимоли сар задани низоъҳо коҳиш ёбад. Барои расидан ба чунин ҳадаф, рушди фарҳанги сулҳ, таҳаммулпазирӣ, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон, волоияти қонун ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ аҳамияти калидӣ доранд.

Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҳамчунин таваҷҷуҳи махсусро ба нақши маориф ва тарбия ҷалб менамояд. Ташаккули ҷаҳонбинии сулҳпарварона аз муҳити оила, муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеа оғоз меёбад. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, тарбияи эҳтиром нисбат ба қонун, таҳкими ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ ва рушди фарҳанги муколама метавонанд барои пешгирии ифротгароӣ, таҳаммулнопазирӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб мусоидат намоянд.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ давлатҳо наметавонанд танҳо бо такя ба имкониятҳои дохилии худ ба ҳамаи таҳдидҳои муосир муқобила намоянд. Терроризм, ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, ҳамлаҳои киберӣ, тағйирёбии иқлим ва дигар мушкилоти глобалӣ танҳо тавассути ҳамкории зичи байналмилалӣ ҳаллу фасл мешаванд. Аз ин рӯ, ташаббусҳое, ки ба таҳкими эътимод ва рушди ҳамкории байни давлатҳо равона гардидаанд, барои таъмини амнияти байналмилалӣ аҳамияти калон доранд.

Дар ин замина, таҷрибаи Тоҷикистон метавонад барои бисёр кишварҳое, ки бо мушкилоти низоъҳои дохилӣ ё таҳкими сулҳ рӯ ба рӯ мебошанд, аҳамияти амалӣ дошта бошад. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон собит намуд, ки муколамаи сиёсӣ, созиш, эҳтироми манфиатҳои тарафҳо ва ваҳдати миллӣ метавонанд заминаи сулҳи устуворро фароҳам оваранд. Таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон имрӯз ҳамчун яке аз намунаҳои муваффақи ҳалли осоиштаи низоъ ва барқарорсозии сулҳу ваҳдати миллӣ дар сатҳи байналмилалӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст.         

Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи амалии ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалӣ аҳамияти махсус дорад. Дар баробари фаъолияти созанда дар арсаи байналмилалӣ, тақвияти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, рушди фарҳанги ҳуқуқӣ, тарбияи эҳтиром нисбат ба қонун, густариши таҳаммулпазирӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ бояд ҳамчун самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ идома дода шаванд. Ҳамкории мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, ташкилотҳои илмӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва воситаҳои ахбори омма метавонад дар татбиқи ҳадафҳои мазкур нақши муҳим бозад.

Бо қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда (2027–2036)» Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар мавқеи худро ҳамчун давлати ташаббускор ва ҷонибдори сулҳу ҳамкорӣ дар сатҳи байналмилалӣ таҳким бахшид.

Далели дигари равшани самаранокии сиёсати сулҳпарваронаи Пешвои миллат ва дипломатияи созандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории мулоқоти таърихии сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар шаҳри Хуҷанд мебошад. Дар натиҷаи ин мулоқот, 31 марти соли 2025 Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се давлат ва Эъломияи Хуҷанд оид ба дӯстии абадӣ ба имзо расиданд. Ин рӯйдоди таърихӣ на танҳо ба баҳсҳои тӯлонии марбут ба сарҳад дар минтақа нуқтаи хотимавӣ гузошт, балки заминаи нави таҳкими эътимод, дӯстии ҳамсоягӣ, ҳамкории мутақобилан судманд ва суботи пойдорро дар Осиёи Марказӣ фароҳам овард. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ин иқдомро ҳамчун намунаи ҳалли масъалаҳои мураккаби байнидавлатӣ тавассути муколама, эҳтироми ҳамдигар ва роҳҳои осоишта баланд арзёбӣ намуд.

Қабули қатъномаи нави Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда (2027–2036)», дар баробари дастовардҳои муҳими дипломатии Тоҷикистон, аз ҷумла имзои Эъломияи Хуҷанд оид ба дӯстии абадӣ ва санадҳои таърихии марбут ба муайян намудани нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон, бори дигар собит месозад, ки сиёсати сулҳпарваронаи Пешвои миллат имрӯз на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои таҳкими сулҳу субот ва ҳамкории созанда дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ аҳамияти бузург дорад.

Сулҳ бузургтарин арзишест, ки рушди давлат, зиндагии осоиштаи мардум ва пешрафти ҷомеаро таъмин менамояд. Аз ин рӯ, таҳкими фарҳанги сулҳ, густариши муколама ва ҳамкории созандаи байналмилалӣ бояд яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеаи ҷаҳонӣ боқӣ монад. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сиёсати пайгирона ва ташаббусҳои байналмилалии худ дар ин самт нақши фаъол дошта, барои таҳкими сулҳу субот ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ саҳми арзанда мегузорад.

Судяи суди ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ

Давлатқадамзод Саидқоим Саидқадам