ДАР СУДИ ВМКБ ҲАМОИШИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА МАКТАБИ СУЛҲОФАРӢ ДАР ҶАҲОН” БАРГУЗОР ГАРДИД

Санаи 3 июли соли 2026 бо ташаббуси Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар толори Иттифоқи касабаи ВМКБ ҳамоиши илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Пешвои миллат ва мактаби сулҳофарӣ дар ҷаҳон», бахшида ба қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълони солҳои 2027–2036 ҳамчун «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда», баргузор гардид.
Дар кори ҳамоиш Раиси Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Умарзода Фирдавс Тавакалхуҷа, муовинон, судяҳои суди ВМКБ ва судҳои шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, кормандони дастгоҳи суд, инчунин намояндагони илм, маориф ва ҷавонон иштирок намуданд.

Ба ҳамоиш судяи Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Назри Муҳаммадвали ҳусни оғоз бахшида, зимни сухани ифтитоҳии худ оид ба ҷойгоҳ ва аҳамияти сулҳ ҳамчун арзиши олии умумибашарӣ ибрози андеша намуд. Сипас, сухан ба Раиси Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Умарзода Фирдавс Тавакалхуҷа, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор, ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев — Комилбек Амид Ёрбек, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши ВМКБ Амирҷонзода Солеҳҷон Адабҷон ва узви Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулмамадова Гулнисо Атомамад дода шуд. Зимни маърузаҳои худ онҳо ҷанбаҳои таърихӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва маънавии мафҳуми сулҳ, нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ташаккули мактаби сулҳофарии Тоҷикистон, инчунин аҳамияти қабули қатъномаи нави Созмони Милали Муттаҳидро дар таҳкими фарҳанги сулҳ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор доданд.