ҶАМЪБАСТИИ НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026

Имруз дар бинои суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷамъбастии нимсолаи аввали соли 2026 баргузор гардид. Аз ҷониби раисони судҳо оид ба фаъолияти судҳои шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар давоми шаш моҳи соли 2026 пешниҳод карда шуд. Раиси суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Умарзода Фирдавс Тавакалхуча таҳкид кард, ки камбудиҳои ҷойдошта бартараф карда шаванд.
Инчунин супоришҳои роҳбарият вобаста ба дар сатҳи олӣ пешвоз гирифтани ҷашни муқаддаси 35 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳоди маълумот оид ба татбиқи санади авф аз 16.06.2026 ва ҳисоботи сари вақти оид ба раванди сомонаҳои судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, оид ба гузаронидани ташвиқу тарғиб вобаста ба қабули Қатъномаи СММ «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» муҳокима карда шуданд. Ҳамзамон раисон вогузор карда шудаанд, ки сандҳои судиро саривақт омода намуда, иҷроиши онҳоро ба назорати худ гиранд, нақшаи кории дохилдоравии Суди Олии Ҷумҳури Тоҷикистон ва суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои нимсолаи дуюми соли 2026, қарори Раёсат ва барномаю стратегияҳои давлатӣ дар муҳлати муайяншуда ба иҷро расонида шаванд.