2023 Январь
Санаи 23- ноябри соли 2022 аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии «Занон барои адолат» бо иштироки кормандони дастгоҳи Суди ВМКБ семинар-машварат дар мавзӯи «Пешгирии зӯроварӣ дар оила» гузаронида шуда, инчунин иштироккунандагон бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» шиносоӣ ва дастрасӣ пайдо намуданд.           
Санаи 23 декабри соли 2022 дар бинои Суди ВМКБ бо иштироки Раис, муовини якуми раис ва судяҳои суди ВМКБ, раис ва судяи Суди шаҳри Хоруғ, кормандони дастгоҳи Суди ВМКБ ва кормандони дастгоҳи суди шаҳри Хоруғ Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро тамошо карданд.